Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Новости

Ғолибияти футболбозон

Ғолибияти футболбозон

Бахшида ба 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада барои дарёфти «Ҷоми ректори ДМИТ» мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои факултетҳо баргузор гардид. Дар даври ниҳоӣ 3 даста байни худ қувваозмоӣ намуда, ҷои аввалро факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ, ҷои дуюмро факултети ҳисобдорӣ ва омор ва ҷои сеюм факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ ба даст оварданд. Ҳамчунин ду дастаи тими футболи донишкада барои мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд, ки дар доираи донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ, коллеҷу литсейҳои касбӣ ва шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Сино баҳри дарёфти «Ҷоми раиси ноҳия», ки бахшида ба 90-солагии Душанбе баргузор мегардад, тайёрӣ мебинанд.