Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Аспирантура

I. МУҚҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.1. Низомномаи мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 17.05.2004 № 34, Низомнома оид ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию-педагогӣ дар Тоҷикистон аз 2.07.2008 № 308  ва Оинномаи ДМИТ  тартиб шудааст 
1.2. Роҳбарияти умумии аспирантураро ноиби ректор оид ба илм ба роҳ мемонад. Роҳбарии бевосита ба кори аспирантура мудири аспирантура ба ӯҳда дорад.
1.3. Роҳбарии бевосита ба корҳои илмӣ – тадқиқотии аспирантҳоро ноиби ректор оид ба илм, мудири кафедраи тахассусӣ ва роҳбарони илмӣ ба роҳ мемонанд.
1.4. Аспирантура яке аз усулҳои асосии тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию-педагогӣ ба шумор меравад, ки барои баланд бардоштани дараҷаи илмӣ ва  илмию-педагогӣ имконият медиҳад. Дар аспирантура тайёр кардани кадрҳо аз рӯи номгӯи амалкунандаи ихтисосҳо (феҳрасти ихтисосҳо замима мегардад) сурат мегирад. Аспирантураи донишкада бо қарори  мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6.09.2001 № 11 фаъолият мекунад.

II.ТАРТИБИ ТАҲСИЛ ВА ҚАБУЛ БА АСПИРАНТУРА

2.1. Таҳсил дар аспирантура ба тариқи рӯзона ва ғоибона аст. 
2.2. Мӯҳлати таҳсил дар шӯъбаи рӯзонаи аспирантура  3 сол, дар шӯъбаи ғоибона 4 сол мебошад.
2.3.  Ба аспирантура шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълумоти олии пурра (мутахассис) доранд ё магистратураро бо баҳои хубу аъло хатм намудаанд қабул карда мешаванд.
2.4. Таҳсил дар аспирантура шартномавӣ мебошад. Барои мутахассисони ҷавон, ки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудаанд, устодон ва кормандони донишкада таҳсил бепул мебошад. Баъд аз хатми аспирантура дар ҳолати иваз намудани ҷои кор, онҳо бояд пурра маблағи таҳсили аспирантураро баргардонанд ё ба таври ҳатмӣ дар донишкада 3 сол фаъолияти илмӣ-педагогиро анҷом диҳанд.
2.5. Ҳангоми зарурат ДМИТ тайёрии мақсадноки аспирантон ва унвонҷӯёнро аз ҳисоби устодон ва кормандони донишкада дар мактабҳои олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои давлатҳои хориҷи наздик аз маблағҳои худӣ ё тибқи қарордоди тарафайн ва созишномаҳои байнидавлатӣ ба роҳ мемонад. 
Мутахассисоне, ки аспирантураи мақсаднокро хатм намудаанд, вазифадоранд, ки ба донишкада баргарданд. Дар ҳолати барнагаштан онҳо маблағи таҳсили аз ҳисоби ДМИТ пардохташударо бармегардонанд. 
2.6.  Ҳангоми зарурат ДМИТ метавонад аспирант ё унвонҷӯи худро ба мактабҳои олӣ,  пажӯҳишгоҳҳои давлатҳои хориҷаи дуру наздик барои ҷамъовардани маводи илмӣ, муҳокима ва ҳимояи рисолаи илмӣ сафарбар намояд, ки тибқи қарордоди тарафайн ва созишномаҳои байнидавлатӣ сурат мегирад. Баъд аз бозгашт аспирант ё мутахассис фаъолияти илмӣ-педагогиро дар  донишкада давом медиҳад. Дар ҳолати  аз ДМИТ ба дигар муассиса гузаштан аспирант ё унвонҷӯ  вазифадор аст, ки тамоми сарфу харочоти ДМИТ-ро баргардонад.
2.7. Шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ ва давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба аспирантура тибқи қарордод ва ё созишномаҳои байнидавлатӣ қабул карда мешаванд.
2.8.Ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантура шаҳрвандони Чумхурии Тоҷикистон, шахсони синнашон то 35-сола, ба шӯъбаи ғоибона шахсони синнашон то 45-сола қабул карда мешаванд.
