Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Маълумоти олии дуюм



1. Қоидаҳои умумӣ 



1. Низомномаи мазкур дар асоси Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.

2. Низомномаи мазкур бо мақсади ба танзим даровардани таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайёр намудани мутахассисони варзидаи ҷавобгӯи талаботи замон ва мувофиқ ба сохти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва бозори меҳнат, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаву мaҳорати касбии шаҳрвандон, инчунин бо назардошти коста гардидани мақоми гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ тариқи шӯъбаҳои ғоибона таҳия мегардад.

3. Бо назардошти дорои таҳсилоти олии касбӣ будани шаҳрвандон муҳлати таҳсил бо қарори Шӯрои олимони ДМИТ (вобаста ба мувофиқат кардани тахассус) муқаррар мегардад, ки он амалан омӯзиши фанҳои тахассусиро дар бар мегирад.

4. Мувофиқи моддаи 41-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 20-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба шаҳрвандоне, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, гирифтани таҳсилоти дуюм ва таҳсилоти минбаъдаи олии касбӣ танҳо дар асоси шартнома (пулакӣ) иҷозат дода мешавад.