Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Намунаи тестҳо

Низомномаи шӯъбаи мониторинг

1. Қоидаҳои умумӣ


1. Низомномаи мазкур дар асоси талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, аз ҷумла Стандарти давлатии маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Донишкадаи молия ва иктисоди Тоҷикистон, Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Донишкадаи молия ва иктисоди Тоҷикистон, Низомномаи раёсати таълим ва ғайра таҳия гардидааст. 
2. Шӯъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим ҳамчун сохтори таркибии Донишкада бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳои умумидонишкадавӣ оид ба  такмил ва татбиқи барномаҳо ва чорабиниҳо барои назорат ва рушди сифати таълим бо роҳи такмили раванди таълим бо фармони ректор дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишкада таъсис дода шудааст.
3.Шӯъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим воҳиди сохтории Раёсати таълими Донишкада буда, мақомоти иҷроияи раёсати Донишкада оид ба ташкил ва татбиқи сиёсати Донишкада дар самти сифати таҳсилот ва назорати он ба ҳисоб меравад.
4. Шӯъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим фаъолияти худро бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои тайёр кардани  мутахассисон, ворид кардани усулҳои муосири таълим, роҳҳои нави таҳлили сифати раванди таълим ва тағйироти сифатию миқдорӣ дар Донишкада ба роҳ мемонад.
5. Шӯъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим ҳангоми иҷрои вазифа ва ӯҳдадориҳои бар зимма доштааш ба санадҳои  меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, Оиннома ва Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Донишкада ва Низомномаи мазкур такя мекунад.


2. Мақсад ва вазифаҳои мониторинг дар Донишкада


6.Мониторинг ҳамчун низоми доимии ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва паҳнкунии иттилоот оид ба таҳсилот ва қисмҳои алоҳидаи он, барои таъмини беҳдошти раванди идоракунӣ равона карда шудааст, ки дар асоси он вазъи таҳсилот дар Донишкада инъикос меёбад ва дурнамои инкишофи он муайян карда мешавад.
7. Мақсади асосии низоми мониторинг таҳлили ҳамаҷонибаи сифати воқеии таълиму тарбия, танзими ҳуҷҷатгузорӣ ва муайянкунии самтҳои беҳдошти он дар Донишкада мебошад.
8.  Вазифаҳои асосии мониторинг аз инҳо иборатанд:
- таҳлили мунтазами иҷроиши ҳуҷҷатҳои идоравӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, қарорҳои Шӯрои олимон, Шӯрои методӣ ва дастуру фармонҳои ректори Донишкада ва супоришҳои муовини ректор оид ба таълим;
- таҳлил ва ташхиси барномаҳои таҳсилотии тайёр намудани мутахассисон;
-  таҳлили ташкил, банақшагирӣ ва амалигардонии раванди таълим, сифати гузаронидани машғулиятҳо дар ҳама шакл, дараҷаи таъминоти машғулиятҳои дарсӣ бо маводи таълимӣ-методӣ ва сифати онҳо, дараҷаи таъмини донишҷӯён бо адабиёти таълимӣ ва таълимию методӣ;
- таҳлили сифати технологияи таълим, шаклҳо ва услуби кори таълимӣ-методӣ ва тарбиявии ҳайати профессорону омӯзгорон бо мақсади татбиқи амалии таҷрибаи пешқадам;
- таҳлили таъминоти раванди таълим, фаъолияти илмӣ-методӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ бо мутахассисони соҳибтаҷриба;
- таҳлили вазъ ва истифодабарии базаи моддӣ-техникӣ дар раванди таълим, корҳои беҳтар гардонидани он;
- таҳлили сифати тайёр намудани ҳамаи категорияҳои таълимгирандагон (шунавандагони шӯъбаи тайёрӣ, довталабон, донишҷӯён ва хатмкунандагон) дар асоси имтиҳонҳои дохилшавӣ, ҷорӣ, марҳилавӣ ва аттестатсияи ҷамъбастӣ;
- таҳлили мақсади гирифтани таҳсилоти олии касбӣ аз тарафи таълимгирандагон ва мувофиқати он ба арзишҳои миллӣ;
- омӯзиш ва таҳлили корҳои тарбиявии донишҷӯён.
9. Объектҳои назорат.
Объекти асосии назорат талабот нисбат ба қабули довталабон, сифати тайёр намудани донишҷӯён ва тайёр будани хатмкунандагон ба фаъолияти касбӣ вобаста ба ихтисоси интихобкарда ва самти тайёр намудани кадрҳо ба ҳисоб меравад.
Ҷузъҳои асосии назорат самтҳои гуногуни фаъолияти ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкада ва вазъи ҳақиқии сифати таълим мебошад:
- вазъи корҳои таълимӣ-методӣ;
- вазъи корҳои илмӣ-методӣ;
- вазъи таъминоти таълимӣ-методӣ ва иттилоотии раванди таълим;
- вазъи базаи моддӣ-техникии раванди таълим.
Назорати объектҳои қайдкардашуда ва сифати тайёр намудани мутахассисон дар шакли гузаронидани чорабиниҳои назоратӣ (санҷишӣ) дар асоси фармони ректори Донишкада, қарорҳои Шӯрои олимон ва  Шӯрои методии Донишкада амалӣ мегардад.
10.Таҳлил ва баҳогузории сифати таълиму тарбия дар асоси нишодиҳандаҳои аз тарафи шӯъба тартибдодашуда, ки ба меъёрҳои талаботи ҳадди ақалли мазмуну мундариҷаи Стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ оид ба ихтисосҳои роиҷи Донишкадавӣ мувофиқат мекунанд, сурат мегирад. Нишондиҳандаҳо тибқи фармони ректор дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишкада тасдиқ карда мешавад.


3. Вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти шӯъба


11.Фаъолияти шӯъба барои ҳалли масъалаҳои зерин равона гардидааст:
• ташкили консепсия ва усулҳои назорати сифати таълим дар Донишкада бо истифода аз таҷрибаҳои ватанӣ ва байналхалқӣ;
• ташкили низом ва тартиби назорати сифати таълим дар Донишкада;
• таъсиси базаи меъёрии ҳуқуқии дохилидонишкадавии низоми идоракунии сифати таълим дар Донишкада;
• коркарди лоиҳаи талаботи ҳадди ақалли мазмуну мундариҷаи стандартҳо, низомномаҳо,  таъинот, ки назорати сифати таълимро ба танзим медароранд;
• таъмини илмӣ-методии мониторинги сифати таълим дар Донишкада;
• ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот оид ба вазъи раванди таълим дар Донишкада, натиҷагирии низоми назорати сифати таълим ва сифати омода намудани мутахассисон;
• таҳлили таъминоти кадрии раванди таълим ва фаъолияти илмӣ-методии ҳайати омӯзгорон;
• таҳлили вазъият ва истифодабарии базаи моддӣ-техникӣ дар раванди таълим, тадбирҳо ҷиҳати такмил ва пуррасозии он;
• таҳлили сифати омодасозии ҳамаи категорияҳои донишҷӯён (шунавандагони шӯъбаи тайёрӣ, довталабон, донишҷӯён, хатмкунандагон) дар асоси аттестатсияи дохилшавӣ, ҷорӣ, марҳилавӣ ва ҷамъбастӣ;
• ёрии методӣ расонидан ба омӯзгорон ҷиҳати коркарди низоми баҳогузории воқеии дониши донишҷӯён;
• омӯзиши шакл, усулҳо ва меъёри баҳогузории сифати таълим.
• коркарди нақшаи чорабиниҳо оид ба баҳогузории сифати омодасозии мутахассисон; 
• гузаронидани таҳлили фаннии натиҷаи санҷишу имтиҳонҳои даврӣ ва ҷамъбастии донишҷӯён; 
• муайянсозии самаранокии татбиқи технологияҳои нави таълим; 
• гузаронидани пурсишҳои сотсиологӣ байни донишҷӯён ва омӯзгорон; 
• омодасозии масъалаҳо барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон, Шӯрои методӣ ва раёсати Донишкада;
• таъмини омодасозии гурӯҳи таҳлилгарон ва гузаронидани таҳлилҳои дохилии низоми сифат;
• омодасозии маводи иттилоотӣ-таҳлилӣ оид ба масъалаҳои сифати таълим, гузаронидани чорабиниҳо оид ба паҳн намудани онҳо; 
• мураттабсозии лоиҳаи ҳисоботи ҳарсола «Оид ба сифати таълим ва низоми таъмини он дар Донишкада».
12. Коркард ва татбиқи тартиби (механизми) мониторинг дар самтҳои зерин сурат мегирад:
• раванди таълим, тарбия ва инкишофи донишҷӯён; 
• раванди таълим ва таъмини илмӣ-методии он; 
• раванди идоракунии Донишкада, факултет, кафедра ва марказҳо; 
• шароити ташкили раванди таълим ва корҳои мустақилонаи донишҷӯён. 
13. Коркард ва таҳлили натиҷаҳои мониторинг дар самтҳои зерин сурат мегирад:
• баҳогузории вазъи раванди таълим ва тағйироти дар он баамал- оянда, таҳлили мунтазами муқоисавии комёбиҳои таълимии донишҷӯён; 
• таҳия ва пешниҳоди маълумоти мунтазам ба раёсат, садоратҳо ва мудирони кафедраҳо оид ба вазъ ва ҷараёни инкишофи комёбиҳои донишҷӯён ва таъмини воқеияти маълумоти мазкур; 
• машварат бо ҳайати омӯзгорон оид ба мушкилоти фаъолияти назоратӣ-баҳогузорӣ; 
• омӯзиш ва қаноатманд сохтани эҳтиёҷоти таълимии омӯзгорони Донишкада вобаста ба мушкилоти фаъолияти назоратӣ-баҳогузорӣ;
• баҳогузории самараи натиҷабахшии низоми таълим ва тағйироти дар он ба вуқӯъомада, таҳлили мунтазами муқоисавии комёбиҳои таълимии донишҷӯён;
• таъмини иттилоот оид ба вазъият ва динамикаи комёбиҳои донишҷӯён, таъмини воқеияти баҳогузорӣ ба комёбиҳои таълим;
• омодасозии пешниҳодҳо оид ба ислоҳи камбудиҳои раванди таълим; 
• омодасозии пешниҳодҳо ҷиҳати аз нав дида баромадани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба танзими фаъолияти таълимӣ.
14. Шӯъба дар самтҳои зерин фаъолияти санҷишӣ-таҷрибавӣ мегузаронад:
• ташхиси самаранокии таълим дар Донишкада;
• ҷустуҷӯ ва коркарди маводи ташхисӣ, санҷиш ва тасдиқи мукаммалӣ, технологӣ ва эътимоднокии онҳо; 
• омӯзиши омилҳое, ки ба сифати таълим таъсир мерасонанд;
• дигар самтҳои фаъолият, ки аз мониторинг бармеояд.
15. Таъсиси базаи маълумот барои таъмини мониторинги сифати таълим ва идоракунии сохторҳои Донишкада.
16. Таҳсил ва коромӯзии омӯзгорони Донишкада дар муассисаҳои олии таълимӣ, ки оид ба низоми назорати сифати таълим дорои сертификат мебошанд.  Таълим додани омӯзгорон  вобаста ба усулҳои баҳогузории воқеии сатҳи азхудкунии маводи таълим.
17. Таъсиси низоми автоматии назорати сифати таълим дар Донишкада. Пешниҳоди маълумот ба шахсони масъул оид ба сифати таълим, аз  ҷумла, дар сайти хабарии Донишкада.
18. Иштирок дар аттестатсияи касбии мутахассисони Донишкада. Гузаронидани таҳлилҳои дохилии низоми таълим.
19. Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ва хадамот оид ба назорат ва таъмини сифати таълим дар Донишкада.
20. Амалӣ сохтани тадқиқотҳои илмӣ-методӣ ва хизматгузориҳои машваратӣ-иттилоотӣ.
21. Коркард ва татбиқи меъёрҳои нишондиҳандаи ба танзимдарории сифати таълим, усулҳои нисбатан самарабахши назорат. Ташкил ва коркарди воситаҳои баҳогузорӣ, шаффофият, технологияи назорат ва баҳогузории сифати таълим дар Донишкада.
22. Ҳангоми зарурат шӯъба супоришҳои дигари раёсатро вобаста ба самти фаъолияташ иҷро менамояд.