2.9 Мутахассисони ҷавон баробари хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудаанд) бо пешниҳоди Шӯрои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ метавонад ба имтиҳонҳои қабули аспирантура иштирок намояд. Мутахассисони дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дар сурати доштани собиқаи кори 2-сола метавонанд баъд аз супоридани имтиҳонҳои қабул ба аспирантура қабул шаванд.
2.10. Шахсоне, ки аспирантураро хатм намудаанд  ҳуқуқи бори дигар ба аспирантура дохил шудан надоранд.
2.11. Ба аспирантура ҳуҷҷатҳои зерин супорида мешавад:
• ариза ба номи ректор;
• варақаи шахсии аз тарафи шӯъбаи кадрҳо тасдиқгардида бо  4 дона расми 3x4) ;
• нусхаи дипломи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо замимааш (шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар дигар давлатҳо хатм намудаанд, ҳуҷҷати  ба дипломи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҶТ баробар)-ро пешниҳод менамоянд (баъд аз нострификатсияи ҳуҷҷати таҳсилот);
• рӯйхати корҳои  нашршудаи илмӣ ё реферат аз ихтисоси интихобшуда (20-25 саҳ.); 
• тавсияи шӯрои олимон (барои мутахассисони ҷавон);
• маълумотнома дар бораи  супоридани имтиҳонҳои минимуми номзадӣ формаи 2.2.
• справкаи тиббӣ 086-У;
• розигии хаттии роҳбари илмӣ.
Паспорт ва диплом дар бораи хатм намудани мактаби олӣ шахсан ба шӯъбаи аспирантура  пешниҳод карда мешавад.
2.12. Қабул ба аспирантура ҳар сол дар моҳи  сентябр-октябр гузаронида мешавад. Барои қабул  ба аспирантура бо фармони ректор комиссияи қабул ташкил дода мешавад. Раиси комиссия ректори донишкада мебошад. Ба ҳайати комиссия олимони тахассуси олии илмӣ, илмию- педагогӣ (доктор ва номзадҳои илм) ва инчунин роҳбарони илмии аспирантҳо дохил карда мешавад. Дохилшаванда ба аспирантура пеш аз имтиҳонҳо ба кафедраи мансуб реферат пешниҳод намуда, аз сӯҳбати  роҳбари ояндаи худ мегузарад. Роҳбари илмӣ фикру ақидаи худро дар бораи дохилшаванда хаттӣ ба комиссияи қабул пешниҳод менамояд. Қарори комиссия дар асоси пешниҳоди роҳбари илмӣ дар бораи иштирок кардан ё накардани он ба имтиҳонҳо дар муддати як ҳафта ба дохилшаванда расонида мешавад.
2.13. Дохилшавандагон ба аспирантура аз фанҳои зерин имтиҳон месупоранд:
• ихтисос (мувофиқи ҳаҷми амалкунандаи барномаи давлатӣ барои мутахассисон ё магистрон сохташуда);
• фалсафа;
• забони хориҷӣ (англисӣ)
2.14. Дар аспирантура имтиҳонҳои қабул аз ҷониби комиссияҳое, ки бо фармони ректори донишкада таъин карда шудаанд, гузаронида мешаванд. Ба ҳайати комиссия профессор ё доктори илм, ки ба ин ё он соҳаҳои илм тааллуқ дорад дохил мешавад. Бинобар набудани доктори илм ба ҳайати комиссия номзадҳои илм, дотсентон дохил мешаванд, ва аз забони хориҷӣ- муаллимони баландихтисосе, ки дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ надошта бошад ҳам дохил карда мешаванд.
Шахсоне, ки аз як фанни имтиҳони қабул баҳои ғайриқаноатбахш   гирифтаанд, барои супоридани имтиҳони дигар иҷозат дода намешавад.
2.15. Агар дохилшаванда магистратураро бо дипломи аъло хатм намуда бошад: ба аспирантура бе имтиҳон қабул карда мешавад (дар сурате, ки дар нақшаи шахсии магистр имтиҳонҳо аз фанни фалсафа, забони хориҷӣ ва фанни ихтисос ҷой гирифта бошад). 
