Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Қоидаҳои қабул

Қоидаҳои қабул барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар ДМИТ



1. Гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

2. Барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ шаҳрвандони ҶумҳурииТоҷикистон, шахсони дар ҷумҳурӣ ба таври доимӣ истиқо-маткунанда ва шаҳрвандони хориҷие, ки дорои диплом дар бораи хатми ДМИТ мебошанд (пас аз эътирофи баробар эътибории дипломи онҳо), қабул карда мешаванд.

3. Бо мақсади қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ, ташкил ва гузаронидани озмуни қабули онҳо бо фармоиши ректори ДМИТ комиссияи қабул таъсис дода мешавад. Раиси комиссияи қабули  ДМИТ ректор мебошад. 

4. ДМИТ фақат бо доштани иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ ҳуқуқ дорад, ки қабули довталабонро аз рӯи равия ва ихтисосҳои мухталиф расман эълон намояд.

5. ДМИТ вазифадор аст, ки довталабонро бо иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ ва инчунин шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ шинос намояд. 

6. Комиссияи қабули ДМИТ бояд то қабули ҳуҷҷатҳои довталабон номгӯи равия ва ихтисосҳо, теъдоди қабулро аз рӯи равия ва ихтисосҳо тариқи шартномавӣ эълон намояд.

7. Қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ танҳо тибқи шартнома дар асоси иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  иҷозат дода мешавад. 

8. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон ба комиссияи қабул ва комиссияи аттестатсионӣ аз 20 июн  то 31 июл ва муҳлати гузаронидани суҳбат  аз 1 то 20 август таъин карда мешавад.

9. Довталабон барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва низомномаи мазкур ба комиссияи қабули ДМИТ дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:

- ариза ба номиректориДМИТ;
- дипломи намунаи давлатӣ бо замимааш дар бораи хатми ДМИТ (нусхаи асл);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти корӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихобкарда;
- 6 дона сурати андозаи 3 х 4 см;
- маълумотномаи тиббии шакли 086-у;
- шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият.

10. Баъд аз суҳбати комиссия гузаштани довталаб оид ба қабул ба сафи донишҷӯён қарори комиссияи қабул бароварда мешавад. 

11. Комиссияи қабул пас аз шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои довталабон бо назардошти мавҷудияти миқдори фарқиятҳо чунин шакли қабулро ба роҳ мемонад (ба истиснои ихтисосҳои тиббӣ);
- бо мавҷудияти на зиёда аз 7 фарқияти фаннӣ ба курси сеюм;
- бо мавҷудияти зиёда аз 7 фарқияти фаннӣ ба курси дуюм.

12. Довталабон бароигирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар асоси талаботи Қоидаҳои қабули мазкур ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.

13. Фармоиши ректори ДМИТ барои қабули донишҷӯён ба ДМИТ барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ на дертар аз 30.08.2014 дар асоси қарори комиссияи қабул  ва баъди супоридани маблағи таҳсил бароварда мешавад.

14. Довталабоне, ки дар рӯзи муайян шуда бесабаб ба озмуни қабул ҳозир нашудаанд, аз суҳбат нагузашташуда ҳисобида мешаванд. 

15. Дар сурати  қаноатманд набудан аз озмун довталаб ҳуқуқ дорад, ки мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи ДМИТ бо натиҷаи суҳбаташ (агар хаттӣ низ бошад) дар муҳлати то 3 рӯз тариқи апеллятсия (комиссяи апеллятсионӣ бо фармоиши ректор таъсис дода мешавад) шинос шавад. Баррасии апеллятсия аз нав гузаштани суҳбат набуда, балки танҳо санҷиши дурустии он мебошад ва он дар протокол қайд карда мешавад. 

16. Назорат аз болои фаъолияти комиссияи қабули муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдор ба амал бароварда мешавад.

17. Таъмин, риоя ва иҷрои Тартиби қабули мазкур барои ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ ҳатмӣ мебошад.  

18. Ба шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тибқи нақшаи таълимии таҳсилоти дуюм бомуваффақият хатм менамоянд, диплом ва нишонаи намунаи давлатии дар бораи таҳсилоти дуюми олии касбӣ муқарраршуда бо тахассуси мувофиқ дода мешавад.