Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Нашр




Паём430x600.jpg



Чанде пеш аз тарафи устодони кафедраи метематикаи олии донишкада ду китоб тоза ба нашр. Яке воситаи таълимӣ бо номи “Назарияи эҳтимолият” ба нашр расид, ки ба қалами устодони донишкада ва Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур: С. Ғаффоров, А. Кабиров, Ш. Ғаффоров тааллуқ дорад. Дар он маълумотномаи мухтасар, намунаи ҳалли мисолҳою супоришҳои тестӣ оварда шудаанд.


Дар бисёр соҳаҳои илм, аз ҷумла иқтисодиёт, техника, тиб, физика ва ғайра ҳангоми тадқиқотҳо ва ҳалли масъалаҳои амалӣ омилҳои тасодуфие дучор меоянд, ки ба натиҷаи кор таъсири худро мерасонанд. Бинобар ин, зарурати омӯхтани ҳодисаҳои тасодуфӣ ба миён меояд. Омӯзиши эҳтимолияти рӯйдиҳии ин ҳодисаҳоро яке аз фаслҳои илми математика - назарияи эҳтимолият ба зимма дорад.


Бо дарназардошти муҳимияти ин масъала ин китоб рӯи чоп омадааст .









Паём430x600.jpg



Дастурамали “Татбиқи усулҳои математикӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ” (Намунаи ҳалли масъалаҳо ва супоришҳои тестӣ) аст, ки муаллифонаш устодони кафедраи математикаи олии донишкада М. Шодмонов ва А. Кабиров мебошанд.


Лозим ба ёдоварист, ки усулҳо (методҳо)-и математикӣ дар иқтисодиёт ин самти илмӣ дар иқтисодиёт буда, дар тадқиқи система ва равандҳои иқтисодӣ бо ёрии моделҳои математикӣ истифода мешаванд.


Дар васоити таълимии мазкур бошад, намунаи ҳалли бештар аз 300 масъалаи иқтисодӣ нишон дода шуда, бештар аз 1000 масъала дар шакли супориши тестӣ пешкаши донишҷӯён гардидааст.

Васоити таълимӣ барои боз ҳам беҳтар аз худ намудани мавзӯъҳои назариявӣ ва дуруст интихоб намудани тарзи ҳалли масъалаҳои математикӣ ба донишҷӯён кумаки зарурӣ мерасонад.










Паём430x600.jpg



Ба наздикӣ китоби дарсии «Математикаи элементарӣ»-и Абубакр Кабиров ва Мизрон Солиев, муаллимони калони кафедраи математикаи олии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯи чоп омад.

Китоби дарcӣ аз 4 боб - арифметика, алгебра, тригонометрия ва геометрия иборат аст. Дар китобҳои таълимии мактабӣ қисми назариявии ин бобҳо ба қадри кофӣ дарҷ ёфтаанд, бинобар ин муаллифон қисмҳоро фишурда нишон дода, барои баланд бардоштани дониши назариявӣ, маҳорати ҳисобкунӣ ва малакаи эҷодии толибилмон намунаи тарзҳои гуногуни ҳалли мисолу масъалаҳоро нишон дода, супоришҳоро барои корҳои мустақилона дар шакли тестӣ пешниҳод намудаанд.

Китоби мазкур асосан барои машғулиятҳои амалӣ пешниҳод шудааст ва умед аст, ки он барои боз ҳам беҳтар аз худ намудани мавзӯъҳои назариявӣ ва дуруст интихоб намудани тарзи ҳалли масъалаҳои математикӣ ба толибилмон кумаки зарурӣ мерасонад.

Ин китоб барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо системаи кредитии таҳсилот фаро гирифта шудаанд, хонандагони мактабҳои миёна, литсейҳои касбӣ, дохилшавандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва шахсоне, ки мустақилона ин фанро аз худ карданианд, пешкаш карда мешавад.