4. Ҳайат ва сохтори шӯъба


23. Шӯъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим воҳиди сохтории Раёсати таълими Донишкада мебошад.
24. Ҷавдали воҳидҳои кории шӯъба бо пешниҳоди сардори шуъбаи идораи сифати таълим аз ҷониби муовини ректор оид ба таълим тасдиқ карда мешавад.
25. Ба сохтори шӯъба лабораторияи илмӣ-методии баҳогузории сифати таълим ворид мешавад. Ба кори лаборатория метавонанд омӯзгорон, кормандон ва шахсони дигар дар асоси шартнома ба кор қабул карда шаванд. Асос барои ба кор даромадан фармони ректор ҳисоб меёбад.
26. Дар фаъолияти шӯъба роҳбарони сохторҳои таркибии зерини Донишкада иштирок мекунанд:
• факултетҳо ва кафедраҳо;
• маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо;
• озмоишгоҳҳои илмӣ-таълимӣ;
• синфхонаҳои компютерӣ;
• шӯъбаи тарбия;
• шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус.
27. Кори шӯъба аз ҷониби сардор, ки дар пешбурди фаъолият бевосита ба сардори раёсати  таълим тобеъ аст, идора карда мешавад. Воҳидҳои сохтории шӯъба аз вазифаҳои сармутахассис ва мутахассисон иборат аст. Воҳидҳои дигар ба он вобаста ба тағйироти самти кори шӯъба дар робита бо инкишофи низоми сифати таҳсилоти олии касбӣ ворид карда мешаванд.
28. Сардори шӯъба бо пешниҳоди муовини ректор оид ба таълим тибқи фармони ректори Донишкада ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
29. Воҳидҳои шӯъба бо пешниҳоди муовини ректор оид ба таълим аз ҷониби ректори Донишкада (дар асоси баҳодиҳии ҳаҷми кор дар шӯъба дар мӯҳлати муайян) тасдиқ карда мешаванд.
30.Тағйироту иловаҳо ба Низомномаи  мазкур дар асоси пешниҳоди муовини ректор оид ба таълим ва қарори Шӯрои олимони Донишкада ворид карда мешаванд.


5. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони шӯъба


31. Ҳайати кормандони Шӯъба вазифадоранд нишондодҳои  Низомномаи мазкур, Оинномаи Донишкада, фармону дастурҳо ва санадҳои дигари дохилӣ, ки мухолифи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур нестанд, риоя намуда, малакаи касбии худро пайваста баланд бардоранд.
32. Сардори шӯъба бояд дорои маълумоти олии касбӣ, дараҷаи илмӣ, тайёрии махсус ва малакаи корӣ оид ба мушкилоти сифати таълим бошад.
33. Вазифа ва ӯҳдадориҳои сардор аз инҳо иборат аст:
• амалӣ сохтани роҳбарии умумии шӯъба;
• дар доираи салоҳияти худ додани дастурҳо вобаста ба мушкилоти мониторинги сифати таълим;
• омодасозӣ ва ташкили иҷрои чорабиниҳо оид ба нақшаи кории шӯъба;
• омодасозии мавод барои баррасӣ дар раёсат, Шӯрои методӣ ва Шӯрои олимони Донишкада.
• омодасозии фаъолияти худ ҷиҳати омӯзиши вазъият, таҳлил ва коркарди натиҷаҳои раванди таълим дар мувофиқа бо сохторҳои таркибии Донишкада;
• иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои раёсати Донишкада;
• пешниҳоди маълумоти дақиқ оид ба самтҳои фаъолияти шӯъба.
34. Барои иҷрои саривақтии вазифаҳои кории ҳайати кормандони шӯъба, ки дар Низомномаи мазкур омадааст,  масъул аст. 
35. Ҳайати кормандони Шӯъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим барои иҷрои ӯҳдадориҳои худ ҳуқуқ доранд:
• барои коркарди ҳуҷҷатҳои низоми сифат ва гузаронидани таҳлилҳои дохилӣ дар доираи салоҳияти худ ба гурӯҳҳои корӣ ва озмоишӣ шомил гардад;
• дар доираи салоҳияти худ дар санҷиши фаъолияти сохторҳои таркибӣ иштирок кунад;
• дар сохторҳои Донишкада (баъд аз мувофиқа бо муовини ректор оид ба таълим) чорабиниҳои нақшавӣ ва берун аз нақша, ки ба татбиқи ӯҳдадориҳои таҳлилӣ ва назоратии шӯъба вобаста аст, ташкил ва амалӣ намоянд;
• аз сохторҳои таркибии Донишкада оид ба масъалаҳои дар доираи салоҳияти шӯъба буда, маълумот талаб намоянд;
• оид ба чорабиниҳои гузаронидашуда хулосабарорӣ намоянд ва тавсияҳо диҳанд; татбиқи онҳоро назорат намоянд; ба сифати  кори таълим дар сохторҳои таркибӣ, ба сифати иҷрои корҳо аз ҷониби онҳо дар доираи ваколатҳои худ баҳогузорӣ намоянд; 
• бо лоиҳаҳои қарорҳои роҳбарони муассиса шинос шаванд; дар музокираи масъалаҳо оид ба фаъолияти шӯъба иштирок кунанд;
• дар қисмҳои сохтории Донишкада (баъд аз мувофиқа бо муовини ректор оид ба таълим) омода сохтан ва тақсим намудани маводи иттилоотӣ, ки ба самти фаъолияти шӯъба мувофиқ аст; 
• ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо ва озмунҳое, ки хусусияти таълимию иттилоотӣ доранд; 
• ба баррасии раёсат оид ба беҳтар гаштани фаъолияти шӯъба, ҳавасмандгардонии кормандони фаъол ва эълони  муҷозоти интизомӣ ба вайронкунандагони интизоми корӣ пешниҳодҳо намоянд; 
• ҳангоми зарурат дар доираи ваколатҳои худ омӯзгорон ва кормандони муассисаро барои иҷрои вазифаҳо ҷалб намояд;
• барои гузаронидани чорабиниҳои умумидонишкадавӣ мувофиқи самти фаъолияти худ ташаббус нишон диҳанд.
36. Мутахассис Шӯъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим бояд дорои маълумоти олӣ бошад. 
36.1.  Мутахассис ҳуқуқ дорад:
• дар  самти сифати таълим фаъолияти илмӣ-методӣ барад;
• маҳорати касбии худро баланд бардорад;
• ба роҳбарият, омӯзгорону кормандон ва  донишҷӯёни Донишкада бо мақсади ҷамъоварии маълумот вобаста ба мушкилоти сифати таълим муроҷиат намояд.
36.2. Мутахассиси шӯъба ӯҳдадор аст:
• тамоми дастовардҳои донишҷӯёнро дар давраи таҳсил ба қайд гирад; 
• риояи тақвими академиро назорат намояд;
• мониторинги сатҳи донишазхудкунӣ ва давомоти донишҷӯёнро  гузаронад;
• татбиқи низоми холдиҳӣ - рейтингиро дар ҷараёни таълим ва сессияҳои имтиҳонӣ назорат намояд;
• раванди санҷишҳои ҷорӣ, фосилавӣ ва имтиҳони ҷамъбастиро назорат намояд;
• банақшагирӣ, ташкил ва иҷрои комплексии фаъолияти худ;
• ташкили ҷамъоварии маълумот, коркард, таҳлил, баҳогузории он ва ояндабинӣ;
• коркарди маводи методӣ барои кормандони Донишкада вобаста ба мушкилоти сифати таълим;
• омодасозии фаъолияти худ ҷиҳати омӯзиши вазъият, таҳлил ва коркарди ҷараёни таълим дар факултетҳои таркибии Донишкада;
• иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои раёсати Донишкада;
• пешниҳоди маълумоти дақиқ оид ба самтҳои фаъолияти факултетҳо.
• аз сохторҳои таркибии Донишкада оид ба масъалаҳои дар доираи салоҳияти шӯъба буда, маълумот талаб намоянд;
• иҷрои вазифаҳои дигар, ки аз ҷониби роҳбарият дода мешаванд.