2.16. Ба шахсоне, ки барои супоридани имтиҳоноти аспирантура роҳ дода шудаанд, ба мӯҳлати 30 рӯзи тақвимӣ рухсатӣ дода мешавад ва зимни ин корхона музди миёнаи корашонро мепардозад (Қонуни меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 98).
2.17.  Комиссияи қабул натиҷаҳои санҷишҳои дохилиро барои ҳар як номзад омӯхта, қарори махсус қабул менамояд. Карор дар бораи қабул ба аспирантура ё инкори он дар  муддати панҷ рӯзи пас аз анҷоми кори комиссия эълон карда мешавад. Қабули довталабон ба аспирантура баъди супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ бо фармони ректори донишкада тасдиқ карда мешавад.
2.18. Шахсоне, ки ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантура дохил шудаанд, мувофиқи қонунгузории меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор озод карда мешаванд.
2.19. Ба аспирантони шӯъбаи рӯзона, ки аз ҳисоби буҷет таҳсил мекунанд дар ҳаҷми муайянкардашуда  стипендия (идрор) дода мешавад. Дар соли якуми таҳсил баъд аз дохилшудан, дар 2-юм ва 3-юм соли таҳсил баъд аз гузаштани аттестатсияи солона бо қарори кафедра, факултет ва мувофиқа бо шӯъбаи аспирантура ба шӯрои олимони ДМИТ барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.   
• Ректори донишкада ба стипендияи аспирантон ба таври иловагӣ маблағ ҷудо карда метавонад. 
• Ба аспирантон аз рӯи тартиби муайянкардашуда стипендияи давлатии номӣ,  стипендияи Президентӣ дода мешавад, ки он баъд аз қабул шудани қарори Шӯрои олимони донишкада ва баъд аз тасдиқ дар мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
• Стипендияи номии донишкада (дар ҳолати вуҷуд доштанаш)бо тартиби муқарраршуда, бо қарори Шӯрои олимон аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷавӣ муайян карда мешавад.
2.20. Аспирантон дар тӯли таҳсил вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:
• пурра иҷро намудани нақшаи инфиродии таҳсил;
• супоридани имтиҳонҳои номзадӣ ;
• анҷоми намудани  рисола ва гузаронидани он аз ташхиси пешакӣ
2.21. Таҳсил дар аспирантураи рӯзона ба собиқаи кории илмӣ ва илмию- педагогии онҳо дохил карда мешавад. 
2. 22. Аспирантоне, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанд ва дар шӯъбаи рӯзона таҳсил мекунанд дар давоми таҳсил ва ҳимояи рисолаи номзадӣ аз хизмати ҳарбӣ боздошта мешаванд
2.23. Нақшаи кори инфиродии аспирантон дар кафедра ва шӯрои олимони факултетдар мӯҳлати 3 моҳ баъд аз дохилшудан тасдиқ мегардад.
2.24. Мавзӯи илмии рисолаи номзадии аспирант бо пешниҳоди кафедраҳо дар мӯҳлати 3 моҳ баъд аз дохилшудан дар шӯрои олимони ДМИТ тасдиқ карда мешавад. 
2.25. Роҳбарони илмии аспирантон (докторони илм, профессорон) аз ҷониби ректори донишкада барои ҳар як аспирант баробари рӯзи қабули он ба аспирантура тасдиқ карда мешаванд  Дар баъзе мавридҳо номзадҳои илм низ бо қарори шӯрои олимони донишкада ба аспирантон мувофиқи ихтисосашон роҳбар таъин карда мешаванд. 
2.26. Агар аспирант дар ихтисосҳои ба ҳам наздику алоқаманд ба тадқиқоти илмӣ машғул бошад, доштани ду роҳбар ё роҳбару мушовир, ки яке аз онҳо метавонад номзади илм бошад иҷозат дода мешавад.
2.27. Теъдоди аспирантоне, ки ба як роҳбари илмӣ (доктори илм)вобаста карда мешаванд,  набояд аз 5 нафар  ва ба номзади илм, дотсент аз 3 нафар зиёд набошад.

