Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Низомнома


Низомнома

доир ба ташкили  таҷрибаомӯзии  таълимӣ  ва  истеҳсолии  донишҷӯён



Низомномаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  масъалаҳои ташкилӣ, тайёрӣ ва гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолии донишҷӯёнро ба танзим медарорад ва ваколату уҳдадориҳои роҳбарони таҷрибаомӯзиро мустаҳкам мекунад.

Низомномаи музкур мутобиқи банди 63 «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бандҳои 94-102 «Низомнома оид ба низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Низомномаи ДМИТ тартиб дода шудааст.


1. Нақша, ташкил, роҳбарӣ ва назорат


1.1. Нақшаи таҷрибаомӯзӣ дар асоси барномаи таълимӣ муайян карда мешавад. Барномаи таълимии таҷрибаомӯзӣ аз тарафи кафедраи тахассусӣ дар 5 сол як маротиба таъсис дода шуда,   ноиби ректор оид ба таълим ва  декани факулта онро тасдиқ мекунанд.
Барномаи кори таҷрибаомӯзӣ тартиб ва нақша – графикро барои гузаронидани таҷрибаомӯзии соли равон  муқаррар мекунад ва аз тарафи мудири кафедраи тахассусӣ тасдиқ мешавад.


2. Ташкил ва роҳбарии таҷрибаомӯзӣ


2.1. Талаботҳоро оид ба ташкили таҷрибаомӯзӣ Шӯрои илмӣ-методии    донишкада муайян менамояд. Ташкили таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ дар тамоми марҳила бояд ба ташкили бетанаффус ва пай дар пай аз худ кардани фаъолияти касбии донишҷӯён дар асоси талабот оид ба тайёр намудани хатмкунандагон равона шавад.
2.2.  Барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ донишкада бо корхонаҳо,  ташкилотҳо ва муассисаҳо шартномаи дарозмуддат мебандад, ки ҳамчун ҷои доимии таҷрибаомӯзӣ муқаррар мешавад.
Таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва инчунин пешаздипломӣ дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар асоси шартномаи басташуда гузаронида мешавад.
2.3. Мӯхлати гузаронидани таҷрибаомӯзӣ дар асоси нақшаи таълимӣ ва графики таълимии тақвими солона муайян карда мешавад.
2.4. Масъулият барои ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзӣ бар дӯши проректор оид ба корҳои таълим, деканҳо, мудирони кафедра ва роҳбари таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишгоҳ гузошта мешавад.
2.5.  Кафедраи тахассусӣ маводи таъминоти таълимӣ-методӣ ва иҷрои нақшаҳои таълимӣ (дар қисми омӯзиши истеҳсолии донишҷӯён) - ро дар асоси барномаҳои тайёркардашуда барои тамоми намудҳои таҷрибаомӯзӣ таъмин менамояд.
2.6 Роҳбари таҷрибаомӯзӣ, роҳбарони таҷрибаомӯзӣ аз корхонаҳо (муассиса, ташкилот)  аз устодони кафедраи тахассусӣ ё аз ҳайати кормандони кафедра, ки дорои маълумоти олӣ ва малакаи корӣ доир ба ҳамин тахассусанд, таъйин карда мешаванд.
Таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ, дар асоси стандартҳои давлатии маълумоти олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва дар асоси шартномаҳои байни донишкада ва корхонаҳо (муасссисаҳо ва ташкилотҳо), ки мувофиқи он корхонаҳо (муассисаҳо, ташкилотҳои номбурда) новобаста аз шакли ташкили ҳуқуқии худ вазифадоранд ҷойҳои таҷрибаомӯзиро муҳайё намоянд.


