Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Кормандон

Bekmurod250x250.jpg

Мудири шуъбаи тарбия 
b.rajabov@feit.tj
Раҷабов Бегмурод Саймуродович 6 майи соли 1976 дар ноҳияи Данғара, вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудаст. Миллаташ тоҷик, оиладор.
Аз соли 1983 то 1993 дар мактаби миёнаи №4-и ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Данғара таҳсил кардааст. Соли 1996 ба курси 1-уми шуъбаи таҳсилоти рӯзонаи факултети «Ҳуқуқшиносӣ»-и Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ  (ҳозира Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 2001 бо ихтисоси «Ҳуқуқшинос» хатм намудааст.
Аз моҳи майи соли 2002 то моҳи ноябри соли 2004 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, дар вазифаҳои афсар ва афсари калони Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро ба ҷо овардааст. Дар тӯли давраи хизмати ҳарбӣ дар парадҳои бахшида ба ҷашнҳои Рӯзи Артиши миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок намуда, бо Медалҳои ҷашнии “5 солагӣ, 10 солагӣ ва 15 солагии” Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Аз моҳи ноябри соли 2004 ба ҳайси нозири шуъбаи кадрҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ ба кор қабул шуда, соли 2005 ба тариқи гузариш дар вазифаи муовини сардори шуъбаи кадрҳо оид ба донишҷӯён, аз апрели соли 2007 дар вазифаи мудири бахши кадрҳои донишҷӯёни Донишкада, аз моҳи сентябри соли 2007 дар вазифаи сардори шуъбаи кадрҳои Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, аз моҳи сентябри соли 2008 дар вазифаи сардори Раёсати кадрҳои Донишкада, аз моҳи феврали соли 2010 дар вазифаи муовини сардори шуъбаи кадрҳо, аз соли 2011 дар вазифаи муовини сардори шуъбаи кадрҳо-ҳуқуқшинос, аз соли 2012 муовини сардори шуъбаи хоҷагидорӣ ва таъминот, аз моҳи сентябри соли 2012 ҳуқуқшинос ва аз 8 октябри соли 2012 дар вазифаи  мудири шуъбаи тарбияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ҳамзамон муаллими калони кафедраи фаъолияти гумрукӣ кор мекунад. 
Аспиранти соли дуюми, шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси 08.00.01. назарияи иқтисодӣ.





Davlatova250x250.jpg

Сармутахассиси шуъбаи тарбия

m.davlatova@feit.tj


Давлатова Мавҷуда Давроновна 14 октябри соли 1967 дар ноҳияи Восе, вилояти Хатлон дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, оиладор соҳиби 4 фарзанд.

Аз соли 1974 то 1984 дар мактаби миёнаи №9-и шаҳри Кӯлоб таҳсил кардааст. Соли 1984 ба курси 1-уми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси педагогика-психологияи Донишкадаи педагогии Кӯлоб дохил шуда, соли 1988 бо ихтисоси муаллимаи педагогика-психология Донишкадаро хатм кардааст.

Аз соли 1988 то соли 1992 дар кӯдакистони №3-и шаҳри Кӯлоб ба ҳайси мураббӣ фаъолияти корӣ намудааст. Аз соли 1992 то соли 2006 дар вазифаи мудири кӯдакистони №134 ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе кор кардааст. Аз соли 2006 то инҷониб дар вазифаҳои методисти шуъбаи ғоибона, мутахассиси Раёсати таълим ва сармутахассиси шуъбаи тарбияи Донишкадаи молия ва иқтисоди тоҷикистон кор кардааст.










Мубораки-Назримад.jpgМутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон оид ба духтарон 

m.gafurova@feit.tj


Ғафорова Маҳбуба Сатторовна 6 ноябри соли 1989 дар шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби як фарзанд. Аз соли 1997 то 2007 таҳсилро дар мактаби миёнаи №37-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба анҷом расонидааст. Баъд аз хатми мактаби миёна соли 2007 ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба шуъбаи рўзона дохил гардида, онро соли 2012 бо ихтисоси менеҷменти фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ хатм намудааст.
Аз моҳи августи соли 2013 то моҳи апрели соли 2016 ба ҳайси танзимгар-коргузори факултети театри бадеии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият кардааст. 
Аз моҳи апрели соли 2016 дар вазифаи мутахассиси шуъбаи тарбияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор карда истодааст.           











Jovid-Boymurodov250.jpgМудири бахши хобгоҳҳо 

j.boymurodov@feit.tj


Боймуродов Ҷовид Ҷаъфарҷонович 10-уми июни соли 1989 дар шаҳри Панҷакент, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, вазъи оилавӣ муҷаррад.
Аз соли 1995 то 2006-ум дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 71-и шаҳри Панҷакент таҳсил намудааст. Соли 2011 шуъбаи рӯзонаи ихтисоси фаъолияти бонкии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) – ро бо ихтисоси иқтисодчӣ бо дипломи аъло хатм кардааст.
Аз соли 2012 ба ҳайси ассистенти кафедраи фаъолияти биржавӣ ва коғазҳои қиматноки факултети молия ва қарз ва аз июни соли 2015 то моҳи октябри соли 2015 ба вазифаи ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ фаъолият дошт. Аз 13-уми октябри соли 2015 дар вазифаи мутахассиси шуъбаи тарбияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба хобгоҳҳои донишҷӯён фаъолият дорад.












Alisher250x250.jpgМутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ДМИТ

a.nazarov@feit.tj


Назаров Алишер Сафарбекович 24 июни соли 1991 дар шаҳраки Гараутии ноҳияи Ҷиликул, вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи омӯзгор таввалуд шудаст.  

Аз соли 1998 то 2009 дар мактаби миёнаи №27-и ноҳияи Ҷиликули шаҳраки Гараути таҳсил кардааст. Соли 2009 ба курси 1-уми шуъбаи таҳсилоти рӯзонаи факултети Иқтисодиёт ва молия Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон (ҳозира Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 2013 бо ихтисоси «иқтисодчӣ-нозири андоз» хатм намудааст.

Аз моҳи сентябри соли 2013 то ин ҷониб дар вазифаи раиси Созмони ҷавонони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор карда истодааст.

Айни ҳол дар шуъбаи магистратураи Донишқадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар курси 2-юми шуъбаи рӯзона таҳсил карда истодааст.












Alisher250x250.jpgСардори шуъбаи кор бо ҷавонон

a.nazarov@feit.tj


Давлатзода Абдулло Давлат 24 апрели соли 1989 дар ноҳияи Муминобод, вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Миллааш тоҷик, оиладор.  

Солҳои 1996-2001 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ва 2001-2007 дар Гимназияи давлатии «Ҳиммат»-и ноҳияи Муминобод таҳсил намудааст. Соли 2008 ба курси якуми факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2013 бо ихтисоси журналисти бахналхалқӣ хатм кардааст.

Солҳои 2013-2015 дар шуъбаи магистратураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст.

Аз моҳи сентябри соли 2008 то моҳи октябри соли 2013 дар вазифаи корманди бахши техникии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, аз октябри соли 2013 то январи соли 2014 дар вазифаи мутахассиси пешбари бахши меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, аз январи соли 2014 то июни соли 2015 дар вазифаи мутахассиси пешбари бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Аз моҳи июни соли 2015 то моҳи марти соли 2017 дар вазифаи мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе адои хизмат кардааст.

Аз моҳи марти соли 2017 дар вазифаи сардори шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таин гардид.