Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Чаро маҳз моро интихоб менамоянд?

Интихоби дуруст - таъмини ояндаи нек



Ба шарофати истиқлоли давлати тоҷикон ба ҷавонони имрӯза ин қадар имтиёзу шароитҳои беҳтару бештар барои таҳсилу илмомӯзӣ муҳайё гардида. Танҳо аз донишҷӯ ҷӯёи илм будан, завқу рағбат ба он, китобхонии бештар, забономӯзиву бо технологияҳои иттилоотии муосир балад будан, кӯшишу ғайрат ва ҷасорат, умуман ҳадафи соҳибтахассус шудан  талаб карда мешавад.


Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 36-то муассисаи олии таълимӣ бо пешниҳоди 300 номгӯи ихтисоси замонавӣ фаъолият дорад, ки аз ғамхории давлату ҳукумат нисбати ҷавонон ва соҳаи афзалиятноки он маориф далолат менамояд. Бешак, барои довталаби имрӯза аз байни ин миқдор таълимгоҳу ихтисосҳо дуруст интихоб намудани тахассуси худ, ки дар оянда аз рӯи он ҷои кор ёфта тавонаду аз пушти он рӯзӣ барад ва дар ниҳоди ӯ ҷавҳари касб ҷо ёбад ва аз интихоби хеш пушаймон нагардад, хеле мушкил аст. Дар аксар макотиби олии кишвар шарту шароит қариб якранг аст, вале мо метавонем бартариятҳои донишкадаи худро иброз намоем.


Аввалан, иқтисодиёти Тоҷикистон ба мутахассисони соҳибтахассус ниёз дорад ва ин нуктаро Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояш таъкид менамояд. Маҳз ана ҳамин гуна мутахассисони баландпоя ва соҳибмалакаро барои соҳаи иқтисод ва молия Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки муассиси он Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, омода мекунад.


Дар донишкада 6 факултет бо тайёр намудани 26 ихтисоси замонавии ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат фаъолият намуда, дар он устодони соҳибтаҷриба ба тадриси толибилмон машғуланд. ДМИТ ягона донишкадаест, ки дар он Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Дастгирии самарабахши фаъолияти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон» амал мекунад, ки дар доираи татбиқи он аксари устодони донишкада дар кишварҳои хориҷи дуру наздик ва дар ҷумҳурӣ курсҳои такмили ихтисосро гузашта, малакаю донишҳои такмилдодаи худро дар роҳи таълиму тарбияи донишҷӯён сарф менамоянд.


Дар донишкада тамоми шароитҳои мусоид барои таҳсили толибилмон муҳайёст, аз ҷумла ҳамаи факултетҳо бо технологияҳои иттилоотии ҳозиразамон муҷаҳҳазанд, дарсҳо бо истифода аз усули инноватсионии таълим сурат мегиранд, низоми аврупоии таҳсил – низоми кредитӣ ҷорист. Донишҷӯён бо хобгоҳи дорои шароитҳои беҳтарин, ки дар шафати донишкада ҷойгир аст, таъминанд. Барои тарғиби тарзи ҳаёти солим варзишгоҳ ва ду толори варзишии муҷаҳҳаз амал мекунад.


Ногуфта намонад, ки донишҷӯёне, ки дар ҳайати тимҳои футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз, гӯштину муҳорибаҳои танбатан ва як қатор намудҳои дигари варзиш шомиланд, дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихориро ишғол менамоянд. Илова бар ин, раёсати таълимгоҳ ҷиҳати тақвияти сатҳи фарҳангӣ-маърифатии шогирдон эътибори хоса зоҳир менамояд.


Шароити имрӯзаи иқтисодӣ ва талабот дар бозори ҷаҳонии меҳнат аз мутахассисони ҷавон маҳорат ва тахассуси баланди касбӣ, дониши ҳаматарафа, ҷаҳонбинии васеъ, қобилияти мутобиқшавӣ ба шароити кунунии иқтисодиву иҷтимоӣ, малакаи баланди истифода аз технологияҳои навтаринро талаб менамояд. Таҳсил дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба шумо имкон медиҳад, ки ба ин сифату малакаҳои касбӣ соҳиб гардед.


Қоидаҳои қабули донишҷӯёнро ба ДМИТ барои соли таҳсили 2015-2016 ва муаррифии факултету ихтисосҳои онро пешкаши Шумо мекунем, боқӣ интихоб аз шумост.