ТАЛАБОТҲО

ба номзадони илм, ки роҳбари илмӣ шуда метавонад:
• доштани мавзӯъи тасдиқшудаи рисолаи докторӣ;
• собиқаи илмии панҷсола баъд аз ҳимояи рисолаи номзадӣ
Номзади илм барои роҳбари илмӣ шудан ба шӯрои олимон ҳуҷҷатҳои зеринро пещниҳод менамояд:
• ариза ба номи ректор; қарори кафедра оид ба имконияти роҳбари илмӣ шудан;
• рӯйхати корҳои чопшуда (ф.16) дар давом 5 соли охир
Роҳбари илмии беруна (доктори илм, профессор ва номзади илм, дотсент) ба шӯрои олимони ДМИТ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод менамояд:
• ариза ба номи ректори ДМИТ;
• қарори кафедра оид ба имконияти роҳбари илмӣ шудан;
• рӯйхати корҳои чопшуда (ф.16) дар давоми 5 соли охир;
• нусхаи дипломи доктори илм ё номзади илм;аттестати профессор ё дотсент.
2.28. Роҳбари илмӣ барои пешниҳоди ҳисоботи нимсола ва солонаи ҳисоботи аспирант оид ба корҳои илмӣ ва илмию-педагогӣ ба шӯъбаи аспирантура масъулият дорад .
2.29. Роҳбари илмӣ  ҳисоботи солонаашро дар охири ҳар як соли таҳсил ба шӯъбаи аспирантура месупорад.
2.30. Иштироки роҳбари илмӣ дар ҷаласаҳои кафедра оид ба аттестатсияи аспирантон ҳатмист.
2.31. Музди меҳнати роҳбари илмии аспирант бо ҳисоби 100 соат дар як сол барои як аспирант пардохта мешавад ,аз он ҷумла, барои ду роҳбари аспирант низ ҳамин тавр дода мешавад. Ба роҳбари илмии аспиранте, ки дар мӯҳлати муқарраршуда рисолаи номзадиашро ҳимоя мекунад, ба андозае ду маоши корӣ мукофотпулӣ дода мешавад. 
Роҳбари илмӣ ҳуқуқ дорад:
•  истифодаи қоидаҳо дар бораи кормандони илмӣ – педагогӣ донишкада, ки дар Ойинномаи ДМИТ дар назар дошта шудааст;
•  масъалагузорӣ кардан дар бораи пеш аз мӯҳлат хориҷ кардани аспиранте, ки нақшаи инфиродиро иҷро накардааст.
Роҳбари илмӣ ӯҳдадор аст:
• бо дохилшавандаи аспирантураи сӯҳбати пешакӣ гузаронад;
• ба аспирант ё унвонҷӯ дар интихоби мавзӯи тадқиқоти номзадӣ ёрӣ расонад;
• иҷроиши нақшаи кори инфиродии аспирантро назорат карда ва барои дар сари вакт иҷро намудани нақша инфиродӣ масъулият дорад;
•  дар бораи кори номзадии аспирант ё унвонҷӯй, ки ба Шӯрои ҳимоя пешҳод мешавад, тақриз тайёр кунад.
2.32. Аспирантон аз донишкада ба дигар муассисаи таълимӣ ё муассисаи илмӣ, инчунин аз таҳсили рӯзона ба ғоибона ва аксар аз ғоибона ба рӯзона, аз ҳисоби маблағи мавҷуда бо иҷозати ректор гузашта метавонанд:
• Интиқоли аспирант аз таҳсили рӯзона ба ғоибона давоми соли таҳсил дар асоси аризаи ӯ бо назардошти иҷроиши нақшаи инфиродӣ ва розигии кафедра мегузарад;
• Интиқоли аспирант аз таҳсили ғоибона ба рӯзона танҳо баъди аттестатсияи солона ва бо назардошти ҷойҳои холии буҷавӣ дар ДМИТ  мегузарад;
• Барои интиқол аз таҳсили ғоибона ба рӯзона аспирант ба шӯъбаи аспирантура то 1.12. ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- ариза ба номи ноиби ректор оид ба илм;
- беруннависи кафедра оид ба аттестатсияи солона;
- дархости кафедра оид ба интиқол;
- дархости роҳбари илмӣ оид ба интиқол.