6. Ташкил ва таъмини фаъолияти шӯъба


37. Вазифаҳои сардори шӯъбаро сардори раёсати таълим ва тақсими вазифаҳои  функсионалии кормандони шӯъбаро   бошад, (вобаста ба теъдоди кормандон, ҳаҷми кор ва иҷрои нақшаи корӣ)  сардори шӯъба ба роҳ мемонад.
38. Сардори шӯъба нақшаи кори шӯъбаро барои ҳар  нимсолаи соли таҳсил таҳия ва ба шуъбаи таълим манзур менамояд ва онро муовини ректор  оид ба корҳои таълим  тасдиқ менамояд. Ҳамаи кормандони шӯъба барои иҷрои нақшаи кори тасдиқшуда вазифадоранд.
39. Фаъолияти шӯъба мувофиқи ҳамин Низомнома, Оиннома ва Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Донишкадаи молия ва иктисоди Тоҷикистон, Низомномаи шуъбаи таълим бо назардошти чорабиниҳои нақшавии раёсати Донишкада дар самти сифати таълим ба роҳ монда мешавад. Фаъолияти шӯъба мувофиқи нақшаи кории қаблан таҳия ва тасдиқшуда сурат мегирад. 
40. Шӯъба аз ҷониби раёсати Донишкада бо маводе, ки барои пешбурди фаъолияти корӣ зарур аст, таъмин карда мешавад.
41. Назорати маъмурӣ ва баҳогузорӣ ба фаъолияти шӯъба бевосита тавассути сардори шуъбаи таълим ва дар маҷмӯъ аз ҷониби раёсат, аз ҷумла, ректори Донишкада ва муовини ректор оид ба таълим амалӣ мегардад.
42.Шӯъба ҳуҷҷатгузориро мувофиқи феҳрасти тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои расмӣ ва ҷадвали гардиши ҳуҷҷатҳо ба роҳ мемонад.