 


Паём430x600.jpg


Чанде пеш васоити таълимии устодони кафедраи математикаи олӣ Бахтиёр Саидов ва Абубакр Кабиров бо номи “Математикаи олӣ барои иқтисодчиён” зери таҳрири доктори илмҳои физика-математика, профессор Нурулло Усмонов рӯи чоп омад. Он нишондодҳои методӣ ва намунаи супоришҳои тестиро дар бар мегирад.

Васоити таълимӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки бо низоми кредитии таҳсилот фаро гирифта шудаанд, пешниҳод мешавад. Маҷмӯаи ҳалли мисолу масъалаҳо ва супоришҳои тестӣ дар асоси барномаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии равияи иқтисодидошта тартиб дода шудааст. Намунаи ҳалли мисолу супоришҳои тестӣ барои корҳои мустақилона вобаста ба бобҳо бештар аз 2500 мисолу масъаларо дар бар мегирад.

Дар интиҳои супоришҳои тестӣ барои корҳои мустақилона ҷавобҳои дурусти саволҳо оварда шудаанд, ки иҷрокунанда натиҷаи кори худро бо он муқоиса карда метавонад.

Васоити таълимӣ барои боз ҳам беҳтар аз худ намудани мавзӯъҳои назариявӣ ва дуруст интихоб намудани тарзи ҳалли масъалаҳои математикӣ ба толибилмон кумаки зарурӣ мерасонад.








 



Паём430x600.jpg

Чанде пеш васоити таълимӣ бо номи «Тоҷикистон - ташаббускори ҳалли масоили об» рӯи чоп омад, ки мураттибони он Асомуддин Қаландаров, н. и. п., дотсенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ ва Фаридулло Убайдуллоев, устоди кафедраи назарияи иқтисодӣ мебошанд.

Васоит суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба масоили об, ки аз минбари созмонҳо ва симпозиумҳои муҳим ироа гардидаанд, дар бар мегирад.

Чун кишвари мо ташаббускори «Даҳсолаи об барои рушди устувор (2018-2028)» маҳсуб мешавад, омӯзиши маводи мазкур имконият медиҳад, ки донишҷӯён дар раванди таълими фанҳои тадрисшаванда ба ташаббусҳою иқдомҳои наҷибонаи Сарвари давлат доир ба масъалаҳои ҳалталаби об чӣ дар сатҳи минтақавию чӣ дар сатҳи байналмилалӣ шинос шаванд ва роҳу усулҳои ҳифз ва механизмҳои иқтисодии истифодаи самараноки захираҳои обиро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ пайгирӣ намоянд.

Ҳамзамон маводи мазкур ҷиҳати ташаккулёбии ҷаҳонбинии илмӣ, тафаккури экологию иқтисодӣ ва баланд бардоштани малакаю маҳорати амалии донишҷӯён саҳми назаррас мегузорад, ки он яке аз шартҳои асосӣ дар раванди тайёр намудани мутахассисони соҳаи иқтисодӣ мебошад.

Васоити мазкур рӯзмарра буда, барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ, амалӣ ва корҳои мустақилона на танҳо барои донишҷӯёни равияи иқтисодидошта, балки барои дигар ихтисосҳо низ муфид аст. Истифодаи омори дуруст оид ба масъалаҳои об аз маводи мазкур сарчашма мегирад.




 

Паём430x600.jpg



Ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд маводи ҷолиб аз чоп баромад. Аз ҷумла китоби «Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон - зодаи истиқлолият» рӯи чоп омад, ки дар он дастовардҳои донишкада ҳамчун зодаи соҳибистиқлолият мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Дар ҷараёни таҳлил мавқеъгирии донишкада дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ инъикос карда мешавад. 