3.    Ташкили таҷрибаомӯзии таълимӣ

3.1. Роҳбари таҷрибаомӯзӣ аз донишкада якҷоя бо мудири кафедра уҳдадоранд:
- ҷойи гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолии донишҷӯёнро бо назардошти тахассус муайян кунанд;
- ба ҳайси роҳбари таҷрибаомӯзӣ устодони малакадор ва донандаи  истеҳсолотро, ки мутахассиси он соҳа мебошанд, таъйин кунанд.
3.2.  Роҳбари таҷрибаомӯзӣ аз  кафедра уҳдадор аст:
-    ба корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳое, ки дар онҳо таҷрибаомӯзии донишҷӯён мегузарад ва инчунин ба худи таҷрибаомӯзон барномаи таҷрибаомӯзиро пешниҳод намояд;
-    дар якҷоягӣ бо маъмурияти корхона, (муассиса, ташкилот) экскурсияҳои шиносоии донишҷӯёнро ташкил намояд;
-    таҷрибаомӯзиро мувофиқи ихтисос ба роҳ монда, лексияҳои мутахассисони истеҳсолотро бо назардошти дастовардҳои нави илму техника дар соҳаи иқтисод  ва ҳалли  масъалаҳои дар асоси илм ба роҳ мондани идоракунии истеҳсолотро   ташкил  намояд;
-    назорати ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро бевосита дар корхонаҳо, (муассисаҳо, ташкилотҳо) бо риояи муҳлату мундариҷаи он ба роҳ  монад;
-    ҳисоботи донишҷӯёнро оид ба гузаштани таҷрибаомӯзӣ бо назардошти   тақризи  роҳбари таҷрибаомӯзӣ аз корхона (муассиса, ташкилот) қабул намояд.


4.    Ташкили таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пеш аз дипломӣ