2.33.Аспирантон барои иҷрои кори илмии худ баробари кормандони илмию педагогии донишкада аз таҷҳизот, лабораторияҳо, кабинетҳо, китобхонаҳо истифода мебаранд. Онҳо ҳуқуқи ба сафарҳои хизматӣ, аз ҷумла ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, марказҳои илмии бурунмарзӣ рафтан ҳуқуқц доранд (дар сурати мавҷудияти маблағ ва розигии ректори донишкада). 
2.34. Аспирантон ҳар сол аз аттестатсияи кафедра гузаронида мешаванд. Аспирантоне, ки дар мӯҳлати муқарраршуда аз ӯҳдаи иҷрои нақшаҳои корҳои илмию тадқиқотӣ набаромаданд, бо фармони ректори донишкада аз аспирантура хориҷ карда мешаванд. Аспирантоне, ки то охири таҳсил аз аспирантура хориҷ карда шудаанд аз ҳисоби маблағи мавҷудаи донишкада бо розигӣ ва фармони ректори донишкада аз нав барқарор шуда метавонад.
2.35.Тартиби дароз намудани таҳсил дар шӯъбаи ғоибона ва шартномавии аспирантура дар салоҳияти ректори ДМИТ мебошад.  
2.36. Аспирантони таҳсили рӯзона,ки нақшаи инфиродиро бомуваффақият иҷро мекунанд, бо иҷозати ректори ДМИТ аз рӯи ихтисос ба тариқи соатбайъ, вале на бештар аз 50% мизои (ставка)-и ассистенти метавонад ба кори омӯзгорӣ машғул шаванд, ба шарте, ки онҳо кори дигари музднокро иҷро накунанд.
2.37. Шӯрои олимони донишкада (факултетҳо)  кори аспирантҳоро назорат мекунанд, ҳисоботи аспирантҳо ва роҳбарони илмии онҳоро ба таври мунтазам баррасӣ менамояд.
2.38. Аспирантони таҳсили рӯзона ҳар сол ба таътили думоҳа мебароянд (1.07-31.08)   
2.39. Аспирантони шӯъбаи ғоибона ҳуқуқ доранд ҳар сол аз ҷои корашон ба муддати 30 рӯзи тақвимӣ рухсатии иловагӣ баромада, зимни ин музди миёнаи корашонро гиранд. Инчунин онҳо ҳар ҳафта ба як рӯзи озод аз кор ҳуқуқ доранд, ки барои он 50 фоизи музди меҳнат пардохта мешавад. Донишкада ҳуқуқ дорад ба аспирантон мувофиқи хоҳишашон дар соли чоруми таҳсил ба таври илова ҳар ҳафта ду рӯз бе   пардохти музд аз кор озод намоянд.
2.40. Аспирантони шӯъбаи ғоибона низ дар давраи супоридани имтиҳонот ва навиштани рисолаи илмӣ бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд (дар сурати ҷой дар хобгоҳ).
Ба аспирантон пас аз хатми шӯъбаи рӯзонаи аспирантура рухсатии якмоҳаи пулакӣ дода мешавад, агар онҳо нақшаи инфиродии илмии худро пурра иҷро карда бошанд ва    хулосаи кафедра оид ба муҳокимаи рисолаи номзадӣ бо пешниҳоди рисола ба ҳимоя дар шӯрои диссертатсионӣ дошта бошанд. Барои гирифтани рухсатӣ, на дертар аз 10 рӯз то ба охир расидани мӯҳлати таҳсил, аспирант ба шӯбаи аспирантура ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод менамояд:
- ариза ба номи ноиби ректор оид ба илм;
- хулосаи кафедра оид ба муҳокимаи пешакӣ  ва тавсияи рисолаи номзадӣ ба шӯрои диссертатсионӣ  
2.41.  Ба аспиранте, ки рисолаи номзадиашро дар мӯҳлати муқарраршуда ё пеш аз мӯҳлат  ҳимоя мекунад  мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ пешбинӣ шудааст. 
2.42. Аспиранте, ки аспирантураро дар вақти муқарраршуда бе натиҷа хатм менамояд (яъне бе муҳокимаи пешакӣ ё бе ҳимояи рисолаи номзадӣ) вазифадоранд, ки пурра маблағи таҳсили аспирантураро баргардонанд ё ба таври ҳатмӣ дар донишкада 3 сол фаъолияти илмӣ-педагогиро анҷом диҳанд. 
2.43.Донишкада мувофиқи қарордод бо истеҳсолот, идораҳо ва ташкилотҳо аз рӯи зарурат барои дохилшавандаҳо стажировка(1 сол) ташкил карда метавонад.

