Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Семинар ва конфронсҳо


banner_proekt600.jpg


РЕЗААХБОР


Конфронси байналмилалӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии молияи давлатӣ ва аҳамияти он дар рушди устувори иқтисодиёти миллии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

1-2 декабри соли 2016, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) дар ҳамкории зич бо Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо  оид ба  “Дастгирии самтҳои интихобшудаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ (ИМД), Лот 1” конфронси ду рӯзаро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир намуд. Дар конфронси мазкур зиёда аз 220 намояндаи 35 ташкилотҳои гуногун, ки ходимони сиёсӣ, олимон, таҳқиқотчиён, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ҳамчунин кормандони васоити ахбори оммаро дарбар мегиранд, ширкат варзиданд. Дар ин муддат иштирокчиён маърӯзаҳои коршиносони даъватшуда, презентатсияҳои корҳои илмию тадқиқотӣ ва инчунин мазӯъҳои дар мизи мудаввар муҳокимашударо мавриди барраси қарор доданд, ки ин ба онҳо ҷиҳати табодули афкор ва идеяҳо имкон дод. Чорабинии мазкур  ҳамчун Форум барои олимон ва ходимони байналмилалӣ бо мақсади муҳокимаи рушди идоракунии молиявӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва буҳрони молиявӣ, рушди макроиқтисодии Тоҷикистон баромад кард. Лозим ба ёдоварист, ки ДМИТ ҳамчун маркази ақлҳои (Think tank) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили  курсҳои магистрии Идоракунии молияи давлатӣ,  ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим, беҳтар намудани кори Маркази такмили ихтисос ва Технопарки донишкада аҳамияти махсус медиҳад.  

Диққати иштирокчиён ба чунин самтҳо, ба монанди нақши буҷет ва раванди буҷет дар расидан ба ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, масоили банақшагирии буҷет дар сатҳи маҳаллӣ дар партави БМХД, услуб ва муносибатҳои пешгуии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва таҳлили минтақавӣ раовна карда шуд. Натиҷаи муҳими фаъолияти гурӯҳҳои кории тадқиқотии ДМИТ аввалин маротиба дар таърихи муассисаҳои таҳсилоти олӣ  ва вазорату идораҳои иқтисодии кишвар нашр намудани Бюллетени Маркази ақлҳои  донишкада дар бораи мониторинги муфассали рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Конфронси мазкур ба густариши ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои кишварҳои пешрафта ҷиҳати паҳн намудани иттилоот ва таъсири тадқиқоти илмӣ дар саросари кишвар, дар айни замон фароҳам овардани ҷомеаи илмӣ ва тадқиқотҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд. Махсусан, ба имзо расонидани Созишнома байни ДМИТ (Душанбе), Академияи хоҷагии халқ ва хадамоти давлатӣ дар назди Президенти Федератсияи Русия ва Донишкадаи сиёсати иқтисодии ба номи Егор Гайдар (Москва) бо мақсади табодули таҷриба ва татбиқи малакаҳои нав дар соҳаҳои таълимӣ, илмӣ ва инноватсияи донишгоҳҳо асос гузошт.

Бо мақсади таъмини самаранокии таъсири конфронси мазкур, маводҳои таҳриршуда, нашр ва мавриди пешниҳод ба ташкилотҳои иштироккунанда  гардиданд.