4.1. Роҳбарони таҷрибаомӯзии донишкада вазифадоранд:
- Ҳар сол то 10 ноябр шартномаи таҷрибаомӯзии пеш аз дипломиро бо корхона, (муассиса, ташкилот), ки ҳамчун ҷои гузаштани таҷрибаомӯзӣ муайян карда шудааст, барои соли таҳсили ҷорӣ (дар мавриди зарурӣ то 5 сол) банданд;
- Ду моҳ пеш аз саршавии таҷрибаомӯзӣ бо корхона (муассиса, ташкилот) барнома ва графики тақвимии гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро мувофиқат намояд;
- Маълумотҳоро оид ба ҷойҳои гузаштани таҷрибаомӯзии донишҷӯён аз кафедраҳои тахассусӣ ҷамъ ва кор карда барояд;
- Тақсимоти донишҷӯёнро  ба ҷойҳои муайянгардидаи гузаштани таҷрибаомӯзӣ сари вақт гузаронанд;
- Ҳамкориро бо роҳбарони таҷрибаомӯзӣ аз корхона таъсис диҳанд, миқдори ҷойҳо ва мӯҳлати гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯёни таҷрибаомӯзро мувофиқат кунанд, якҷоя барномаҳои кориро оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзӣ тартиб диҳанд;
- Тематикаи супоришҳои инфиродиро тайёр кунанд, дар тақсимоти  донишҷӯён ба ҷойҳои корӣ ё ҷойивазкунии онҳо аз рӯи намуди кор иштирок кунанд;
- Барои ташкил намудани шароити зарурӣ пеш аз саршавии таҷрибаомӯзӣ  то омадани таҷрибаомӯзон ба муассисаҳо ва корхонаҳо раванд.
4.2. Роҳбари таҷрибаомӯзӣ аз кафедра ӯҳдадор аст:
- Гузаронидани чорабиниҳои ташкилиро пеш аз ба таҷрибаомӯзӣ рафтан таъмин намояд ва дар якҷоягӣ бо роҳбари таҷрибаомӯзӣ аз корхона ҷавобгарии риояи техникаи бехатарии донишҷӯёнро ба ӯҳда гирад;
- Риояи мӯҳлат ва иҷрои нақшаи   таҷрибаомӯзиро назорат намояд;
- Ба донишҷӯён, ҳангоми иҷроиши супоришҳои инфиродӣ ва ҷамъоварии мавод барои кори тахассусии ниҳоӣ кӯмак кунад;
- Аз тарафи корхона (муассиса ва ташкилотҳо) муҳайё кардани шароитҳои мувофиқи меҳнатиро барои донишҷӯён назорат намояд;
- Аз тарафи донишҷӯёни таҷрибаомӯз риоя гардидани тартиботи дохилии меҳнатро назорат кунад;
- Тамоми корҳоро дар ҳамкорӣ бо роҳбарони таҷрибаомӯзӣ аз корхона (муассиса, ташкилот) гузаронад;
- Ҳисоботи донишҷӯёнро оид ба гузаштани таҷрибаомӯзӣ бо назардошти тақризи роҳбари таҷрибаомӯзӣ аз  корхона (муассиса, ташкилот) қабул кунад.
 4.3. Масъулият барои ташкили таҷрибаомӯзӣ дар корхона, муассиса ва ташкилот бар дӯши роҳбари корхона ( муассиса ва ташкилот) гузошта мешавад.
Роҳбарии умумии таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо фармони роҳбари корхона (муассиса, ташкилот) бар дӯши яке аз кормандони баландихтисос гузошта мешавад;
Роҳбарии бевоситаи таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён дар мухосибот, коргоҳ, шуъба, озмоишгоҳ ва ғайра бо фармони роҳбари корхона, муассиса, ташкилот ба мутаҳассиси баландихтисоси қисмҳои номбаршуда вогузор карда мешавад.
4.4.Корхона (муассиса, ташкилот), ки ҷойи таҷрибаомӯзӣ ба шумор меравад, ӯҳдадор аст:
- Дар асоси барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ва ҳамин дастурамал таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро ташкил  намояд;
- Мувофиқи барнома ба донишҷӯён ҷойҳои самарабахши гузаронидани таҷрибаомӯзиро муҳайё кунад;
- Ҳангоми гузаронидани таҷрибаомӯзӣ шароитҳои мусоидро барои ба даст овардани донишҳои ихтисосӣ муҳайё созад;
- Нақшаи тақвимии гузаштани таҷрибаомӯзиро, ки донишкада тартиб додаст, риоя кунад;
- Ба донишҷӯён истифодаи ҳуҷҷатҳои техникӣ ва маводи бойгониро иҷозат диҳад;
- Ҳангоми ҷамъоварии мавод барои корҳои курсӣ ва дипломӣ кумак расонад;
