Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Раёсати илм

ФАЪОЛИЯТИ РАЁСАТИ ИЛМИ ДОНИШКАДА


Шуъбаи корҳои илмӣ-тадкиқотии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолияти самти корҳои илмӣ-тадқиқотии донишкадаро дар асоси санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрии соҳаи маориф: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» соли 2004 дар таҳрири нав, ки аз Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мегирад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ» соли 2003, Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002, Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 1996 ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор ба роҳ мондааст. Дар ҳамин асос вобаста ба нақшаи кории донишкада нақшаи кории шӯъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ таҳия ва тасдиқ гардидааст. 

Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2013-2018 дар самти «Хусусиятҳо, қонуниятҳо, шаклҳо ва усулҳои танзими давлатии иқтисоди Тоҷикистон дар шароити ҳамгирои ва минтақашавӣ» фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ мебарад. Муаммои (проблемаи) асосии тадқиқотии донишкада бошад, «Таъсисёбӣ ва амалигардонии сиёсати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбиқи он дар шароити ҷаҳонишавии иқтисод» аст, ки кулли кормандони илмӣ-педагогии кафедраҳои донишкада дар такя ба ҳамин муаммо, вобаста ба мавзӯю муаммоҳои мушаххаси равияҳои тахассусии кафедравӣ пайи иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотии гардидаанд. Пас аз эроди Комиссияи атестатсионии Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми ҶТ доир ба самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ки бояд дар донишкада на кам аз 5 самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бошад, масъалаи мазкур аз тарафи шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта шуда, ба Шурои олимони Донишкада ба ғайр аз як самте, ки дар донишкада амал менамуд, боз 4 самти дигари корҳои илмӣ-тадқиқотиро барои дида баромадан ва тасдиқ намудан пешниҳод кард, ки мавзуъҳо инҳоянд:

  • 1. Такмили асосҳои институтсионалӣ ва механизми молиявию иқтисодии идоранамоии бахши молиявӣ, иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонишавӣ;

  • 2. Қонуниятҳои татбиқи муносибатҳои идоракунии андозбандӣ ва суғуртавӣ дар доираи барномаҳои рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  • 3. Проблемаҳои ҳисобгирии муҳосибӣ, омор ва таҳлили нишондиҳандаҳои рушди устувории иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ;

  • 4. Рушди самаранокии муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар шароити ҳамгироии иқтисодӣ. 

Мавзуъҳои пешниҳодшуда дар Шурои олимони донишкада мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқ шуданд, ки айни замон аз руи онҳо кор бурда мешавад.

Дар соли 2014 ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишкада нисбат ба солҳои гузашта дар пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ нисбатан беҳтар фаъолият намудаанд. Муваффақиятҳои дар самти иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷойдошта шаҳодати онанд, ки таваҷҷуҳ ба корҳои илмӣ дар донишкада сол то сол зиёд шуда истодааст. Ин аст, ки дар соли ҳисоботӣ як нафар устод бо мукофоти давлатии Медали Хизмати шоиста, 3 нафар Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, 1 нафар Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм, Ифтихорномаҳои сатҳҳои гуногун ва бо сертификатҳо сарфароз гаштаанд (Эшонҷонова Л.А., Исмоилов Ш.М., Умаров Н.Н., Сафаров С., Одинаев Ф., Диловаров М., Назаров А. ва дигарон). 

Соли ҳисоботӣ дар Шӯрои олимон, ҷаласаҳои  раёсат ва ҷаласаҳои машваратии назди ректор зиёда аз 30 масъалаҳои  ба илм алоқаманд мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. 

Соли 2014 ба раёсати илм 130 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ ворид гардида, ба онҳо саривақт ҷавоб гардонида шуд, ки назар ба соли 2013 50 супориш зиёд мебошад. 

Дар кафедраҳои донишкада соли 2014-ум 337 нафар кормандони илмӣ-педагогӣ фаъолият доранд, ки аз ин 269 нафарашон кормандони доимӣ ва 68 нафарашон ҳамкорони беруна мебошанд. Аз рӯи нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ 87,0%-и онҳо дар иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ширкат мекунанд 

Ҳайати устодону кормандон дар соли 2014 роҷеъ ба 5 самт, 6 масоил ва 26 мавзуъ таҳқиқот гузарониданд.

Раёсати донишкада ба нашри маводи илмӣ ва китобҳои дарсӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Нашри китобҳои дарсӣ барои донишҷӯён яке аз вазифаҳои муҳими устодон ба шумор рафта, барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён заминаи хубе фароҳам меорад. Дар баробари китобҳои дарсӣ, инчунин монографияҳо, васоити таълимӣ ва дастурҳои методӣ барои амиқу ҳаматарафа омӯхтани фанҳои мухталиф кӯмак мерасонанд. Соли ҳисоботӣ дар интишори китоби дарсӣ, васоити таълимӣ ва дастурҳои методӣ устодони донишкада саҳми босазо гузоштаанд. 

