Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Магистратура

Mahmad150.jpg

                         Суроға:  

734067, ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14
Cардори шуъбаи магистратура:
Попов Николай

                                                                                                                                                                         Телефон:

                                                                                                                                                                          (+99237) 884-24-65


                                                                                                                                                                                                                      E-mail:

n.popov@feit.tj









Маълумот: Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ

Ихтисос: иқтисодчӣ. 

Мавзӯи кори илмӣ: Проблемы формирования социально-ориентированной рыночной экономики в Республике Таджикистан 

Нашрияҳои асосӣ: Особенности развития малого предпринимательства в переходной экономике Республики Таджикистан, зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисод. Душанбе 2011, «Ирфон» 134-саҳ., 







1. Қоидаҳои умумӣ
 


Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ таҳия шудааст.
1.1. Магистратура зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Таъсис додани магистратура таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо стандарти байналмилалии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё месозад.
1.2. Магистратура бо фармони Вазири маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар донишкада, академия ва донишгоҳҳое, ки шӯъбаи аспирантура ва докторантура, инчунин, имконияти илмию методӣ, заминаи хуби моддӣ, техникӣ ва таълимӣ доранд, таъсис дода мешавад. Мӯҳлати таҳсил дар шакли рӯзонаи магистратура барои хатмкардагони зинаи бакалавр ду сол ва мутахассис як сол муқаррар карда шудааст.
1.3. Шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ метавонанд дар равия ва ихтисоси ба дипломашон мувофиқ дар магистратура таҳсил намоянд.
 
2. Қабул ба магистратура

 
2.1. Ба магистратураи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё мутахассис доранд, қабул карда мешаванд. Довталабон аз рӯи тахассуси интихобнамудаашон тариқи тест имтиҳон месупоранд.
2.2. Имтиҳони дохилшавӣ аз фанни забони хлориҷӣ ва ихтисос сурат мегирад.
2.3. Барои шахсоне, ки дипломҳои онҳо ба равияи интихобнамудаашон мувофиқат намекунад, аз рӯи талаботи муайяннамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсил дар магистратура имтиҳонҳои ҳатмӣ муқаррар карда мешавад.
2.4. Барои довталабони магистратура, ки зинаи бакалаврро дар донишкада хатм кардаанд ва ба магистратура аз тарафи комиссияи аттестатсионии давлатӣ тавсия шудаанд дохилшавӣ ба магистратура бе имтиҳон сурат мегирад. Агар дохилшавии довталаб ба магистратураи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба вақти донишкадаро хатм кардани ӯ рост ояд ва ихтисосаш ба ихтисоси магистратураи ДМИТ мувофикат намояд, ба сифати имтиҳони дохилшавӣ натиҷаи имтиҳони ҷамъбастии хатми Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва ё дигар муассисаи олии таълимӣ аз рӯи ихтисос ба ҳисоб гирифта мешавад (ба шарте ки баҳои имтиҳони ҷамъбастии ихтисос аз баҳои «аъло» паст набошад). Агар дохилшавӣ ба магистратура пас аз як соли хатм сурат гирад, новобаста аз доштани дипломи аъло довталабон имтиҳон месупоранд. Барои чунин довталабон, к ибо дипломи аълочӣ зинаи бакалаврро хатм намудаанд имконияти дар гуруҳҳои буҷетии магистратура таҳсил намудан мавҷуд аст.
2.5. Аз рӯи натиҷаи сӯҳбат ва имтиҳони дохилшавӣ ба довталаб баҳо дода мешавад. Барои дохилшавӣ тибқи камиссияи қабул холҳо муайян мегарданд. Аз рӯи натиҷаи холҳо довталабон ба ҷойҳои холии магистратура қабул карда мешаванд.
2.6. Магистрантони гурӯҳҳои буҷетӣ ба донишкада шомилшуда, дар семестрӣ якуми таҳсил аз рӯи меъёри зерин стипендия мегиран:
2.7. Дар доираи то 60% аз меъёри умумии магитрантони гурӯҳи буҷетӣ стипендия дода мешавад.
2.8. Магитрантони зинаи бакалаврро бо дипломи аълочӣ хатмнамуда ва бе имтиҳон ба магистратура шомилшуда авзалият доранд.
2.9. Магистрантони тариқи имтиҳон шомилшуда аз руи холҳои гирифтаашон дар доираи меъёри пешбинишуда.
2.10. Шахсоне, ки ба магистратураи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дохил мешаванд, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- аризаи шахсӣ ба номи ректор бо нишон додани равияи магистратура ва ихтисоси он;
- дипломи таҳсилоти олии касбӣ ва замимаи он;
- тавсияномаи комиссияи аттестатсионии давлатӣ барои дохилшавӣ ба магистратура;
- дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пешрафти корҳои илмӣ, таълимию методӣ,
- нусхаи мақолаҳои илмӣ;
- реферат аз руи тахассус.
 