- Омӯзиши қоидаҳои муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатариро гузаронад ва онро бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ тасдиқ намояд;
- Аз тарафи донишҷӯёни таҷри ба омӯз риоя гардидани тартиботи дохилии меҳнат, саршавӣ ва ба итмом расидани корро, ки дар ташкилот ҷорӣ шудааст, таъмин ва назорат намояд;
- Донишҷӯёнро  ҳангоми гузаронидани таҷрибаомӯзӣ бо ҷои кор таъмин намуда, бо либосҳои муҳофизаткунанда мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида таъмин кунад;
- Дар асоси фармони роҳбари корхона (муассиса, ташкилот) дар мавридҳои зарурӣ барои риоя накардани қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ба донишҷӯ танбеҳ дода, ба ректори донишкада хабар диҳад;
- Ҳангоми рух додани фалокат бо донишҷӯёне, ки дар ҳамин  корхона (муассиса, ташкилот) таҷрибаомӯзанд, ҷавобгарии пурраро ба зимма гирад.
4.5. Роҳбари таҷрибаомӯзии донишҷӯён аз коргоҳ (муҳосибот), ки роҳбарии
бевоситаи таҷрибаомӯзиро амалӣ   мекунад, ӯҳдадор аст:
- Донишҷӯёнро бо ташкили кор дар ҷойҳои корӣ, идораи ҷараёни технологӣ, таҷҳизот, воситаҳои техникӣ ва истифодаи он, иқтисодиёти истеҳсолот,  муҳофизати меҳнат ва ғайра шинос кунад;
- Назорати доимиро аз болои кори истеҳсолии таҷрибаомӯзон барад, барои дуруст иҷро намудани супоришҳо назорат кунад,  онҳоро бо усулҳои пешқадами кор шинос намояд ва оид ба масъалаҳои истеҳсолӣ маслиҳатҳо диҳад;
- Ба донишҷӯёни таҷрибаомӯз усулҳои бехатарии корро омӯзад;
- Қайди рӯзномаи донишҷӯён, тайёр кардани ҳисоботи донишҷӯёни таҷрибаомӯзро назорат кунад ва ба онҳо тавсифномаҳоеро нависад, ки дар
он маълумотҳоро доир ба иҷрои барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ва супоришҳои инфиродӣ, муносибати онҳо ба кор, иштироки онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ нишон дода шавад.
4.6.  Донишҷӯ ҳангоми гузаронидани таҷрибаомӯзӣ вазифадор аст:
- Тамоми нақшаҳоеро, ки аз рӯи барномаи таҷрибаомӯзӣ пешбинӣ шудаанд иҷро намояд;
- Қоидаҳои дохилии тартиботи корхона (муассиса, ташкилот) амалкунандаро риоя намояд;
- Қоидаҳои муҳофизати меҳнат, техникаи бехатарӣ ва санитарии истеҳсолиро омӯхта ва қатъиян риоя кунад;
- Аз рӯи супориши кафедраи дахлдор, дар пешниҳоду таклифҳои оқилона ва ихтироъкорӣ иштирок намояд;
- Дар баробари кормандони бастӣ барои корҳои анҷомдодашуда ва   натиҷаҳои онҳо ҷавобгӯ бошад;
- Дар рӯзнома маводи рақамии лозимӣ, таркиби лексияҳо, мубоҳисаҳо, ангораҳо (эскиз) ва лавҳаҳоро қайд кунад;
- Ба роҳбари таҷрибаомӯзӣ ҳисоботи хаттӣ пешниҳод кунад ва аз таҷрибаомӯзӣ санҷиш супорад.
4.7. Донишҷӯёне, ки бо корхона, муассиса, ташкилот шартномаи 3 тарафа     бастаанд, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пеш аз дипломиро дар ҳамин корхона (муассиса, ташкилот) гузаронанд.
4.8. Ҳангоми дар корхонаҳо пайдо шудани вазифаҳои холӣ,  мутобиқи талаботҳои барномаи таҷрибаомӯзӣ, донишҷӯён метавонанд ба онҳо таъйин шаванд. Гузаштани таҷрибаомӯзӣ бо тариқи таёрии инфиродӣ дар назди мутахассисон ё кормандони дорои тахассуси мувофиқ иҷозат дода мешавад.
4.9.  Донишҷӯёне, ки доир ба соҳаи мазкур  собиқаи корӣ доранд, бо қарори кафедраҳои тахассусӣ дар асоси аттестатсияи фосилавӣ аз таҷрибаомӯзии таълимӣ- шиносоӣ озод  мешаванд (ба ғайр аз таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ). Ба таҷрибаомӯзии пеш аз дипломӣ онҳо мутобиқи тартиби муқарраршуда равона карда мешаванд.


