Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Эълон

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ


Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо камоли эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки санаи 10 ноябри соли 2015 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи «Назария ва амалияи рушди соҳаҳои иқтисодӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир менамояд. Ба конфронси мазкур олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон, аспирантону унвонҷӯён, мутахассисон аз идораву ташкилотҳо, институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.


ДАР КОНФРОНС МАСЪАЛАҲОИ ЗЕРИН МАВРИДИ БАРРАСӢ ВА ОМӮЗИШ ҚАРОР МЕГИРАНД:


• Асосҳои микроиқтисодии рушди иқтисодиёти ҶТ;

• Асосҳои макроиктисодии рушди иктисодиёти ҶТ;

• Асосҳои институтсионалии рушди иқтисодиёти ҶТ;

• Тағироти таркибии иқтисодиёт ва таъсири он ба шуғли ахолии иқтисодиёти ниҳони ва рушди иктисодиёт;

• Муаммоҳо ва дурнамои инкишофи иқтисодиёти сохавӣ;

• Танзими макроиқтисодии иқтисодиёт ва муаммоҳои номувозинати;

• Масъалҳои гаронии андозбанди ва таъсири он ба рушди иқтисодиёти соҳавии ҶТ;

• Рушди соҳаҳои иқтисодиёт дар шароити иқтисоди кушоди хурд.


Бинобар ин, шахсоне, ки майли иштирок дар кори конференсия доранд, то 17 октябри соли 2015 мақолаҳои илмии таҳриршудаи худро дар ҳаҷми то 6 саҳифа ба суроғаи электронии E-mail: f.ubaidov@feit.tj k.muqimov@feit.tj ва ҳатман як нусхаи чопии онро ба суроғаи 734067, ш. Душанбе, кӯч. Нахимов, 64/14, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кафедраи назарияи иқтисодӣ ирсол намоянд.

Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

ТАЛАБОТ НИСБАТ БА МАЪРУЗАҲО:

Ҳошия аз боло ба поёни саҳифа: 25мм, аз чап 30мм, аз рост 15мм бошад. Матни маърӯза бояд бо таҳриргари матни MS Word for Windows (гарнитураи Times New Roman, Times New Roman Tj, шрифти 14) бо фосилаи 1,5 чоп карда шуда, ба тарзи зайл пешниҳод гардад:

- Дар байни саҳифа ному насаби муаллиф, дараҷаву унвони илмӣ, вазифа ҷои кор, индекси почта, суроға, телефон, E-mail  навишта шавад;

- Номи мавзӯъ дар мобайни саҳифа бо ҳарфҳои калон (бо ҳарфҳои ғафс, шрифти 14) навишта шуда, матни пурраи маъруза ва рӯйхати адабиётҳо;

- Иқтибосҳо дар қавсҳои квадратӣ бо нишондоди рақами тартибии адабиёт ва саҳифа оварда шаванд;

- Расмҳо, тасвирҳо, диаграммаҳо ва схемаҳо бо формати иҷро карда шуда, ҳатман ба онҳо ном гузошта шавад.

Матни маърузаи иштирокчиёни конфронс, ки аз ҷиҳати мазмун ҷавобгӯ буда, ба талаботи дар боло зикргардида мувофиқат мекунад ва то 16 октябри соли 2015 пешниҳод мегардад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ то рӯзи баргузории конфронс нашр карда мешавад.

Даъватномаҳо то 2ноябри  соли 2015 фиристода мешаванд.

Суроғаи мо: 734067, ш. Душанбе, к. Нахимов, 64/14, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Телефонҳо барои тамос: 37-883-07-01, 988004028, 37-884-24-60; шахсони масъул; Муқимов Қ.М., E-mail: k.muqimov@feit.tj ., Убайдов Ф.С.,  E-mail: f.ubaidov@feit.tj  

КУМИТАИ ТАДОРУКОТ





Оид ба гузаронидани озмуни донишкадавӣ

Раёсати Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани нерeи зеҳнӣ ва ҷалби донишҷeён ба корҳои илмӣ, бахшида ба Соли оила Озмуни донишкадавӣ таҳти унвони «Солимии ҷомеа, солимии оила» баргузор менамояд.
Аз ҳамаи муҳаққиқони ҷавон, магистрантон ва донишҷeёни ДМИТ хоҳиш карда мешавад, ки дар ин мавзуъ иншои худро омода намуда, то санаи 20-майи соли 2015 ба шуъбаи тарбия ва шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод намоянд. Fолибони озмун бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд, инчунин иншои ѓолибони озмун дар рeзномаи донишкадавии «Молия ва иқтисод» нашр мегарданд.
Маълумоти иловагиро метавонед, аз шуъбаи тарбия ва шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ (бинои таълимии №3) дастрас намоед.

Шуъбаи тарбия ва шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ


Оид ба гузаронидани
конференсияи байналмилалии илмию амалӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ бо мақсади тақвият бахшидани неруи зеҳнӣ ва ҷалби олимону муҳаққиқони ҷавон ба корҳои илмию амалӣ, бахшида ба ҷашни 70-солагии Fалаба дар ҶБВ Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Ҳимояи Ватан-Модар вазифаи ҳар як фард мебошад» баргузор менамояд.
Аз ҳамаи устодон, олимону муҳаққиқони ҷавон, магистрантон ва донишҷуён хоҳиш мешавад, ки дар ин мавзуъ мақолаҳои худро омода намуда, то санаи 4-майи соли 2015 ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ дар шакли хаттӣ ва электронӣ (davlatov_faridun08@mail.ru  тел: 907745898) пешниҳод намоед.
Маълумоти иловагиро метавонед, аз шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ (бинои таълимии №3, утоқи 105-106) дастрас намоед.

Шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