3. Ташкили ҷараёни таълим дар магистратура

 
3.1. Таҳсил дар магистратураи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 1 сентябр тибқи фармониши ректор оғоз мегардад, ки дар он равияи магистратура ва ихтисос нишон дода мешавад. Баъди ба тавсиб расонидани фармоиши ректор на дертар аз як моҳ мавзӯъи рисолаҳои магистрӣ ва роҳбари илмии магистрантон бояд тасдиқ гардад.
3.2. Таҳсил дар магистратура дар асоси нақшаи таълимии таҳиянамудаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки мутобиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст ва ҳамчунин, нақшаи инфиродии магистрант ба роҳ монда мешавад.
3.3. Сарбории асосии аудитории магистр дар шӯъбаи рӯзона дар як ҳафта 16 соатро ташкил медиҳад. Барои назорати иҷрои нақшаи инфиродӣ аттестатсияи ҷорӣ аз рӯи ҳамаи фанҳо дар шакли имтиҳон, санҷиш, рейтинг, санҷиши тафриқавӣ ва тест пешбинӣ карда мешавад. Миқдори умумии имтиҳон дар давраи таҳсил вобаста ба барномаи интихобнамуда на камтар аз 6 имтиҳон муқаррар карда мешавад.
3.4. Таҳсили магистрант дар магистратураи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мувофиқи нақшаи кории инфиродӣ, ки дар асоси нақша ва барномаи таълимии магистратура таҳия шудааст, ташкил карда мешавад. Нақшаи кории инфиродии магистрант аз рӯи нақшаи намунавӣ аз тарафи роҳбари илмии магистрант бо иштироки роҳбари магистратура ва мудири кафедраи марбут таҳия шуда, бо қарори ҷаласаи кафедра барои тасдиқ пешниҳод мегардад.
3.5. Нақшаи кории инфиродии магистрантро шӯъбаи таълими Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон тасдиқ карда, он дар шуъбаи магистратура (асл) ва нусхаи он дар дасти магистрант нигоҳ дошта мешавад.
3.6. Нақшаи инфиродӣ мазмун ва ҳаҷми машғулиятҳоро барои тайёр кардани магистрант бо назардошти тахассуси касбӣ ва илмии он муайян менамояд. Қисми таълимии нақшаи инфиродӣ номгӯи пурраи фанҳои таълимии тамоми силсилаҳоро бо нишон додани соатҳои умумӣ барои ҳар як фан, миқдори соатҳои аудиторӣ ва ҳамчунин, намуд ва мӯҳлатҳои аттестатсияи фосилавиро дар бар мегирад.
3.7. Номгӯи фанҳои равия бояд ба нақшаи магистратура пурра мувофиқат кунад. Машғулиятҳои таълимӣ аз тарафи шуъбаҳо ва кафедраҳои базавӣ, ки барои таълим масъуланд, гузаронида мешаванд. Барои ташкили таълим шаклҳои зерини машғулиятҳо  истифода бурда мешаванд:
- машғулият дар шуъбаҳои магистратура ва омӯзиши фанҳое, ки барои ҳамаи ихтисосҳо ҳатмианд;
- машғулият дар бахшҳо аз рӯи самтҳо барои омӯзиши фанҳое, ки танҳо барои магистрантҳои ҳамин равия ҳатмиянд;
- машғулияти инфиродӣ бо магистрант, омӯзиши мустақилонаи фанҳои таълимӣ ва асарҳои илмӣ.
 

