Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Раёсати таълим


Нуралиев200X250.jpgСардори Раёсат


Ному насаб: Фасеҳзода Ислом Саймирзо

Унвони илмӣ: Олӣ, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Вазифа ва ҷои кори ҳозира: Сардори Раёсати таълим

Номи пурраи рисолаи номзадӣ: «Формирование стратегии экономической безопасности в условиях трансформации национального хозяйства (на примере продовольственной безопасности Республики Таджикистан)»

Унвонҳои дигар, ба мисли профессорӣ, академикӣ ва ғ: 

Мукофоту ҷоизаҳо:  

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016)

Нашрияҳои асосӣ: Тесты по «Экономике АПК»: (учеб.- метод. пособие). (на тадж.яз.) - Душанбе: ТНУ, 2010. 

Тесты по «Экономике сельского хозяйства зарубежных стран»: (учеб.- метод. пособие). (на тадж.яз.) - Душанбе: ТНУ, 2011.;                   

Учебная программа по продовольственной безопасности (учеб. метод. пособие). (на тадж.яз.) - Душанбе: ТНУ, 2013. 

Документирование управленческой деятельности (учеб.- метод. пособие). (на тадж.яз.) - Душанбе: ФЭИТ, 2014.



      Раёсати таълим ва маркази бақайдгирии низоми таҳсилоти кредитӣ, ки дар кори худ бевосита ба муовини ректор оид ба таълим итоат мекунад воҳиди сохтории пешбари донишкада дар самти ташкил, танзим, идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии раванди таълим буда, банақшагирӣ ва ташкили таҳсилоти олии касбӣ ва таъмини ҷустуҷӯ ва дарёфти технологияҳои нави таълим, алоқаманд намудани донишҳои назариявиро дар амалия, коркарди воситаҳои айёнию техникӣ дар раванди таълимро амалӣ менамояд. Раёсати таълим фаъолияти устодонро бобати таҳияи барномаҳои таълимӣ, васоити таълимӣ, нишондодҳои методӣ, адабиётҳои таълимӣ тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ба танзим медарорад. 

     Назорати иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ташкилӣ-методиро дар вақти таҳия ва тасдиқи стандартҳои давлатии таҳсилот, нақшаҳои таълимӣ, ҷадвали машғулиятҳо ва имтиҳонҳо амалӣ менамояд.
Холбобоев Р.Б. - сармутахассис, сарпарасти факултетҳои Менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ ва Муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ.
Иноятов Ф.А. – сармутахассис, сарпарасти факултетҳои Ҳисобдорӣ ва омор ва Иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ.
Шарипова З. Б. - сармутахассис, сарпарасти факултетҳои Молия ва қарз ва Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт.
Иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои меъёриро дар вақти таҳияи нақшаи таълимии кори факултетҳо, ҳисоби ҳаҷми корҳои таълимӣ, тақсимоти сарбории таълимии устодон ва баҳисобгирии иҷрои онро назорат намуда, маълумотро оид ба ҳисоби ҳайати профессориву омӯзгорӣ барои соли таҳсил омода намуда, дар ташкили комиссияҳои аттестатсияи давлатӣ иштирок менамояд. 
Барои иҷрои вазифаҳои ба РТМНТК вогузоршуда дар сохтори он шуъбаҳои зерин ташкил карда  шудаанд:

1. Шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим.
2. Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон.
3. Офис-бақайдгиранда
4. Шуъбаи магистратура
5. Маркази тестӣ

Шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим


Шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таҳсилот ҳамчун сохтори таркибии донишкада бо мақсади коркард ва таъмини маҷмуи саволномаҳои тестӣ барои қабули имтиҳонҳо, татбиқи мониторинги раванди таълим, инчунин бо мақсади татбиқи нақшаҳои умумидонишкадави оид ба такмил ва татбиқи барномаҳо ва чорабиниҳо ҷиҳати назорат ва рушти сифати таълим таъсис дода шудааст.
Солҳои 2012 - 2014 ба давраи ниҳоят мураккаби низоми таълим ва пуркории кормандони шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таҳсилот ба ҳисоб меравад. Ба маҷрои муайян даровардани низоми таҳсилот, ба машғулиятҳо ҷалб намудани онҳо, тавассути технологияҳои иртиботӣ - иттилоотӣ қабул намудани имтиҳонҳо аз муҳимтарин тадбирҳои андешидаи шуъба маҳсуб мешавад, зеро пешрафти дигар самтҳои фаъолияти шуъба пеш аз ҳама аз  танзими масъалаҳои  зикршуда вобаста мебошад.
Фаъолияти шуъба барои ҳалли масъалаҳои зерин равона гардидааст:
такмили маҷмӯи саволномаҳои тестӣ, қабули имтиҳонҳо бо усули тестӣ, баҳогузории  сатҳи дониши донишҷуён ба талаботи ҳадди ақали мазмуну мундариҷаи стандарти давлатии  таҳсилоти  олии касбӣ;
 гузаронидани мониторингҳо ва таҳлили низоми сифати таълим:
гузаронидани семинару конференсияҳо барои омӯзгорон вобаста ба мушкилоти қабули санҷишу имтиҳонҳои тестӣ тавоссути технологияҳои иттилооти - иртиботӣ
 татбиқи пурраи низоми кредитӣ;
таъсиси пойгоҳи саволномаҳои тестӣ, маводи назоратию ченкунӣ аз руи фанҳои таълимӣ, бонки сарчашмаҳои илмӣ ва илмию методӣ вобаста ба мушкилоти сифати таълим, мутобиқсозӣ ва ташхиси онҳо;
 омӯзиши таҷрибаи пешқадами ватанӣ ва хориҷӣ оид ба коркард ва татбиқи низоми идораи сифати таълим;
ташкили низом ва тартиби назорати сифати таълим;
таъмини маводи илмӣ - методӣ вобаста ба  мониторинги сифати таълим;
ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот оид  ба вазъи раванди таълим, натиҷагирии низоми назорати сифати таълим ва сифати омода намудани мутахассисон;
мониторинги  истифодабарии заминаи  моддӣ - техникӣ дар раванди таълим тавсияҳо ҷиҳати такмил ва пуррасозии он;
муайянсозии самаранокии татбиқи технологияҳои муосири таълим;
гузаронидани пурсишҳои анкети байни донишҷуён ва омӯзгорон; 
Холбобоев Р.- Сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таҳсилот.
Шарипов Н. – мутахассис.
Сафарова М.- мутахассис.
Иброҳимов Д. – мутахассис.


Фаъолияти воҳидҳои сохтори таълимии донишкада оид ба масъалаҳои таҷрибаомӯзиро ҳамоҳанг намуда, дар ҳамкорӣ бо кафедраҳо ҷиҳати гузаронидани тамоми таҷрибаомӯзӣ бо корхонаю муассисаҳо шартнома  мебандад. 
Бо мақомотҳои бо кор таъминкунии аҳолӣ ҷиҳати дастрас намудани иттилоот нисбат бо кор таъмин намудани хатмкунандагон ҳамкорӣ менамояд.
Абдуллоев Н. – сармутахассис.
Дониёрова  П. – мутахассис.


Магистратура зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Таъсис додани магистратура таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо стандарти байналмилалии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё месозад.
Магистратура бо фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар донишкада, академия ва донишгоҳҳое, ки шуъбаи аспирантура ва  докторантура, инчунин, имконияти илмию методӣ, заминаи хуби моддӣ, техникӣ ва таълимӣ доранд, таъсис дода мешавад. Муҳлати таҳсил дар шакли рӯзонаи магистратура ду сол муқаррар карда шудааст. 
Ба магистратураи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё мутахассис доранд, қабул карда мешаванд. Довталабон аз рӯйи тахассуси интихобнамудаашон реферат пешниҳод намуда, ба тариқи суҳбат аз озмун мегузаранд.  
Ашуров М.Н. - Сармутахассиси шуъбаи магистратура                                                      
Шуъбаи тайёрӣ

Баланд бардоштани сатҳи тайёрии таҳсилоти умумии шунавандагонро назорат намуда, нақша ва барномаҳои таълимӣ, ҷадвали машғулиятҳои шунавандагони курсҳои тайёриро таҳия менамояд.