Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ


Абдуллоев.jpg
Суроға:
734067, ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14

Сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълимӣ:

Абдуллоев Неъматулло

Телефон:

(+992) 235-67-09


E-mail:

n.abdulloev@feit.tj











Дар назди Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон имрӯз вазифаи ниҳоят пурмаҳсул гузошта шудааст, ки он аз омода сохтани мутахассисони дорои маҳорат ва тахассуси баланди касбӣ иборат мебошад.

Донишҷӯёни донишкада бояд дар шароити имрӯзаи талабот дар бозори ҷаҳонии меҳнат дониши мукаммал, ҷаҳонбинии васеъ, қобилияти мутобиқшавӣ ба вазъи кунунии иқтисодиву иҷтимоӣ, малакаи баланди истифода аз технологияи навтаринро дошта, ҳамзамон ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ бошанд.Таҷрибаомӯзии донишҷӯён, барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда дошта, бо мақсади мустаҳкам намудани донишҳои амиқи назариявӣ ва ба даст овардани  таҷрибаи корӣ дар муассисаҳои молиявӣ дар шуъбаҳои бонкҳо, суғурта, нозироти андоз, гумрук, омор, ташкилотҳои соҳаҳои гуногун, маданият, маориф, тиҷорат ва корхонаву идораҳои давлатӣ гузаронида мешаванд.

Вазифаи таҷрибаомӯзӣ аз мустаҳкам кардани донишҳои назариявие, ки донишҷӯён дар ҷараёни таълим дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон гирифтаанд, иборат буда, бо ин мақсад донишҷӯ дар давраи таҷрибаомӯзӣ вобаста ба касби интиҳобкардааш дастрас кардани донишу малакаи таҷрибавӣ, ташкил ва идораи истеҳсолоти корхонаро меомӯзад ва меҳру муҳаббат ба касбу ихтисоси ояндаашон пайдо мегардад.

Дар донишкада барои гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ-шиносоӣ ва пешаздипломии донишҷӯён як силсила чораҳои мушаххас андешида шудаанд. Аз ҷумла, шартномҳои тарафайни ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, байни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000 нафар донишҷӯ), Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон (60 нафар донишҷӯ), Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (150 нафар донишҷӯ), Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (300 нафар донишҷӯ), Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - (60 нафар донишҷӯ), Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» - (100 нафар донишҷӯ), Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» – (300 нафар донишҷӯ), ҶСК «Агроинвестбонк» – (50 нафар донишҷӯ), ҶСК «Ориёнбонк» (20 нафар донишҷӯ), ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» (25–нафар донишҷӯ), Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 нафар донишҷӯ).Ин барои баланд бардоштани сатҳи омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи молия нақши муҳим мебозад. Ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҳамкории байни Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани сифати тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи андоз 30 октябри соли 2012 таҳти рақами № 303 Созишномаи дуҷониба ба имзо расид.

Дар асоси ин Созишнома таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён бевосита дар Дастгоҳи марказӣ  ва мақомоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ки ин барои такмили малакаю маҳорати амалӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи  андоз мусоидат менамояд.

Илова бар ин, бо мақсади мусоидат намудан барои бастани шартномаи тарафайн ва  ҷиҳати  иҷрои банди 27-и пайнавишти маҷлиси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.04.2010 ва ташкили самараноки давраи таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 20.02. 2013  бо мактуби таҳти №94/04, ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 23.01 соли 2014 бо мактуби таҳти №55/04, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 23.012014  бо мактуб таҳти №57/04, ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 23.09.2014 бо мактуби таҳти №652/04, ба Маркази  миллии қонунгузории  назди Президенти  Ҷумҳури  Тоҷикистон  дар таърихи 23. 09. 2014 бо мактуби таҳти № 653/04, ба ҶСП Комбинати  шири ш. Душанбе дар таърихи 25.09.2014 бо  мактуби  таҳти № 658/04, муроҷиат карда шуд. Корҳо дар самти бастани шартномаҳои ҳамкорӣ мавриди назорат ва иҷро қарор дошта, муташаккилона давом доранд.

Ғайр аз ин бо мактуби №13-3/157 аз 12.10.2011 Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми зерсохторҳоро  муаззаф гардонидааст, ки барои самарабахш гузаштани таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва аз ҷониби онҳодастрас намудани маводи зарурӣ мусоидат намоянд.