Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Шуъбаи тарбия

     Шуъбаи тарбияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Низомномаи тасдиқгардида ба роҳ монда, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати ҷумҳурӣ оид ба маориф, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маориф, фармонҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва иҷрои нақша-чорабиниҳои  Донишкада ба натиҷаҳои  назаррас ноил гарида, дар самти татбиқи  Консепсияи  миллии  тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳоро ба сомон расонид. 

Тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи  Президенти  мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  роҳи  бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, шарҳу тафсири нутқу маърӯзаҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармонҳои раёсати Донишкада, гузаронидани вохӯриву суҳбатҳо ва соатҳои тарбиявӣ яке аз бахшҳои асосии корҳои тарбиявии Донишкада ба ҳисоб меравад. 

 
Шуъбаи  тарбия дорои  чунин  зерсохторҳо мебошад: бахши корҳои тарбиявӣ, созмони ҷавонон, бахши кор бо духтарону занон, бахши фарҳанг ва осорхона. Дар назди ин зерсохторҳо Шӯрои кураторон, Шӯрои  занон ва духтарон, Шӯрои  падару модарон, Созмони ҷавонон ва Шӯрои донишҷӯён амал мекунанд.  

 
Шуъбаи тарбия аз рӯи нақшаи кории тасдиқгардида дар якҷоягӣ бо аъзоёни шӯроҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ кӯшиш менамоянд, ки минбаъд  самти корҳои тарбиявиро пурзӯр намуда, талаботу иҷроиши супоришҳоро дар сатҳи лозимӣ ба роҳ монанд. 

 
Дар муқоиса бо соли таҳсили 2012-2013 фаъолият дар самти корҳои тарбиявӣ дар соли сипаригардидаи 2013-2014 ба як зумра пешравию муввафақиятҳо ноил гаштааст, ки иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар чорабиниҳои фарҳангӣ-сиёсӣ, варзишӣ ва дигар ҷашнвораҳо далели ин комёбиҳо мебошанд.  Натиҷаи хуби корҳои тарбиявӣ  буд,  ки  сатҳи одобу рафтори донишҷӯён низ таҳти назорати қатъӣ гирифта шуда, қоидаву тартиботи дохилии донишкада низ то андозае аз тарафи устодону кормандон ва донишҷӯён риоя шуда истодааст.   

 
Бо мақсади иҷрои талаботи бандҳои 42, 46, 47-и Нақшаи чорабиниҳои Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани қарори Шӯрои олимони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 09 январи соли 2013, №7 «Дар бораи иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз ҳисоботи ҷамъбастии ректори ДМИТ вобаста ба вазифаҳо дар соли 2013» бармеоянд, бо мақсади  баланд бардоштани сатҳи дониш, одобу ахлоқ, талқини ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстию ватанпарастии донишҷӯён дар донишкада Нақшаи корҳои тарбиявӣ аз 28 августи соли 2013 таҳия ва тасдиқ гардид, ки мувофиқи он, мунтазам гузаронидани вохӯриву мулоқотҳои устодону кормандон ва донишҷӯён бо намояндагони ҳукумат, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва шахсони муътабари Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин гузаронидани  конференсия  ва  мизҳои мудаввар, ба роҳ монда шудааст. 

  




Tarbiy.jpg




  

Раёсати донишкада дар якҷоягӣ бо шуъбаи тарбия дар ташкил ва гузаронидани  чорабиниҳои муҳими  сиёсию фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ  чораҳои  зарурӣ андешида, барои дар сатҳи баланд баргузор  гардидани чорабиниҳои Рӯзи Дониш, Ҷашни Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон», Иди  касбии муаллимон, ҷашни “Рӯзи забон», ҷашни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,   “Рӯзи Парчам”-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷашни Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷашни “Рӯзи модарон»,  ҷашни Наврӯз,   Рӯзи Ғалаба,  Рӯзи ҷавонон ва  Рӯзи Ваҳдати миллӣ, саҳмгузорӣ намуда, бахшида ба ин санаҳо ҷаласаҳои тантанавии идона, нишастҳои илмӣ, маҳфилҳои фарҳангию фароғатӣ ва иштирок дар чорабиниҳои умумишаҳрӣ доир ба ҷашнҳои баргузоршуда доир намуданд.   