III. ТАЙЁР НАМУДАНИ НОМЗАДҲОИ ИЛМ БО РОҲИ УНВОНҶӮӢ

3.1. Кори мустақилонаи мутахассисон дар таълифи рисола бе ҷӯдо шудан аз истеҳсолот яке аз шаклҳои тайёр кардан ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳои илмӣ ва илмию-педагогӣи ДМИТ мебошад.
3.2. Унвонҷӯёне дараҷаи илмӣ, ки бе ҷудо шудан аз истеҳсолот рисолаи номзадӣ таълиф менамояд (минбаъд-унвонҷӯ), шахсоне метавонанд бошад, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд.
3.3. Унвонҷӯён барои супоридани имтиҳонҳои номзадӣ ва тайёр намудани рисола барои гирифтани дараҷаи номзади илм ба донишкада, ки аз рӯи ин ихтисос аспирантура доранд вобаста карда мешавад. Барои супоридани имтиҳонҳои номзадӣ- 2 сол ва барои тайёр намудани рисолаи номзадӣ -3 сол ба донишкада вобаста карда мешавад.
Мӯҳлати умумии вобастагӣ ба донишкада бояд аз 5 сол зиёд набошад. Унвонҷӯён дар як вақт ба ду ё якчанд мактаби олӣ вобаста шуда наметавонанд. Шахсоне, ки мӯҳлати унвонҷӯйро пурра истифода накардаанд аз ҳисоби мӯҳлати боқимонда ҳуқуқи ба донишкада вобаста шуданро доранд.
3.4.Шахсоне, ки курси таҳсилро дар аспирантура ба поён расондаанд ва ҳамчун муддати унвонҷӯиро пурра истифода бурдаанд, ҳуқуқи такроран вобаста буданро надоранд. Шахсоне, ки мӯҳлати нишондодашудаи унвонҷӯиро пурра истифода набурдаанд, метавонанд ба муддати боқимонда ба ДМИТ вобаста гарданд.

ТАРТИБИ ВОБАСТА КАРДАН

3.5.Вобаста кардани устодон ва кормандони ДМИТ ба ҳайси унвонҷӯ бепул мебошад ва ҳар сол аз 1.11. то 30.11. сурат мегирад. 
3.6.Таҳсили унвонҷӯёни беруна ба таври шартномавӣ мебошад.
3.7. Барои вобаста шудан унвонҷӯ ба шӯъбаи аспирантура ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод менамояд:
• ариза ба номи ректор; 
• нусхаи дипломи маълумоти олӣ бо замимааш;
• варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
• 2 дона расми андозаи 3х4;
• тавсиянома аз ҷои кори асосӣ дар бланки муассиса бо имзои сардор (ба шахсони беруна);
• маълумотнома оид ба супоридани имтиҳонҳои минимуми номзадӣ  мутобиқи ф.2.2. (дар ҳолати доштан);
• номи мавзӯи илмӣ ва нақшаи васеи корӣ (дар ҳолати доштан);
• рӯйхати корҳои илмӣ оид ба мавзӯъ  мутобиқи ф.16 (дар ҳолати доштан)  
• кормандони ДМИТ иловагӣ маълумотнома аз ҷои кор ва қарори кафедраро пешниҳод менамоянд
Паспорт ва дипломи маълумоти олӣ шахсан ба шӯъбаи аспирантура пешниҳод карда мешавад.