5.    Роҳбарӣ ва назорат


5.1. Роҳбарии бевосита таҷрибаомӯзӣ аз кафедраи тахассусӣ таъйин карда мешавад;
5.2. Назоратро аз болои роҳбарии таҷрибаомӯзӣ  декан ё шахси мансабдоре, ки декан ин вазифаро ба зиммааш гузоштааст ва мудири кафедраи тахассусӣ мебаранд. Иҷрои супоришҳои таълимиро аз рӯи дастури таҷрибаомӯзӣ устодони кафедра амалӣ мекунанд.
6. Вазифаҳои функсионалии роҳбарони таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ.
Роҳбари таҷрибаомӯзӣ аз  донишкада уҳдадор аст;
6.1.  Фаъолияти қисмҳои таркибиро доир ба тайёрии амалии мутахассисон ба нақша мегирад;
6.2.Қисмҳои таркибии донишкадаро бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба масъалаҳои  тайёрии амалии мутахассисон таъмин менамояд;
6.3.Нақшаҳои (лоиҳаҳои) ҳалли масъалаҳои ташкили таҷрибаомӯзиро  дар донишкада тайёр мекунад;
6.4.Ҳангоми бастани шартномаҳо бо корхонаҳо, ташкилотҳо барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ иштирок мекунад;
6.5. Ба роҳбарони факултетҳо оид ба масъалаҳои ташкилӣ, масъалаҳои бақайдгирии сарборӣ ва музди меҳнати роҳбарон дастур медиҳад;
6.6. Ҷараёни таҷрибаомӯзиро назорат ва натиҷаҳои онро таҳлилу ҷамъбаст мекунад;
6.7. Ҳисоботи роҳбарони факултетро дар бораи натиҷаҳои таҷрибаомӯзӣ  таҳлил намуда, дар асоси онҳо маълумоти ҷамъбастиро оид ба сифати тайёрии амалии донишкада тартиб медиҳад;
6.8. Доир ба мубодилаи таҷриба дар байни роҳбарони таҷрибаомӯзӣ семинарҳо ташкил мекунад;
6.9. Ба роҳбарияти донишкада оид ба роҳҳои самарабахши беҳтар намудани тайёрии амалии мутахассисон  таклифҳо пешниҳод мекунад.


7. Декани факултет вазифадор аст:

7.1.Барномаҳои комплексии тайёрии таҷрибаомӯзии мутахассисонро таъмин  намояд;
7.2. Иҷрои нақшаҳои таълимиро доир ба қисми омӯзиши амалӣ таъмин  намояд;
7.3. Оид ба риояи техникаи бехатарӣ ва аз муоинаи тиббӣ гузаронидани донишҷӯён дастурҳо медиҳад (дар мавриди зарурӣ);
7.4. Муҳокимаи натиҷаи таҷрибаомӯзиро дар маҷлиси Шӯрои факултет ташкил менамояд.
Эзоҳ: Декани факултет метавонад ин вазифаҳоро (ё қисми онҳоро) ба зиммаи ҷонишини декан оид ба корҳои таълимӣ ё роҳбари  таҷрибаомӯзӣ аз факултет гузорад.
8. Ҷонишини декан оид ба корҳои таълим ва мудирони кафедраҳои тахассусӣ ё роҳбари таҷрибаомӯзии гурӯҳҳо ӯҳдадор аст:
8.1. Банақшагирӣ, ташкил ва баҳисобгирии натиҷаҳои таҷрибаомӯзии таълимӣ   ва истеҳсолиро таъмин намояд:
8.2. Тайёр кардани барномаҳои таьлимии таҷрибаомӯзӣ ва  барномаҳои   комплексии тайёрии амалии донишҷӯёнро роҳбарӣ мекунад.
8.3. Корҳои тайёриро барои бо ҷойҳои таҷрибаомӯзӣ таъмин намудани  донишҷӯён  ташкил менамояд (ҳар сол дар асоси пешниҳодоти кафедраҳо на
дертар аз 1-уми апрели соли равон ба Шӯрои илмӣ - методӣ маьлумотҳои ба нақшагирии ҷойҳои таҷрибаомӯзиро барои соли таҳсили оянда пешниҳод мекунад (бо нишон додани реквизитҳои корхона); дар якҷоягӣ бо роҳбарони
таҷрибаомӯзӣ аз донишкада бастани шартномаҳоро бо корхонаҳое, ки ба             сифати ҷои таҷрибаомӯзӣ пешбинӣ шудаанд, ташкил мекунанд; як моҳи пеш  аз саршавии таҷрибаомӯзӣ бо муассисаҳои молия, корхонаҳо ва ташкилотҳо
барнома ва графики тақвимии гузариши таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро мувофикат мекунад.
8.4.  Гузаронидани маҷлисҳо оид ба масьалаҳои ташкилӣ – методии таҷрибаомӯзӣ бо иштироки роҳбарони гурӯҳӣ аз кафедраи тахассусӣ ташкил  менамояд ва онҳоро  бо ҳуҷҷатҳои лозимӣ таьмин мекунад.
8.5. Тартиб додани дастури муҳофизати меҳнати донишҷӯёни    таҷрибаомӯзро ташкил мекунад.
8.6.  Гурӯҳбандии донишҷӯёнро  барои тақсимоти ҷойҳои таҷрибаомӯзӣ ташкил мекунад.
8.7.  Лоиҳаи фармони ректорро оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзӣ тайёр намуда, ба декани факултет барои мувофикат пешниҳод мекунад .
8.8.Ҷараёни таҷрибаомӯзиро назорат мекунад ва доир ба мукаммал гардонидани  тайёрии амалии мутахасисон дар факултет пешниҳодҳо тайёр менамояд.
8.9.  Гузаронидани санҷишро оид ба натиҷаҳои таҷрибаомӯзӣ ташкил мекунад.
8.10.  Мониторинги натиҷаҳои таҷрибаомӯзиро (анкетакунии донишҷӯён ва роҳбарони таҷрибаомӯзӣ, анализи муқоисавии натиҷаҳои таҷрибаомӯзӣ ва ғайра) ташкил менамояд.
8.11.Ҳисоботи таҷрибаомӯзиро дар факулта тартиб дода, онҳоро ба Шӯрои илмӣ – методӣ пешниҳод мекунад.Ҳисобот дар шӯьбаи таьлим 3 сол нигоҳ дошта мешавад.
Эьзоҳ. Вазифаи роҳбари таҷрибаомӯзӣ аз факултетро роҳбари таҷрибаомӯзӣ аз  кафедраи тахассусӣ метавонад иҷро кунад.


