Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Эълон



Шуъбаи тарбия бо мақсади ба дастаи ҳунарии бахши фарҳанги Донишкада ҷалб намудани донишҷӯдухтарони дорои истеъдоди сарояндагӣ кастинг эълон менамояд.
Ҷаласаи муовини ректор оид ба тарбия бо мақсади интихоби иштирокчиён рӯзи сешанбе  27.10.2015с., соати 11:00 барои басти аввал ва соати 15:00 барои басти дуюм дар толори лексионии бинои таълимии №2 гузаронида мешавад.
Аз садорати факултетҳо хоҳиш карда мешавад, ки барои иштироки донишҷӯдухтарони курсҳои 1-ум ва 2-юм дар рӯзи баргузории ҷаласа мусоидат намоянд.









Эълон

Ба диққати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишкада  мерасонем, ки бахшида ба таҷлили Рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарбия санаи 3 ноябри соли 2015 дар толори фарҳангии бинои асосии Донишкада бо даъвати меҳмонон аз Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Коференсияи умумидонишкадавӣ гузаронида мешавад.
Дар рафти кори Конференсия ассистенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Дустов Сулаймон Абдуллоевич дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи
(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ» бо маърузаи худ баромад менамояд.









Эълон

Ба диққати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишкада  мерасонем, ки дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2015, №05/5-505 ва нақшаи кории шуъбаи тарбия бо мақсади муташаккилона гузаронидани Рӯзи Парчами миллӣ озмуни умумидонишкадавии Гӯшаи девории беҳтарин дар мавзуи «Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон-муқаддасоти миллӣ» дар байни факултетҳо ва шуъбаи магистратураи Донишкада санаи 23 ноябри соли 2015 аз соати 8:00 то 10:00 гузаронида мешавад.

Раёсати Донишкада ба ғолибони озмун тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро тақдим менамояд.