ТАРТИБИ ТАҲСИЛ

3.8. Унвонҷӯй дар мӯҳлати 2 моҳ ба кафедра нақшаи кори худро бо роҳбари илмии худ мувофиқа намуда, барои тасдиқ пешниҳод менамояд (нақшаи тайёр намудани рисолаи илмӣ).
3.9. Мавзӯъи рисолаи номзадӣ дар давоми 2 моҳ баъд аз вобаста шудан аввал дар олимони ДМИТ бо пешниҳоди кафедра тасдиқ карда мешавад. 
3.10. Унвонҷӯй ҳар сол аз тарафи кафедра аттестатсия карда мешавад (2 моҳ пеш аз ба охир расидани ҳар соли таҳсил)
3.11. Унвонҷӯёне, ки нақшаи кории солонаи худро иҷро карда натавонистаанд, аз сафи унвонҷӯён хориҷ карда мешаванд.
3.12. Интиқоли унвонҷӯ ба соли дигари таҳсил танҳо баъд аз қарори комиссияи аттестатсионӣ ва пардохти соли таҳсил мегузарад.
3.13. Унвонҷӯён дар донишкада аз таърих ва фалсафаи илм, забони хориҷӣ (англисӣ) метавонад имтиҳонҳои номзадӣ супоранд.
3.14. Агар донишкада ҳуқуқи қабули имтиҳонҳоро надошта бошад, дар он сурат ба унвонҷӯй барои супоридани имтиҳонҳо ба дигар муассисаҳое, ки аспирантура доранд ва ҳуқуқи қабул намудани ин имтиҳонҳоро доранд, иҷозат дода мешавад.
3.15. Музди меҳнати роҳбарони илмии унвонҷӯён дар муддати вобасташуда ба андозаи на бештар аз 100 соат дар як сол ба ҳар унвонҷӯ пардохта мешавад.
3.16. Баъд аз ба охир расидани мӯҳлати таҳсил дар ҳолати иваз намудани ҷои кор, унвонҷӯ бояд пурра маблағи таҳсилро  баргардонад ё ба таври ҳатмӣ дар донишкада 3 сол фаъолияти илмӣ-педагогиро анҷом диҳанд.
3.17. Барои анҷоми рисолаи номзадӣ ба кормандони ДМИТ ба мӯҳлати се   моҳ бо нигоҳ доштани музди кор рухсатии эҷодӣ дода мешавад.