 
Дар соли ҳисоботии 2013-2014 бо мақсади ташаккул ва камолоти донишҷӯён, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби худкушӣ ва суиқасд ба он, шомилшавӣ ба гуруҳҳои экстремистӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ дар байни донишҷӯён ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ  якчанд  маротиба вохӯриву мулоқотҳо, чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва озмуну мизҳои мудаввар бо иштироки  устодону донишҷӯёни донишкада бо намояндагони мақомотҳои дахлдори давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ташкил ва гузаронида шуд.   

 
Яке аз сохторҳои пешбарандаи корҳои тарбиявӣ дар Донишкада Созмони ҷавонон баҳисоб меравад, ки дар якҷоягӣ бо кафедраи варзиш ва мудофиаи гражданӣ бахшида ба Иду ҷашнвораҳо дар ташкил ва баргузории мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои гуногун байни донишҷӯёни факултетҳо саҳмгузор аст. 

 
Таърихи 4 ноябри соли 2013 бахшида ба 19-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии устодону донишҷӯён бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф баргузор карда шуд. 

 
Ҷалби донишҷӯён ба маҳфилҳои илмӣ – маърифатӣ ва гузаронидани озмунҳо байни донишҷӯён яке аз роҳҳои баланд бардоштани дониши касбӣ ва эҷодкорӣ буда, доимо зери назорати Раёсати Донишкада мебошад. Гузаронидани озмунҳо дар байни факултетҳо, озмуни илмӣ-маърифатӣ ва назариявии «Дурахши илм» дар хобгоҳи донишкада аз қабили онҳо буда, минбаъд бештар ташкил кардани ин чорабиниҳо дар назар дошта шудааст. 

 
Барои босамар истифода бурдани вақти холигии донишҷӯён, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳо ва равияҳои бегона, роҳ надодан ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ дар байни донишҷӯён дар назди факултетҳо ва хобгоҳҳои донишкада фаъолияти маҳфилҳои илмӣ-назариявӣ ва фарҳангӣ  ба роҳ монда шудааст.  

 
Иштироки фаъолонаи  донишҷуёни   донишкада дар   чорабиниҳои ноҳиявию шаҳрӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва шанбегиҳо муттассил меафзояд.  

 
Варзишгарони Донишкада таҳти роҳбарии устодону муррабиёни кафедраи варзиш ва мудофиаи гражданӣ бо омодагиву тайёрӣ дар мусобиқаҳои дохили донишкадавӣ ва берун аз он ширкат варзида, ба муввафақияту комёбиҳо сазовор гаштаанд.   

 
Вобаста ба тарбияи меҳнатдӯстӣ ва ҷалб намудани донишҷӯён дар ободонӣ ва тоза нигоҳ доштани гирду атрофи донишкада рӯзҳои фориғ аз дарс шанбегиҳо ташкил карда шуданд. 

 
Дар шанбегиҳо мунтазам  аз тарафи устодону донишҷӯён дар биноҳҳои таълимӣ  ва хобгоҳҳои донишҷӯёни донишкада низ корҳои тозагиву ободонӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуд. 

 
Консепсияи миллии тарбия тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 №94 тасдиқ карда шудааст, ки ин яке аз ҳуҷҷатҳои нав ва муҳим дар шароити имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол башумор меравад. 

 
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон моҳият, мақсаду вазифа ва мазмуни тарбияи миллиро, ки дар Консепсияи мазкур дарҷ гардидааст, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ дониста, нақш ва мақоми онро дар ташаккулёбии шахсияти ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ таъмин менамояд. 

 
Унсурҳои таркибии тарбияи миллӣ аз инҳо иборат мебошанд: тарбияи ғоявӣ, тарбияи миллӣ, тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи ватанпарастӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ, тарбияи маърифат, тарбияи ҳуқуқӣ, тарбияи гуманистӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарбияи меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ, тарбияи иқтисодӣ, тарбияи экологӣ, тарбияи сиёсӣ, тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи тафаккури иқтисодӣ, тарбияи таҳаммул ва тоқатпазирӣ, тарбияи масъулиятшиносӣ ва тарбияи солим. 