Аз ҷумла корҳое, ки барои амалигардонии мақсадҳо дар донишкада ва сохторҳои он амалӣ гаштаанд, мавриди таҳлил қарор дода шудаанд. Китоб барои доираи васеи хонандагон, менеҷерон, олимон, муҳаққиқон, аспирантон, хизматчиёни давлатӣ ва донишҷӯёну довталабон пешбинӣ гардидааст.



 








Паём430x600.jpg



Аз тарафи мудири кафедраи аудит ва ревизияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Орзуев П.Ҷ., васоити таълимӣ аз фанни баҳисобгирии идоракунӣ дар ҳаҷми 29 ҷ.ч. соли ҷорӣ (2017) дар ҳаммуаллифӣ аз нашр баромад. 

Дар васоити таълимӣ ҷанбаъҳои назариявӣ ва амалии ташкили баҳисобгирии идоракунӣ дар субъектҳои хоҷагии соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гардидааст. Моҳият, вазифа, мавқеъ ва нақши баҳисобгирии идоракунӣ дар низоми умумии идоракунии корхонаҳо, қисмҳои таркибӣ, объектҳои асосӣ, усулҳо ва тарзи ба роҳ мондани он дида баромада шудааст. Мундариҷаи васоити таълимӣ бештар омӯзиши хароҷот ва таснифоти он, усулҳои баҳисобгирии хароҷот ва арзишмуайянкунӣ, низоми буҷанигорӣ, қабули қарорҳои идоракунии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат, баҳисобгирӣ ва ҳисоботи дохилӣ, хусусиятҳои баҳисобгирии хароҷот ва арзишмуайянкунӣ дар соҳаҳои гуногун ва дигар унсурҳои баҳисобгирии идоракуниро фаро гирифтааст. 

Он барои донишҷӯён ва магистрантони ихтисосҳои иқтисодии муассисаҳои олии таълимӣ, аспирантон, унвонҷӯён, устодони макотиби олӣ ва мутахассисони соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ таълиф гардидааст.

 








Паём430x600.jpg

Чанде қабл монографияи н.и.и., дотсент Музаффаров Б.С. бо номи «Таҳлили фаъолияти сармоягузорӣ дар бахши кишоварзии минтақаҳо» рӯи чоп омад.
Монография барои сайқал додани дониши назариявии донишҷӯён, магистрантон, аспирантон ва унвонҷӯён ва дигар тахассусҳои иқтисодиро низ дар худ таҷассум намуда, бо мақсади мустаҳкамгардонии донишҳои назариявӣ ва амалии тахассусӣ дар раванди таълим, мувофиқи тавсифномаи тахассусӣ барои иқтисодчиён таҳия карда шудааст.
Монография  аз 3-боб иборат буда, дар қисми аввал  масъалаҳои асосии фаъолияти сармоягузорӣ дар бахши аграрии иқтисодиёт омӯхта мешаванд. Мафҳумҳое ба мисли назарияҳои муосир оид ба сармоягузорӣ ва мазмуни фаъолияти сармоягузорӣ баррасӣ мешаванд. Ба таври муфассал ҳолати муосири фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ва ҳолати муносибатҳои молиявию қарзӣ ва ҷалби сармоягузориҳои қарзӣ дар соҳаи кишоварзӣ омӯхта шудаанд. Дар боби дуввум ва сеюми монография самтҳои асосӣ ва роҳҳои баланд бардоштани фаъолияти сармоягузории корхонаҳои кишоварзии вилояти Хатлон ва омилҳои маҳдудкунандаи фаъолияти сармоягузории корхонаҳои кишоварзӣ ва роҳҳои асосии фаъолгардонии он оварда шудаанд. 
Чӣ тавре ки маълум аст, фаъолияти сармоягузорӣ ин системаи марҳилаи бо ҳам алоқаманд ва доимо такроршавандаи давраи сармоягузорӣ буда, ҷараёни захираи сармоягузорӣ, афзоиши истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ бо воҳиди иқтидори моддии истифодашуда, афзоиши даромад, инчунин тақсимоти даромад ва ташаккули талаботи сармоягузориро дар бар мегирад.
Бояд қайд намуд, ки таҳия ва нашри монография ба забони давлатӣ, ки фарогири илмҳои иқтисодӣ, самт ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии сармоягузории дар соҳаи кишоварзии мамлакат, шакл ва механизми ҳамкории байни соҳавӣ дар низоми бахши кишоварзии минтақаҳо ва дар маҷмӯъ роҳҳои баланд бардоштани фаъолияти сармоягузории корхонаҳои кишоварзии ҷумҳуриро дар бар мегирад, барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисосӣ соҳаи иқтисодии мамлакат дар замони муосир хеле муфид мебошад.
Монография ба талаботи рӯз ҷавобгӯ буда, барои донишҷӯён, магистрантон, аспирантҳо ва унвонҷӯён ҳамчун як маводи ёрирасон шуда метавонад. .