4. Роҳбарии кори магистрант 


4.1.  Роҳбарии магистратураро сардори шуъба амалӣ менамояд. Ӯ роҳбарии қисми умумии таълимӣ ва илмии барномаи магистратураро таъмин менамояд ва иҷрои нақшаи таълимии инфиродии магистрантҳоро назорат мекунад. Роҳбари барномаи магистратура бояд профессори штатӣ, доктори илм, дотсенти соҳаи марбут бошад. Тибқи қарори Шӯрои олимони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон роҳбарии барномаи магистратураро метавонад омӯзгори калон, ки таҷрибаи кории на камтар аз 5 - сола дорад, ба ӯҳда гирад.
4.2. Роҳбарии бевоситаи барномаи магистрантро роҳбари илмӣ амалӣ мегардонад ва дар таҳияи нақшаи инфиродии таълимии магистрант иштирок намуда, назорат ва иҷрои онро таъмин месозад.
4.3.    Роҳбари илмӣ бо пешниҳод ва қарори кафедра дар Шӯрои илмии факултет аз ҷумлаи мутахассисони баландихтисос, ки аз рӯи мавзӯи барномаи магистратура тадқиқоти илмӣ мебарад ва чун қоида дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият менамояд ё бо донишкада ҳамкорӣ дорад таъин карда мешавад.
Шумораи рисолаҳои магистрӣ, ки таҳти роҳбарии як омӯзгор иҷро мешаванд, ба тариқи зайл муайян карда мешавад:
- номзади илм, муаллими калон; номзади илм, дотсент то 3 нафар;
- доктори илм, профессор то 5 нафар;
- мудири кафедра, профессор то 4 нафар;
- мудири кафедра, дотсент 3 нафар.
- муаллими калони таҷрибадор 1 нафар.
4.5.    Роҳбари илмӣ корҳои омодагиро зери назорати умумии мудири кафедра ва роҳбари магистратура ба роҳ мемонад ва аз натиҷаи корҳои ба сомон расонидашуда ҳар се моҳ як маротиба ба кафедра ва роҳбари магистратураи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд.
4.6.    Магистантоне, ки зиёда аз 36-соат бе сабабхои узрнок ба дарсҳо ҳозир  намешаванд ва инчунин аз аттестатсияи фосилавии соли аввали таҳсил намегузаранд аз донишкада хориҷ карда мешаванд.
4.7.    Магистрантоне, ки тартиботи дохилии донишкадавиро вайрон мекунанд пас аз як огоҳӣ тибқи муқаррарот аз донишкада хориҷ карда мешаванд.
4.8.    Магистрантоне, ки нақшаи инфиродиро иҷро наменамоянд ва рисолаи магистрии онҳо дар мӯхлати муқараршуда барои ҳимоя омода нагардидааст аз донишкада хориҷ мешаванд.
 