Раёсати донишкада ҷиҳати тақвият бахшидани нашри китобҳои дарсӣ ва маводи чопӣ пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар ин самт фаъолияти шуъбаи табъу нашри донишкада оид ба таҳрири маводҳо, ки муваззаф мебошад, пурсамар аст. 

Шуъбаи табъу нашр дар назди Раёсати илми Донишкада ташкил шуда, бо фармони ректори донишкада ва роҳбарии бевоситаи муовини ректор оид ба илм фаъолият менамояд. 

Дар давоми соли ҳисоботии 2014 ба шуъбаи табъу нашр маводи зиёде, аз қабили китобҳои дарсӣ, дастурамалҳои таълимию методӣ, мақолаҳои илмӣ, тақризҳо ва дигар маводи таълимӣ бо мақсади таҳрир ворид гаштаанд. Маводи зикршуда аз таҳрири муҳаррирони шуъба гузашта, ба ҷаласаҳои Шӯрои илмӣ-методии донишкада ва ба дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор пешниҳод гардидаанд.

Боиси ифтихор ва дастгирист, ки донишкада нашрияи худро дорост ва он аз моҳи марти соли 2013 бо номи «Молия ва иқтисод» чоп мешавад. Он тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти донишкадаро дар саҳифаҳои худ инъикос намуда, моҳе ду маротиба бо теъдоди беш аз 3000 нусха нашр шуда, ба дасти хонанда мерасад. Ҳадафи асосии рӯзномаи «Молия ва иқтисод» инъикоси фаъолияти ҳаматарафаи таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ, методӣ ва умуман фаъолияти педагогии рӯзмарраи устодону кормандон ва ҳаёти донишҷӯён аст. Вобаста ба хусусиятҳои хоси фаъолияти ихтисосҳои амалкунандаи донишкада ва талаботи низомномаи рӯзнома мазмуну муҳтавои мақолаҳои муаллимону донишҷӯён рӯи чоп меоянд.

Тавре ки маълум аст, маҷаллаи илмии «Паёми ДМИТ» дар шуъбаи табъу нашр таҳия ва ба чоп омода мешавад. Ба шуъба барои чоп дар маҷаллаи илмӣ беш аз 40 мақолаи илмӣ ба забони тоҷикӣ ва русӣ ворид  шуд, ки онҳо аз тарафи муҳаррирони шуъба таҳрир ва ба талабот мутобиқ гардонда шуданд. Хушбахтона, моҳи майи соли 2014 нахустин шумораи маҷаллаи илмии «Паёми ДМИТ, № 1» ба табъ расид, ки 5 бахш: иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, табиӣ, гуманитарӣ ва филологияро фаро мегирад. Дар ҳамин бахшҳо асосан мақолаҳои илмии профессорону муаллимон ва аспирантони донишкада ҷой гирифтаанд. Айни замон нашри дуюми «Паёми ДМИТ» омодаи чоп аст.

Кор дар самти ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ дар соли ҷорӣ на он қадар хуб мебошад ва сабаби он муваққатан фаъолият накардани Шуроҳои диссертатсионӣ мебошад. Дар соли 2014 5 нафар аспирантону унвонҷӯён рисолаҳои номзадии худро дар назди кафедраҳои тахассусӣ аз муҳокимаи пешакӣ гузаронида, барои ба Шӯрои диссертатсионӣ пешниҳод намудан, омодагӣ мебинанд.

Нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки  таваҷҷуҳи устодон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва махусусан дар самти мавзуъҳои проблемавӣ бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ афзуда, то ба ҷое дар ҳалли муаммоҳои ҷойдошта саҳм гузоштанд. Аз нишондиҳандаҳои ҷадвал мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар соли 2013 ягон нафар ва дар соли 2014 бо сабабҳои дар боло зикркардашуда ҳамагӣ 2 нафар рисолаи номзадии худро ҳимоя кардаанду халос. 

Дар соли ҳисоботӣ дар аспирантураи донишкада 32 нафар аспирантон дар шакли таҳсили ғоибона ва 16  нафари дигар дар шакли унвонҷӯй таҳсил менамоянд ва ин заминаест барои афзун намудани потенсиали кадрии таълимгоҳ.

Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи кафедраю факултетҳо ва донишкада пайваста озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, конфронсҳои илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалӣ, семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалӣ, мизҳои мудаввар ва нишастҳои илмӣ-адабӣ гузаронида мешаванд. Соли 2014 дар донишкада 1 конфронси сатҳи байналмилалӣ (дар асоси нақшаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 6-7 майи соли 2014), 1 конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ(дар асоси нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 28 октябри соли 2014), 5 конфронси илмӣ-амалии донишкадавии  ҳайати устодону донишҷӯён, 2 онлайн-конфронс, 16 семинари илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалӣ, 14 мизи мудаввар, 6 силсила озмунҳо, 28 маҳфили илмии донишҷӯён, 17 ҷамъомади васеи тантанавии аҳамияти илмӣ-таърихӣ ва сиёсидошта баргузор гардиданд.