 




Паём430x600.jpgБоиси хушнудист, ки маҷаллаи илмии «Паёми Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон» пас аз интизориҳои зиёд рӯи чоп омад.


Маҷалла бо сифати баланд ба теъдоди 100 нусха нашр шуда, аз 5 бахш: иқтисод, ҳуқуқ, табиӣ, гуманитарӣ ва филологӣ иборат аст. Дар маҷалла мақолаҳои илмии 42 нафар устодону профессорони донишкада гирд оварда шудааст. Маҷалла тавассути шуъбаи табъу нашр ба муаллифон ройгон тақсим карда мешавад.


Ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Паёми ДМИТ» аз устодони донишкада хоҳиш менамояд, ки барои чопи мунтазами он мусоидат намуда, мақолаҳои илмии хешро мутобиқ ба талабот таҳия намуда, ба идораи маҷалла пешниҳод кунанд.







Каримов430x600.jpg

Ба тозагӣ китоби Нурмуҳаммад Каримов, устоди кафедраи баҳисобгирӣ муҳосибӣ ва аудит бо номи «Тафсири мафҳумҳои иқтисодӣ» зери таҳрири н.и.и., дотсент Раҳимов С.Х. рӯи чоп омад. Дар васоити ёрирасони таълимии мазкур мафҳумҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва фаъолияти аудиторӣ тафсир карда шудаанд. Вобаста ба талаботҳои иқтисоди бозорӣ донистани мазмуну мундариҷа ва тавсифи луғавии мафҳумҳои иқтисодӣ ба мутахасисони соҳаи ҳисобдорӣ, таҳлил ва аудит зарур аст. Корбасти ин мафҳумҳо аз муҳассилин талаб менамояд, ки дониши иқтисодии худро баланд бардоранд.


Омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи истилоҳот зарурати таҳияву таҳлили истилоҳномаю луғатномаҳои соҳавиро ба миён меорад. Имрӯз донишҷӯёну мутахассисони мо ниёз ба адабиётҳои тахассусӣ бо забони давлатӣ, инчунин ба вожаномаҳои иқтисоди бозаргонӣ доранд. Дастуруламали мазкур низ бо ҳамин мақсад таҳия шудааст.

Шумораи тафсири истилоҳоти дар дастур овардашуда ниҳоят фишурдаанду соҳавӣ. Дастури мазкур барои мутахассисони соҳаҳои ҳисобдорӣ, аудит, молия, қарз аз аҳамият холӣ набуда, истифодаи амалии он барои мутахассисони соҳаи иқтисодиёт, кормандони илм, донишҷӯён ва устодони макотиби олӣ дастури хубест.





Педагогика430x600.jpg

Таълим додан ва тарбия намудани насли нави давронсоз дар ҷомеаи муосир муҳимтарин омилу воситаи расидан ба ҳадафи воқеан волою муқаддас мебошанд. Дастури таълимие, ки Носиров С.Ш., н.и.п., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар ҳамдастӣ бо Давлатова М.Д., омӯзгори ҳамин кафедра таҳти унвони «Педагогика» барои низоми кредитии таҳсилот таълиф намуда, рӯи чоп оварданд, ифшои ҳамин рози мубрам буда, роҳи наздик ва осонтарини шарафёб гардидан ба ин мақсади олии инсониро барои хонанда арза медорад.


