Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Хобгоҳ

Hobgoh.jpgДонишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дорои ду хобгоҳи донишҷӯён мебошад, ки  хобгоҳи № 1 дорои  102 ҳуҷраи истиқоматӣ ва  350  ҷойи хоб  ва хобгоҳи № 2 дорои  68 ҳуҷраи истиқоматӣ ва 272 ҷойи хоб мебошанд.

Донишҷӯёни се факултет аз ҷумла, факулетҳои «Молия ва қарз», «Муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ», «Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт», инчунин донишҷӯдухтарон дар хобгоҳи №1 ва донишҷӯёни факултетҳои «Ҳисобдорӣ ва омор», «Иқтисодиёти молиявӣ ва андозбандӣ», «Менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ» дар хобгоҳи №2 ҷойгузорӣ карда шуданд.      

Аз аввали соли таҳсили 2012-2013 то имрӯз 508 нафар  дониҷӯёни аз ноҳияҳои дурдаст ва эҳтиёҷманд, бо ҷойи хоб таъмин гардиданд. Аз ҷумла:

- дар хобгоҳи №1, 288 нафар, ки 41 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд;

-  дар хобгоҳи №2  -  222 нафар.

         Бо мақсади ба танзим даровардани тартибу интизом, пешгирӣ намудани ҳаргуна амалҳои номатлуб ва ношоиста дар бинои ҳарду хобгоҳҳои донишҷӯён аз ҳисоби шӯъбаи тарбия як намоянда, муррабии хобгоҳ Асоев Ҷ. фаъолияти корӣ менамояд, ки мунтазам аз ҳолати воқеии донишҷӯён-истиқоматкунандагони хобгоҳ бохабар буда, барои ҷори намудани риояи талаботҳои Оинномавии хобгоҳҳо масъул мебошад. 

        Аз рӯи Нақшаи шӯъба оид ба кор вобаста ба хобгоҳҳо дар давоми соли таҳсили 2012-2013 дар байни истиқоматкунандагон озмунҳои гуногун, ба монанди: «Ошёнаи беҳтарин», «Хонаи беҳтарин», ва дар байни ду хобгоҳ «Хобгоҳи беҳтарин» ташкил ва гузаронида мешавад.

Мувофиқи нақшаи кории тасдиқгардида аз ҷониби  Созмони ҷавонони донишкада дар хобгоҳҳо Шӯрои донишҷӯён таъсис дода шуда, дар хобгоҳи №1 фаолияти маҳфили илмӣ- назариявии «Хирадмандон», ки пеш дар хобгоҳи №2 вуҷуд дошт ба роҳ монда шудааст. Дар хобгоҳи №2 маҳфили илмӣ- назариявии нав бо номи «Ба Куллаҳои илм» таъсис дода шуд, ки то имрӯзҳо кори худро ҷонок карда истодааст.

Бо назардошти муфид гузаронидани лаҳзаҳои фароғатӣ ва донишандӯзӣ, инчунин ташкили тарзи ҳаёти солими донишҷӯён-истиқоматкунандагони хобгоҳҳо дар ошёнаҳои якуми ҳарду хобгоҳ оинаи нилгун (телевизор) гузошта шудааст, ки донишҷӯён дар вақтҳои фориғ аз таҳсил бо дигар хабару воқеаҳои рӯз ошно мегарданд.

Hobgoh1.jpgБо мақсади пурзӯр намудани корҳои тарбиявӣ ва ба танзим даровардани тартибу интизом ва пешгири намудани ҳаргуна зуҳуротҳои номатлуб дар хобгоҳҳо аз оғози соли таҳсил аз тарафи кормандони шӯбаи тарбия ва намояндагони садорати факултетҳо мунтазам санҷишҳо гузаронида мешавад.

Дар ҳар як ошёнаи хобгоҳҳо аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол сардорони ошёна интихоб гардидааст, ки ҳар шабона пеш аз соати оромӣ донишҷӯёнро ҳозир-ғоиб менамоянд, тозагӣ ва оромиро дар ошёнаҳо таҳти назорат мегиранд.

Бо мақсади таҳти назорат қарор додани тартибу интизоми истиқоматкунандагони хобгоҳ ва банд намудани онҳо бо корҳои муфид аз садорати факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишкадавӣ дархост шуда буд, ки дар хобгоҳҳои донишҷӯён аз ҷониби устодони кафедраҳо ҳафтае як маротиба навбатдорӣ ташкил карда шавад, ки устодон бо маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои пешакӣ интихобгардида аз соати 18-00 то соати 19-00 баромад намоянд.