Χои зикраст, ки имсол маҳфили илмии “Коршиноси иқтисодӣ” кори худро оғоз намуд, ки аллакай байни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва берун аз он маъруфияти зиёдеро доро мебошад. Аз моҳи апрели соли ҷорӣ ин ҷониб 7 маротиба тибқи нақшаи тасдиқшуда дар доираи муаммоҳои характери молиявию иқтисодии илмӣ-амалидошта маҳфил баргузор гардидааст. Дар кори он мутахассисони дохили донишкада дар алоқамандӣ бо коршиносони соҳавӣ, мутахассисони варзидаи илмӣ масъалаҳои мубрами руз мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор мегиранд. Маҳфил зиёда аз 40 мавзуҳои мубрами рузро тибқи нақша дарбар гирифта, дар алоқамандӣ бо барномаи Стратегияи рушди иқтисоди миллии ΧТ барои солҳои 2015-2030 пешбинӣ гардидаанд. То инҷониб мутахассисони зиёди соҳаи иқтисод бо маърузаҳои мубрами руз иштирок ва баромад намудаанд, аз қабили Солиев А.А., Қудратов Р.Р., Воҳидов В.В., Сафаров Б.Г., Ниёзов Χ., Хайров Ш.Қ., Мирсаидов А., ки аз натиҷаи баҳсу мунозираҳо пешниҳодҳои муфид омода гардонида шуда, дар тадбиқи стратегияи миллӣ замина ба вуҷуд оварда ба вазорату ташкилотҳои дахлдор равона карда шудаанд. 

Иштирок дар озмунҳо, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти бевоситаи шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошад, ки сол то сол ру ба беҳбудӣ оварда истодааст. Ҳар сол дар донишкада чун анъана озмун-олимпиадаи донишҷӯён аз рӯи фанҳои тадрисшаванда гузаронида мешавад. Дар соли ҷорӣ 3-нафар донишҷу сазоворӣ ҷойҳои ифтихорӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, 2 нафар дар озмун-олимпиадаи аз тарафи Академияи илмҳои ҶТ гузаронидашуда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. 

Боиси қайд аст, ки кор дар самти пешниҳоди корҳои илмии донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки ҳамасола аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, аз ҷумла «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ-2014» 6 кори илмии донишҷӯёни донишкада пешниҳод гардид.

Соли ҷорӣ ҳайати устодон, аспирантон ва унвонҷӯёни ДМИТ дар конференсияҳои дараҷаҳои гуногун бо 608 маърӯзаҳо баромад намуданд.  Миқдори маърӯзаҳои донишҷӯён бошад, ба 56 адад мерасад.

Имрӯз дар назди кафедраҳо 32 маҳфили илмии донишҷӯён фаъолият дорад, ки аз инҳо дар  кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ - 2 маҳфил, дар кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ 6 маҳфили варзишӣ  ва дар боқимонда кафедраҳо бошад, 1-маҳфилӣ  бо донишҷӯён  кор мебаранд. 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба китобу китобхонӣ чунин ибрози ақида кардаанд: «Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст». 

Китобхонаи илмии ДМИТ аз 2 китобхонаи илмӣ ва 1 китобхонаи электронӣ иборат буда, фаъолияти кориро тибқи «Низомномаи китобхонаи илмии ДМИТ», «Низомнома дар бораи сохтори китобхонаи илмии ДМИТ ва вазифаҳои хидматии кормандони он», ки дар Шӯрои олимони донишкада аз «18» сентябри соли 2012 тасдиқ шудааст, ба роҳ мондааст.

Дар китобхонаи №1 61702 нусха ва №2 19269 нусха китоб маҳфуз аст. Дар маҷмуъ фонди китобхонаи илмии донишкада 92659 нусхаро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор, фонди умумии китобхонаи илмиро 29134 нусха китобҳои таълимӣ, 24103 нусха китобҳои илмӣ, 12604 нусха китобҳои бадеӣ, 10744 нусха дастуру барномаҳо, 4 нусха рисолаи илмӣ ва зиёда аз 50 нусха фишурдаи рисола ташкил медиҳанд. Дар китобхонаҳои электронии донишкада бошад, дар маҷмуъ 19951 нусха китоб маҳфузанд, ки соҳаҳои иқтисодиёт ва молия, математика, технология, педагогика ва психология, забон, сиёсат, ҳуқуқ ва бадеиро дар бар мегиранд. Китобхонаи илмии донишкада дорои 2 толори хониш буда, ба 196 ҷои нишаст мутобиқ карда шудааст. Ба он 572 нафар устодону кормандон ва 5831 нафар донишҷӯён аъзо мебошанд.