5. Талаботи умумӣ ба барномаи магистратура

 
5.1. Барномаи таълимии магистрант аз ду қисми таркибӣ - таҳсилотӣ ва тадқиқотӣ иборат мебошад.
5.2. Қисми таълимии барномаи магистратура силсилаи фанҳои равиявӣ ва фанҳои ихтисосиро дар бар мегирад. Силсилаи фанҳои равиявӣ аз қисмати фанҳои ихтисосӣ ва фанҳои интихобӣ иборат мебошад. Силсилаи фанҳои махсус аз фанҳои махсуси барномаи омодасозии магистр (аз рӯи равияи додашуда) ва барномаи мушаххаси магистратура, ки барои амалӣ намудани он талаботи махсус пешбинӣ шудааст, иборат аст. Таркиб ва мазмуни силсилаи фанҳои махсус аз рӯи талаботи тахассуси магистрант ҳангоми амалисозии барномаи мушаххаси магистратура муайян мегардад.
5.3. Қисми илмию тадқиқотии барномаи магиструра аз кори илмию тадқиқотӣ ва методӣ иборат мебошад, ки барои омодасозии рисолаи магистрант истифода мешавад.
5.4. Барномаҳои илмию тадқиқотӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси барномаи мушаххаси магистратура таҳия карда мешавад. Талабот ба қисми илмию тадқиқотии барномаи магистратура бояд бо Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ мувофиқат кунад. Мазмуни кори илмию тадқиқотӣ дар нақшаи кории инфиродии магистрант дарҷ мегардад;
5.6. Нақшаи таълимии магистратура иборат аст, аз:
- фанҳо аз рӯи равияҳои махсусгардонидашудаи тайёр кардани магистрҳо;
- фанҳои махсуси тайёр кардани магистрҳо;
- кори илмию тадқиқотӣ ва илмию омӯзгории магистрант;
- аттестатсияи ҷамъбастии давлатии магистрант.   
5.7. Сохтор ва ташкили ҷараёни тайёр намудани магистрҳо бо нақшаҳои таълимии барномаҳои магистрӣ ва нақшаҳои кории инфиродии магистрантҳо ба тартиб дароварда мешавад.
 

6. Аттестатсияи ҷамъбастӣ дар магистратура


6.1. Баъди ҷамъбасти сессияи тобистонаи имтиҳонотӣ соли якуми таҳсил магистрант аз аттестатсияи фосилавӣ гузаронида мешавад. Ҳайати комиссияи аттестатсионӣ, ки раисаш муовини ректор оид ба таълим аст бо фармоиши ректори донишкада тасдиқ карда мешавад. Ба хайати комиссия мудири шуъбаи магистратура ва мудирони кафедраҳои тахассуси ҳатман шомил мегарданд.
6.2. Дар аттестатсияи фосилавӣ азхудкунии қисми таҳсилотӣ ва тадқиқотии магистрант аз рӯи нақшаи инфиродӣ баҳо дода мешавад. Роҳбари илмии магистрант хулосаи худро оиди иҷрои қисми тадқиқотии магистрант (иҷрои боби 1-уми рисолаи магистрӣ) ба комиссия пешниҳод менамояд.
6.3. Дар ҳолати нагузаштани магистрант аз аттестатсияи фосилавӣ ӯ бо хулосаи комиссия аз донишкада хориҷ карда мешавад.
6.4. Марҳилаи хотимавии таҳсил дар магистратураи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ мебошад, ки аз ҳимояи рисолаи магистрӣ ва супоридани имтиҳони давлатӣ иборат аст.
6.5. Аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ аз рӯи барномаи магистрӣ мувофиқи талаботи комиссияи аттестатсияи давлатии хатмкунандагони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон гузаронида мешавад.
6.6. Рисолаи магистрӣ бевосита дар кафедра таҳти роҳбарии роҳбари илмии магистрант иҷро карда мешавад. Агар рисола характери байнифаннӣ дошта бошад, ба кафедраи марбут ҳуқуқ дода мешавад, ки аз рӯи бобҳои алоҳидаи рисола (дар доираи соатҳое, ки барои роҳбарии рисолаи магистрӣ ҷудо шудааст) мушовирони илмиро даъват намояд.
6.7. Барои магистрантони зинаи бакалаврро бо дипломи аълочӣ хатмнамуда, магистратураро танҳо бо баҳоҳои аъло ва хуб (дар ҳолати баҳои аъло на кам аз 75% будан) ва аттестатсияи ниҳоии давлатиро бо баҳои аъло ҷамъбаст намуданд, дипломи магистрии «аълочӣ» дода мешавад.
6.8. Ҳангоми таҳсил дар магистратура магистрантҳо ҳуқуқ доранд, ки имтиҳонҳои номзадиро супоранд.
6.9. Ба шахсоне, ки нақшаи инфиродиашонро аз рӯи барномаи таҳсилоти магистр пурра иҷро намуда, рисолаи магистриро бомуваффақият ҳимоя карда, имтиҳони хатмкуниро супоридаанд, дараҷаи тахассусии «Магистр» дода мешавад. Намунаи давлатии дипломи магистр аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
6.10. Ба хатмкардагони магистратура замимаи диплом бо нишон додани мавзӯи рисолаи магистрӣ дода мешавад.  Дар тарафи дигари замимаи дипломи магистр фанҳои дар давоми ду сол омӯхташуда дарҷ карда мешавад.
 