IV. ИМТИҲОНҲОИ НОМЗАДӢ

4.1. Имтиҳонҳои номзадӣ як қисми асосии аттестатсияи илмӣ ва илмию педагогии кадрҳо ба шумор меравад. Супоридани имтиҳонҳои номзадӣ барои гирифтани дараҷаи илмии номзади илм ҳатмӣ аст.
4.2. Имтиҳонҳои номзадӣ дар ДМИТ аз фанҳои таърих ва фалсафаи илм, забони хориҷӣ(англисӣ) муқаррар карда шудааст.
4.3. Имтиҳонҳои номзадӣ аз таърих ва фалсафаи илм, забони хориҷӣ ҳамчун ихтисосҳои умумии илмӣ дар асоси программаҳои тартибдода ва тасдиқшудаи Вазорати маорифи Федератсияи Россия аз 17.02.2004 №697 супорида мешаванд.
4.4. Донишкада метавонад имтиҳонҳои номзадии аспирантон ва унвонҷӯёни дигар муассисаҳоро қабул намояд.
4.5. Вобаста ба имтиҳонҳои номзадӣ аз ҳар як фан аз тарафи ректори донишкада ба воситаи фармон комиссия ташкил карда мешавад. Дар ҳайати он раис- ректор ё ноиби ректор, ду ё се аъзо аз ҷумлаи мутахассисони варзидаи илмӣ шомил мешаванд. Комиссия дар ҳолате салоҳияти имтиҳони номзадӣ қабул кардан дорад, ки агар дар машварати он на камтар аз ду мутахассис, аз ҷумла як доктори илм иштирок дошта бошад.
4.6. Имтиҳонҳои номзадӣ дар як сол ду маротиба ҳамчун сессия қабул карда мешаванд, ки барои ҳар як сессия 1 моҳ вақт ҷудо карда шудааст. Мӯҳлати сессияро ректори ДМИТ муайян менамояд (1.06-1.07;1.10-1.11). ДМИТ аспирантон ва унвонҷӯёнро аз мӯҳлат ва вақти супоридани имтиҳонҳои номзадӣ як моҳ пеш хотиррасон мекунад. 
4.7. Ба сессия танҳо аспирантон ва унвонҷӯёне, ки то 15 май ва 15 сентябр  аризаҳои худро барои супоридани имтиҳони номзадӣ пешниҳод намудаанд иҷозат дода мешавад. Дар ҳолати пешниҳод кардани рисолаи илмӣ барои дифоъ ба шӯрои диссертатсионӣ  имтиҳони номзадӣ метавон берун аз вақти сессия қабул карда шавад. 
4.8. Имтиҳонҳои номзадӣ таҳти назари комиссияи имтиҳонӣ аз рӯи билет ва ё бе билет гузаронида мешаванд. Варақаҳои имтиҳонӣ муддати як сол баъд аз қабули имтиҳонҳо нигоҳ дошта мешаванд.
4.9. Барои ҳар як унвонҷӯй протокол оиди қабули имтиҳони номзадӣ, ки дар он саволҳои билет ва саволҳои иловагӣ дарҷ мегардад, тартиб дода мешавад.
4.10.Дараҷаи дониши унвонҷӯй аз рӯи меъёри «аъло», «хуб», «қаноатбахш», «ғайриқаноатбахш» баҳогузорӣ мешавад.
4.11.Протоколи қабули имтиҳони номзадӣ аз ҷониби он аъзоёни комиссия, ки дар имтиҳон ширкат доштаанд, имзо карда мешавад.  
4.12.Дар сурати бо сабаби узрнок дар имтиҳони номзадӣ ҳозир нашудани унвонҷӯй ё аспирант, бо иҷозати ректори ДМИТ барои супоридани имтиҳони номзадӣ дар тӯли сессияи ҷорӣ роҳ дода мешавад.  Барои такроран супоридани имтиҳон дар муддати як сессия  иҷозат дода намешавад.
4.13. Оид ба супоридани имтиҳони номзадӣ шаҳодатномаи шакли муқарраршуда дода мешавад. Аммо аз ҷои супоридани имтиҳони охирин шаҳодатномаҳо дар бораи супоридани имтиҳонҳои пешинаи номзадӣ ба шаҳодатномаи ягона иваз карда мешаванд.
4.14. Хароҷотҳое, ки бо гузаронидан ва қабули имтиҳоноти номзадии аспирантон ва унвонҷӯён аз ҳисоби донишкада пардохта мешаванд, чунин хароҷот аз аспирантон ва унвонҷӯёни беруна дар асоси шартномаи басташуда ба донишкада. 
4.15.  Масъулият барои назорат ба талаботи муқарраршудаи   баргузорӣ ва қабули имтихонҳои номзадӣ ба ӯҳдаи ректори ДМИТ мебошад, ки протоколи маҷлиси комиссияи имтиҳонотро тасдиқ менамояд. Шаҳрвандони давлатҳои дигар имтиҳонҳои номзадиро дар асоси қарордод месупоранд.
 
НАМУДҲОИ  ХИЗМАТҲОИ ШАРТНОМАВӢ

ДМИТ намудҳои зеринӣ шартномавиро вобаста ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию-педагогӣ иҷро менамояд:
• Таҳсил дар аспирантура;
• Вобаста намудани унвонҷӯён барои тайёр намудани рисолаи номзадӣ ва супоридани имтиҳонҳои номзадӣ;
• Қабул кардани имтиҳонҳои номзадӣ аз аспирантон ва унвонҷӯёни беруна
Намудҳои хизматҳои дар боло зикршуда дар асоси шартномаи тарафайн  «Фармоишгар» ва ДМИТ (Иҷрокунанда) ба роҳ монда мешавад.  «Фармоишгар» шахси воқеъӣ ва ҳам шахси ҳуқуқӣ шуда метавонад. Барои бастани шартнома бо шахси ҳуқуқӣ  мактуби иловагии муассисаи фармоишгар бо суратҳисоби он пешниҳод карда мешавад. Пардохти шартнома ба воситаи интиқоли пул ба суратҳисоби ДМИТ ба роҳ монда мешавад. Маблағи ҳарсолаи пардохти шартномавӣ аз тарафи шӯрои олимони ДМИТ муайян ва тасдиқ карда мешавад.