Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Доктор PhD

Низомномаи намунавии ташкили омўзиши назариявӣ ва таҳқиқоти илмӣ дар докторантура аз рўи ихтисоси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон


I. Муқаррароти умумӣ



1. Низомномаи намунавии мазкур (минбаъд-Низомнома) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илм ва техника», Низомномаи докторантура аз рўи ихтисос, ки бо қарори ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, № 127 тасдиқ шудааст, Стандарти давлатии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (докторантура), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013, № 341 тасдиқ шудааст ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, сохтор, мундариҷа ва шартҳои омўзиши назариявӣ ва таҳқиқоти илмиро аз рўи самти тайёр намудани доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ муайян менамояд.


2. Таълимгирандагони докторантура аз рўи самти тайёр намудани доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос (минбаъд-докторантура) дар доираи  аз худ намудани барномаҳои таълимии докторӣ курси омўзиши назариявиро мегузаранд ва таҳқиқоти илмии асилро мустақилона амалӣ менамоянд, ки натиҷаҳои он дар шакли рисолаи докторӣ ба расмият дароварда мешаванд.


3. Воҳидҳои сохторие, ки омодагии ихтисосҳои докторантураро аз рўи ихтисос амалӣ менамоянд, институтҳо, факултетҳо, кафедраҳо ва дигар зерсохторҳое, ки барои пешниҳод намудани хизматрасонии таълимӣ аз рўи яке аз самтҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ махсус гардинида шудаанд, маҳсуб меёбанд. 


4. Талабот ба дараҷаи тайёр намудани шахсоне, ки барномаҳои таълимии докторантураро  аз худ намудаанд, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои докторантҳо бо Низомномаи докторантура аз рўи ихтисос ва Стандарти давлатии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (докторантура) муайян карда мешаванд.