7. Вазифа ва ӯҳдадориҳои сардори шуъбаи магистратура


7.1. Фаъолияти шуъбаи магистратураро тибқи Низомномаи магистратураи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба роҳ монда, роҳбарии онро ба ӯҳда мегирад.
7.2. Иҷрои нақшаҳои таълимии амалкунанда, барномаҳо ва таъмини низоми раванди таълим, баҳисобгирии муваффақиятҳо ва давомоти ҷории магистрантонро назорат менамояд.
7.3. Ҷадвали дарсҳо ва санҷишу имтиҳонҳоро ташкил намуда, натиҷаи онҳоро ҷамъбаст менамояд.
7.4. Иҷроиши нақшаҳои инфиродӣ, барномаҳои корӣ, сарбориҳои таълимӣ ва таълимию методии ҳайати профессорону омӯзгоронро дар шуъбаи магистратура назорат менамояд.
7.5. Сессияҳои санҷишию имтиҳониро ташкил намуда, натиҷаи онҳоро ҷамъбаст мекунад.
7.6. Аттестатсияи ниҳоии давлатӣ ва ҳимояи рисолаҳои магистрантӣ, раванди таҷрибаҳои омӯзгорӣ ва истеҳсолиро ташкил ва роҳбарӣ мекунад.
7.7. Ташкил ва назорат аз болои татбиқи шаклҳои нави таълим, истифодаи воситаҳои техникӣ дар раванди таълим дар шуъбаи магистратура;
7.8. Сифати дарс ва мавҷуд будани лексияҳои устодон, дарсҳои амалию лабораторӣ, семинарҳо ва намудҳои дигари корҳои таълимиро назорат менамояд.
 

8. Вазифа ва ӯҳдадориҳои магистрант дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон


8.1. Тартиби дохилии қабулгардидаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро риоя намояд.
8.2. Талаботи муҳофизат ва гигиенаи меҳнат, бехатарии воситаҳои техникӣ, санитарӣ, истеҳсоли ва тадбирҳои зидди сӯхторро, ки дастурамалҳои дахлдор муайян намудаанд, риоя намояд.
8.3. Дар толору дарсхонаҳо тозагӣ тартиботи ҷамъиятиро риоя намояд.
8.4. Ба ҷараёни дарс халал нарасонад.
8.5. Ихтисоси интихобкардаашро дӯст дорад ва барои таҳкими дониши илмӣ- назариявӣ ва илмӣ- амалии хеш мунтазам саъю кӯшиш намояд.
8.6. Дар корҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва чорабиниҳои сиёсии муассисаҳои таълимӣ, шуъба ва кафедра фаъолона саҳм гузорад.
8.7. Ба дарс бо лавозимотҳои хониш: ҷузвдон, дафтар, қалам, ручка ва ғайра ҳозир шавад.
8.8. Узви доимии китобхонаҳо (анъанавиву электронӣ) ва хазинаҳои иттилоотии муассисаҳои таълимӣ бошад.
8.9. Эҳтироми омӯзгоронро ба ҷо орад, шаъну шарафи онҳоро ҳимоя кунад  ва вазифаву супоришҳои онҳоро сари вақт иҷро намояд.
8.10. Дар машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ ҳатман иштирок намояд.
8.11. Машғулиятҳои семинарӣ ва корҳои мустақилонаро дар вақташ тайёр намояд.
8.12. Ҳангоми ба дарс бо сабаби узрнок ва ё беморӣ иштирок накардан, ҳуҷҷати тасдиқкунанда пешниҳод намояд.
8.13. Дар ҳамаи навъҳои корҳои илмӣ- тадқиқотӣ: конфиренсия, олимпиада, симпозиум ва маҳфилу озмунҳо иштирок кунад ва бо маърӯзаҳо баромад намояд.
8.14. Дар саҳифаҳои маҷмуаҳои илмӣ ва воситаҳои ахбори умум бо гузориш ва мақоллаҳои илмӣ-оммавӣ баромад намояд.
8.15. Иҷрои корҳои илмӣ- тадқиқотӣ мувофиқи нақшаи инфиродӣ ба кафедра.
8.16. Пешниҳоди ҳисоботи хаттӣ оид ба иҷроиши нақшаи инфиродӣ ба кафедра.
8.17. Иҷрои нақшаи таълимӣ дар давоми таҳсил дар магистратура.
8.18. Сари вақт пардохтани маблағи таҳсил дар магистратура (гуруҳҳои шартномавӣ);.
 