 
Дар нақшаи корҳои тарбиявии Донишкада, садорати факултетҳо, кафедраҳо ва кураторони гурӯҳҳои академӣ  ҳамаи унсурҳои Консепсияи тарбияи миллӣ ҷой дода шудааст, ки онҳо дар маҳфилу ҷорабиниҳо роҳандозӣ мешаванд. Масъалаҳои дарки худшиносии миллӣ ва дарк намудани ҳувият, анъанаҳои миллӣ, арзишҳои ахлоқию фарҳангӣ бо мақсади комёб гаштан ба илму техника масъалаҳое ҳастанд, ки ҳар лаҳза аз тарафи устодони кафедраҳои донишкада дар раванди таълим ба самъи донишҷӯён баррасӣ карда мешаванд.
Яке аз вазифаҳои муҳими устодони донишкада ин тарбияи донишҷӯён буда, дар он масъалаи Консепсияи миллии тарбия низ фаро гирифта мешавад.  Дар соатҳои тарбиявии кураторони гурӯҳҳои академӣ пеш аз ҳама маълумот дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар ҶумҳурииТоҷикистон маълумоти муфассал дода, дар раванди дарсҳои оянда тамоми  равия ва самтҳои Консепсияро ба кор мебаранд, ки ин дар суратҷаласаҳои кураторон дарҷ гардидааст. 

 
Дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд, лекин на ҳамаи корҳои ба нақша гирифташуда ба иҷро расонида шудаанд. Шуъбаи тарбия пайваста аз кураторони гуруҳҳои академӣ натиҷаи корҳои тарбиявиро пурсон шуда, инчунин, дар якҷоягӣ ва ҳамкорӣ бо мақсади ҳалли масъалаи фиристонидани донишҷӯён ба шанбегиҳо, сафарбар намудани донишҷӯён ба намоишҳои театрӣ, доир намудани бозиҳои варзишӣ ва чорабиниҳои сатҳи шаҳрию ноҳиявӣ  дошта чораҳо меандешад. 

 
Шуъбаи тарбия бо ҳамаи кафедраҳои донишкада дар иртиботи қавӣ буда, дар тамоми ҷорабиниҳои дохилӣ ва берунии донишкадавӣ аъзоёни кафедраҳоро ҷалб менамояд. Аз ҷумла, ҳамаи кураторони гуруҳҳои академӣ аъзоёни кафедраҳои донишкада буда, дар корҳои тарбиявӣ, ҷамъиятӣ ва ташкилӣ дар мувофиқа бо шуъбаи тарбия фаъолияти меҳнатиашонро хуб ба роҳ мондаанд. Дар донишкада имрӯзҳо тамоми шароитҳои зарурӣ барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои характери тарбиявӣ дошта муҳайё мебошад. Бо мақсади ҳавасманд гардонидани кураторони гуруҳҳои академӣ ва самаранокии корҳои тарбиявӣ тибқи қарори қабул гардидаи Шӯрои Олимони донишкада барои иҷрои соатҳои тарбиявӣ маблағҳои пулӣ пардохт карда мешавад. 

 
Тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, шаҳру тафсири нутқу маърӯзаҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати донишкада гузаронидани вохӯриву сӯҳбатҳо ва соатҳои тарбиявӣ яке аз бахшҳои асосии корҳои тарбиявии донишкада ба ҳисоб меравад. 

 
Бо назардошти гуфтаҳои боло лозим аст, ки дар макотиби олии кишвар дар ҷодаи таълиму тарбия ҳар як донишҷӯ бояд аз рӯзи аввали ворид гардиданаш ба муассисаи таҳсилоти олии таълимӣ то мавриди хатми он ва гирифтани диплом қоидаҳои умумии барои донишҷӯ қабул гардида ва супоришҳои аз тарафи устодону садорати факултет гирифташударо бояд бечуну чаро ба иҷро расонад.  Ҳамин тариқ фаъолияти тарбиявию ташкилии донишкада аслан дар робитаи мустаҳкам бо садорати факултетҳо, кураторони гурӯҳҳои академӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ амали карда мешавад. 

 
Фаъолияти кураторони гуруҳҳои академӣ яке аз самтҳои асосии таълиму тарбияи дурусти донишҷӯён, мутахассисони оянда дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Дар иҷрои корҳои тарбиявӣ байни донишҷӯён мавқеъ ва аҳамияти гузаронидани соатҳои тарбиявӣ назаррас мебошад. Сохтори мазкур мувофиқи нақшаҳои корӣ, нақша-чорабинҳои фаъолияти кории худро ба роҳ мондаанд.
Қобили қайд аст, ки дар соли 2014 таҳти унвони «Даҳ рӯзи ҷавонон» Нақша-чорабиниҳои донишкада аз 10  апрели соли 2014 таҳия ва тасдиқ гардида буд. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мазкур дар донишкада «Даҳ рӯзи ҷавонон» эълон гардид, ки дар доираи он як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, озмунҳои илмӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуданд. Аз ҷумла:

 
- аз 4 то 14 майи соли равон байни донишҷӯёни факултетҳои донишкада мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои варзиши сабук ва футболи хурд дар сатҳи баланд гузаронида  шуд;
- аз 29 апрел то 16 майи соли 2014 озмуни “Куратори беҳтарин” ва “Ҳуҷраи беҳтарин” дар хобгоҳи донишҷӯён гузаронида шуд;
- аз 12 то 13 майи соли 2014 бо мақсади баланд бардоштани маърифати фарҳангии донишҷӯён ба зиёда аз 800 донишҷӯёни донишкада дар толори фарҳангии бинои рақами №2-и донишкада филмномаи режиссёр-таҳиягари тоҷик Ҳусейни Камолиддин бо номи “Ман гунаҳгорам” ба намоиш пешкаш карда шуд;
- 19 майи соли ҷорӣ  мутобиқи  Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   зиёда аз 1000 нафар устодон ва донишҷӯёни донишкада дар рӯзи Дави миллӣ фаъолона иштирок намуданд; 
- 18 апрел то 15 майи соли 2014 мувофиқи дархости Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 18-апрели соли 2014 №22/687  бахшида ба муносибати 90-солагии мақоми Пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ, коллеҷу литсейҳои касбӣ ва шаҳраку маҳалаҳои ҳудуди нохияи Синои шаҳри Душанбе баҳри дарёфти «Ҷоми Раиси ноҳия» мусобиқаи варзшии футболи хурд доир гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаи футболбозони Донишкада фаъолона иштирок намуда, ҷои-1-умро ишғол намуданд ва сазовори «Ҷоми Раиси ноҳия» гардиданд. Қобили қайд аст, ки дар бозии финалии мусобиқа Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Неъматов штирок намуда, «Ҷоми Раиси ноҳия»-ро ба дастаи футболбозони ДМИТ супорид;
- 17 майи соли ҷорӣ дар ҳашари умумиҷумҳуриявии «Ҷавонон баҳри беҳдошти фазои экологии кишвар» дар саҳни донишкада ва гирду атрофи он бо иштироки зиёда аз 200 нафар устодону донишҷӯён қубурҳои обгузар ва ҷӯйҳои обгузар тоза карда шуданд;     
- 21 майи соли 2014 Аксияи умумиҷумҳуриявии ҷавонон таҳти шиори «Рушди туризм» ва «Саёҳати  пиёдагарди Ғалаба» аз Боғи Ғалаба  то деҳаи Даҳанаи  ноҳияи Варзоб ба нақша гирифташуда зиёда аз 50-нафар устодон ва донишҷӯёни донишкада бо шиору овезаҳо фаъолона иштирок намуданд;
- 21 майи соли 2014 дар толори фарҳангии Донишкада бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ дар мавзӯи «Пешгирии    қонуншиканӣ,  ҷинояткорӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда дар байни ҷавонону ноболиғон» бо иштироки  Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинова М.М., мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ғаффоров А.С. баргузор гардид, ки  дар он ғолибони мусобиқаҳо ва озмунҳои ташкилкардашуда аз ҷониби Раёсати донишкада бо Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин  дар ҷаласаи мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонии устодони ҷавон ва донишҷӯёни фаъол, ба 6 нафар устодон ва 12 нафар донишҷӯён Ифтихорномаи Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон тақдим карда шуд;
- 23 майи соли 2014 дар роҳпаймоии ҷавонони шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон зиёда аз 150-нафар устодон ва донишҷӯёни донишкада соати 0400  субҳ аз назди пояи Парчами милии Ҷумҳурии Тоҷикистон то майдони 800 солагии Пойтахт бо парчаму шиорҳо иштирок намуданд; 
- 23 майи соли 2014 бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи моариф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои олии касбӣ ва колеҷхо ташкил карда шуд, ки дар олимпиадаи мазкур гурӯҳи донишҷӯёни донишкада иборат аз 5 нафар ба панҷгонаи беҳтарин ворид гардида, соҳиби Сипосномаи Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд;
- 26 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи математика ва фанҳои табиатшиносӣ озмуни умумидонишкадавии «Математикони ҷавон» гузаронида шуд, ки дар он 32 нафар донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.
Дар робита бо садорати факултетҳо бо донишҷӯён дар мавзӯҳои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳнатдустӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ  мулоқоту вохӯриҳо ва сӯҳбатҳо доир карда шуданд.  