9. Мудири кафедраи тахассусӣ ӯҳдадор аст:

9.1. Корҳои мукаммалкунии  сохтор ва таркиби таҷрибаомӯзиро ташкил намояд.
9.2. Оид ба тадбиқ намудани дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадам (амалиро) ба мундариҷа ва ташкили таҷрибаомӯзӣ  чораҳо андешад.
9.3. Таьсиси барномаҳои таьлимӣ ва  кории таҷрибаомӯзиро ташкил намояд.
9.4. Тайёр кардани дастурамалҳоро оид ба муҳофизати меҳнатии донишҷӯёни  таҷрибаомӯз  ташкил намояд.
9.5.  Аз ҳисоби устодони ботаҷриба ва баландихтисос роҳбарони гурӯҳии таҷрибаомӯзиро таьйин кунад.
9.6.Дар гузаронидани маҷлисҳои дастурӣ ва ҷамъбастии таҷрибаомӯзӣ иштирок кунад.
9.7.Ҳисоботи роҳбарони гурӯҳиро оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва натиҷаҳои он, муҳокимаи натиҷаҳо, ворид кардани тағйироту иловаҳоро ба ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ   оид ба  усулҳои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ташкил мекунад; иҷрои барномаҳои таҷрибаомӯзиро таҳлил намояд.


10.  Роҳбари гурӯҳии таҷрибаомӯзии таьлимӣ ва истеҳсолӣ аз  кафедраи тахассусӣ уҳдадор аст:


10.1. Маҷлисҳое, ки  дар донишкада оид ба масьалаҳои ташкилӣ ва методии  таҷрибаомӯзӣ  гузаронда мешаванд, инчунин дар маҷлисҳое, ки роҳбарони таҷрибаомӯзӣ аз корхона мегузаронанд,  иштирок кунад.
10.2. Барои муҳофизати меҳнати донишҷӯён дастур медиҳад ва қоидаҳои бехатариро омӯзонад.
10.3. Роҳбарии бевоситаи таҷрибаомӯзиро амалӣкунад вадонишҷӯёнро бо барномаи таҷрибаомӯзӣ шинос кунад, мусоҳибаҳо гузаронад, ҳангоми тартиб додани ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳӣ кӯмак кунад, адабиёти заруриро доир ба усулҳои таҷрибаомӯзӣ муҳайё кунад.
10.4 . Аз ҷониби донишҷӯён иҷро кардани супоришҳои инфиродиро назорат кунад.
10.5. Санҷишҳои  таҷрибаомӯзии таьлимиро қабул мекунад; дар гузаронидани санҷишҳои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ иштирок кунад.
10.6. Ҳисоботиҷамьбасти таҷрибаомӯзиро тайёр намуда, ба  ҷонишини декан оид ба корҳои таьлим ё ба роҳбари факултет  ва роҳбари таҷрибаомӯзӣ аз  донишгоҳ пешниҳод кунад.


11. Ҷамъбасти  таҷрибаомӯзӣ


1. Шакли аттестатсияи натиҷаҳои таҷрибаомӯзӣ дар асоси нақшаи таълимии донишкада бо назардошти талаботҳои Шӯрои илмӣ-методии донишкада муқаррар  мешавад.
2. Шакл ва намуди ҳисоботи (рӯзнома, ҳисобот ва ғайра) таҷрибаомӯзии донишҷуёнро донишкада муайян мекунад.
3. Пас аз анҷом ёфтани таҷрибаомӯзӣ, донишҷӯ ҳисоботи хаттиро тартиб дода, рӯзномаи таҷрибаомӯзиро бо имзои роҳбари бевоситаи таҷрибаомӯзӣ аз корхона (муассиса, ташкилот) ба роҳбари таҷрибаомӯзӣ аз донишгоҳ месупорад. Ҳисоботбояд маълумотҳоро оид ба кори мушаххаси иҷрокардаи донишҷӯ дар давоми таҷрибаомӯзӣ ва инчунин шарҳи кӯтоҳи корхона,
муассиса,ташкилот (коргоҳ, шуъба, озмоишгоҳ ва ғайра), ташкили фаъолияти он, масъалаи муҳофизати мехнат, хулоса ва пешниҳодҳоро дарбар гирад. Барои тайёр кардани ҳисобот ба донишҷӯ дар охири таҷрибаомӯзӣ 2-3 рӯз ҷудо карда мешавад.
4. Барои қабули санҷиш (ҳимояи ҳисоботи таҷрибаомӯзӣ)   мудири кафедра комиссия таъсис медиҳад. Ба ҳайати комиссия устодони кафедра, роҳбари таҷрибаомӯзӣ аз донишкада ва аз рӯи имконият роҳбари таҷрибаомӯзӣ аз корхона дохил мешаванд. Дар рафти санҷиш  тавсифномае, ки роҳбари таҷрибаомӯзӣ аз корхона (муассиса, ташкилот) додааст,  ба инобат гирифта мешавад.
5. Баҳодиҳии таҷрибаомӯзӣ ба баҳодиҳии (санҷишҳои) омӯзиши назариявӣ баробар ҳисобида мешавад ва ҳангоми ҷамъбасти фаъолияти донишҷӯ ба инобат гирифта мешавад.
6. Донишҷӯёне, ки бо сабабҳои узрнок барномаҳои таҷрибаомӯзиро иҷро накарданд ё аз дигар мактаби олӣ бе гузаштани ягон намуди таҷрибаомӯзӣ
бо сабаби номувофиқии нақшаҳои таълимӣ ё бо сабабҳои дигар омадааст, аз    1- уми апрел то 1- уми май берун аз вақти хониш ба таҷрибаомӯзӣ фиристода мешаванд.
Донишҷӯёне, ки бе сабабҳои узрнок барномаҳои таҷрибаомӯзӣро иҷро накарданд ё баҳои манфӣ гирифтаанд, ҳамҷун қарздори академикӣ бо тартиби муқарраршудаи оинномаи донишкада аз сафи донишҷӯён хориҷ карда мешаванд.