Дастури мазкур ҳамчун маҷмӯаи таълимию методӣ барои низоми кредитии таҳсилот масъалаҳои муҳимтарини педагогикаро фаро гирифта, дар он барномаи таълимии корӣ (Силлабус), маҷмӯи лексияҳо, саволномаҳои тестии имтиҳонӣ ва ҳамчунин панду ҳикматҳо дар боби таълиму тарбия ва одаму одамгарӣ ҷой дода шудааст, ки зимни тадриси фанни педагогика барои донишҷӯёну устодон ёрӣ мерасонад. Ишора бояд кард, ки моҳияту мазмуни мавзӯъҳои дар маҷмӯаи лексияҳо дарҷшуда асосан фарогири соҳаи иқтисодӣ мебошанд. Гуфтан мумкин аст, ки воситаи таълимии мазкур ба педагогикаи иқтисодӣ нигаронида шудааст.

Ин китоб барои донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисоду молия, муаллимон, аспирантон ва дигар мутахассисони соҳаи таълиму тарбия тавсия мешавад.




Мирзоев430x600.jpgЧанде пеш китоби нави номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии донишкада Ғуломҷон Мирзоев бо номи “Дипломатия: қоида ва меъёрҳои ташрифотӣ” рӯи чоп омад. 

Тавсеа ва инкишофи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон зарурати тайёр кардани мутахассисони маҳорати касбии баланди дипломатидоштаро ба миён мегузорад. Азбаски дипломатия барои Тоҷикистон яке аз соҳаҳои нав ба шумор меравад ва муассисаҳои таълимии ин соҳа низ тозабунёданд, ба бисёр воситаҳои таълимӣ, аз ҷумла ба китобҳои дарсии фанҳои мухталифи тахассусӣ ба забони тоҷикӣ ниёз доранд. 

Ташрифоти дипломатӣ яке аз он фанҳои ишорашуда ба шумор меравад, ки барои таълими он то ба ҳол китоби дарсӣ ба забони тоҷикӣ таҳия нагардидааст. Бо тақозои таъмини ҳамин зарурат аввалин китоби дарсӣ аз тарафи пажӯҳишгари серсоҳа ва олими пурмаҳсул Мирзоев Ғ. таҳия ва манзури хонандагон гардонида шуд. 

Китоб аз муқаддима, 14 боб, замимаҳо ва феҳрасти адабиёт иборат буда, тамоми мавзӯъҳои марбут ба қоида ва меъёрҳои маросимӣ ва ташрифоти дипломатиро дар бар мегирад, ки онҳо ҷонибҳои гуногуни назария ва амалияи фаъолияти дипломатиро оғоз аз мафҳуми дипломатия то ба мавзӯъҳои тахассуси дипломатӣ, навъҳои дипломатҳо ва намояндагиҳои дипломатӣ, тартиби барқарор кардани равобити дипломатӣ, чигунагии шурӯъ ва анҷоми фаъолияти дипломатӣ, мусоҳибаҳо ва мукотибаҳои дипломатӣ, тартиби анҷом додани онҳо, қоидаҳои гузаронидани пазироиҳои дипломатӣ ва теъдоди зиёди масъалаҳои дигари маросимиву ташрифотиро мавриди таҳлил қарор додаанд. 

Маводи дар китоби мазкур гирдомада, на танҳо барои донишҷӯёни факултетҳои равобити байналмилалӣ, дипломатҳо, балки барои ҳамаи онҳое, ки ба мавзӯъ мароқ зоҳир мекунанд, судманд буда метавонад.