 
Тарбияи донишҷӯён дар руҳияи экологӣ ва меҳнатдӯстӣ низ яке аз самтҳои муҳими корҳои тарбиявӣ ба шумор меравад. Вобаста ба ин самт баҳри тозаву озода гардонидани гирду атроф ва мавзеъҳои ба донишкада вобастшуда бо иштироки васеи донишҷӯён чандин маротиба ҳашар (шанбегӣ)-ҳо доир карда шуд. Инчунин дар тарбияи маънавии ҷавонон тамошои барномаҳои театрӣ саҳми беандоза доарад. Бо мақсади ғизои маънавӣ ва фарҳангӣ бардоштани донишҷӯён бо ташаббуси Раёсати донишкада, садорати факултетҳо донишҷӯёни донишкада ба намоишҳои театрӣ, синамо ва дигар ҷойҳои фарҳангӣ сафарбар карда шуданд. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ миёни донишкада ва театрҳои шаҳри Душанбе моҳе то ду маротиба донишҷӯёни донишкада аз намоишҳои омода кардашудаи театрҳо бархурдор гаштанд.   

 
Чунончӣ, аз оғози соли нави таҳсили 2013-2014 донишҷӯён барои тамошои намоишномаҳои театрӣ ба монанди: “Комде ва Мадан” дар Театри академии Опера ва балети ба номи С. Айнӣ, “Сухани вопасини модар” дар Театри ба номи Маяковский ва “Забонпарастии ҷавонон ва тарбияи онҳо” дар Театри академии Опера ва балети ба номи  С. Айнӣ мушарраф гаштаанд.  

 
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳарду хобгоҳҳои донишҷӯён бо мувофиқаи садорати факултетҳо аз ҳисоби устодони кафедраҳо навбатдорӣ ба  роҳ монда шудааст. Устодони навбатдори кафедраҳо дар вақту соатҳои муқарраргардида ба хобгоҳҳои донишҷуён ташриф оварда, бо донишҷӯён сӯҳбату вохӯриҳо доир мекунанд. 

 
Шӯрои  занон  ва  духтарони донишкада фаъолияти кории худро дар баробари дигар бахшу сохторҳои шуъбаи тарбия дар асоси Нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида ба роҳ монда, барои беҳтару хубтар гардидани сатҳи таълиму тарбияи донишҷӯёни донишкада саҳмгузор мебошад. Дар қатори дигар сохторҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд  баргузор гардидани чорабиниҳои умумидонишкадавӣ бахшида ба  ҷашнвораҳо ҳиссагузор буда, дар ташкил ва гузаронидани онҳо фаъолона иштирок намудааст. 

 
Дар асоси нақшаи кории бахши занон ва духтарони донишкада дар давоми сол  ҷаласаҳои Шӯрои бонувон ва маҷлиси умумии духтарон дар биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи №1-и донишҷӯён ташкил ва гузаронида шудаанд. 

 
Илова бар ин, бо донишҷӯдухтарони ҳар як гуруҳ дар алоҳидагӣ вобаста ба масъалаҳои одобу рафтор, муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва маданияти либоспуши корҳои фаҳмондадиҳӣ ва сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.  

 
Шӯрои занон ва духтарони донишкада ҷиҳати иҷрои бандҳои Нақшаи кории тасдиқгардида дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2013-2014 як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Аз ҷумла: 

 
14- феврали соли 2014 тибқи Нақшаи чорабиниҳои шуъбаи тарбия ҷиҳати ботантана ҷашн гирифтани 21-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ, Рӯзи модар ва Наврӯзи байналмилалӣ таҳия ва тасдиқ гардид, ки  дар муҳлатҳои муайянгардида пурра ба иҷро расид. 
24-феврали соли 2014 дар донишкад мизи мудаввар дар мавзуи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирова гузаронида шуд.
Аз 3 то 4-ми марти соли 2014 бахшида ба Рӯзи байналмилалии Модарон, чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ бо гузаронидани  озмуни  умумидонишкадавии «Бонувони беҳтарини донишкада» баргузор гардид, ки  дар озмуни мазкур донишҷӯдухтарони факултети молия ва қарз ғолиби дониста шуд.
7-уми марти соли 2014 бахшида ба Рӯзи байналмилалии Модарон, дар маҷмааи давлатии Кохи Ҷомӣ чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он кормандзанҳои донишкада иштирок намуданд.