Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Маркази тестӣ

Маркази тестӣ тибқи фармони ректори Донишкада аз соли 2012 дар заминаи шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим таъсис дода шудааст. Аз моҳи феврали соли 2015  маркази тестӣ аз таҳти шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим бароварда  шуд.  Фаъолияти кормандони марказ ин дар ҷамъоварӣ, коркард ва мутобиқ  сохтани саволномаҳои тестӣ бо барномаҳои компютерӣ, ворид намудани ҷавобҳои дурусти  саволномаҳои тестӣ ба барномаи компютерӣ,  ва чопи натиҷаи имтиҳон ба шакли тестӣ бо истифода аз технологияи иттилоотӣ дар давраи қабули имтиҳонҳои сессияи имтиҳонии донишҷӯёни дараҷаи бакалавр ва магистрҳо мебошад.
Фаъолияти маркази тестӣ дар асоси низомнома, накшаҳои кори ва супоришҳои ректор ва ноиби ректор оид ба таълим ба роҳ монда шудааст.
Дар донишкада 3 марказ вуҷуд дорад, ки дар 2 бинои таълимӣ ҷойгир карда шудааст. Дар ҳар як маркази тестӣ зиёда аз 80 компютер вуҷуд дорад.
Дар  соли хониш ба маркази тести барои супоридани имтиҳонхои ҷамъбасти тибқи ҷадвали зерин ташриф меоранд:
Сентябр- курси 5 
Октябр- курси 4
Ноябр- курси 3
Декабр- курси 2
Январ- курси 1
Пас аз ба анҷом расидани дарсҳои нимсолаи аввали соли хониш аз моҳи декабр то  моҳи январ имтиҳонҳои ҷамъбасти барои шуъбаи рўзона оғоз мегардад. Баъд аз супоридани имтиҳонҳо донишҷуёне, ки баҳои ғайриқаноатбахш гирифтаанд  ба супоридани даври иловагӣ  (триместр) омода мешаванд. 
Дар маркази тестии Донишкада кормандони зерин фаъолият менамоянд:
Пулодов Рустам - сардори маркази тестӣ
Асрори Ятим - мутахассис бақайдгирандаи маркази тестӣ
Маллаев Нурулло - мутахассис бақайдгирандаи маркази тестӣ
Солиев Фируз - мутахассис бақайдгирандаи маркази тестӣ 
Яъқуби Ҳасанзод - мутахассис бақайдгирандаи маркази тестӣ
Шарипов Садриддин - мутахассис бақайдгирандаи маркази тестӣ