9. Вазифаҳои мансабии магистр 



9.1. Магистр дар соҳаи илм: зери роҳбарии иҷрокунандаи масъул (роҳбар) тадқиқоти илмӣ-амалиро оид ба фаслҳои (даврҳо, супоришҳо) мавзўъ мутобиқан ба методикаи муқарраршуда ба сомон мерасонад. Дар гузаронидани таҷрибаҳо ширкат меварзад, назорат ва санҷишҳо гузаронида, дар асоси онҳо хулосаҳо медиҳад. Дар тадқиқотҳои илмии худ аз муваффақиятҳои навини илм ва техникаи ватанӣ ва ҷаҳонӣ истифода менамояд. Дар кори амалан ҷорӣ намудани натиҷаҳои тадқиқот ва кори конференсияҳо ва семинарҳо, чопи корҳои илмӣ иштирок мекунад.
9.2. Магистр дар соҳаи истеҳсолот: фаъолияти худро дар асоси истифодаи васеи техника ва технологияи навтарин, шаклҳои пешқадами идоракунӣ ва ташкили меҳнат, меъёрҳои дар чорчўбаи илман асоснокшудаи маблағгузорӣ ва сарфи меҳнат, омўзиши талаботи бозор ва таҷрибаи пешқадам (ватаниву хориҷӣ) ба роҳ мемонад. Дастовардҳои иқтисодиёти ватанӣ ва хориҷиро омўхта, ҳамаи восита ва имкониятҳоро барои баланд бардоштани дараҷаи таҷҳизонии техникии истеҳсолот ва сифати маҳсулот (хизматрасонӣ), самаранокии истеҳсолот, оқилона истифода бурдани захираҳои истеҳсолӣ истифода мекунад.
9.3. Магистр дар соҳаҳои иҷтимоӣ: дар корҳои истифодаи технологияи нави иттилоотӣ иштирок менамояд, корхона ва кормандони алоҳидаи онро бо ахбори тоза, дастовардҳои ватаниву хориҷии илмӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва таҷрибаи пешқадами истеҳсолӣ таъмин мекунад, бо мақсади баланд бардоштани донишҳои илмӣ-техникии кормандон, созмон додани фазои хуби иттилоотии корхона семинарҳо ва конференсияҳо созмон медиҳад, ба чопи корҳои илмӣ мусоидат менамояд. Магистр дар кори ҷорӣ намудани воситаҳои технологияи компютерӣ дар фаъолияти хадамоти сотсиологӣ ва пурқувват гардонидани пояи иттилоотии он фаъолона ширкат меварзад. Тарзу усулҳои фаъолияти омўзгориро васеъ истифода мебарад.
 

10. Таҳияи рисолаи магистрӣ 



10.1. Таҳияи рисолаи магистрӣ дар тӯли тамоми давраи таҳсил дар магистратура идома меёбад. Тибқи нақшаи инфиродӣ ва мӯҳлатҳои дар он муқарраргардида магистрант бояд оид ба рафти иҷрои кор дар назди роҳбари илмӣ, роҳбари магистратура ва кафедраи марбут ҳисобот диҳад.
10.2. Магистрант то ҳимояи қаблии рисолаи худ (на дертар аз як моҳ пеш аз ҳимояи ниҳоӣ) тибқи талабот на кам аз ду мақолаи илмиро дар маҷаллаҳои илмӣ бояд аз чоп бароварда бошад.
10.3. Рисолаи магистрӣ дар охири семестри хотимавӣ дар ҷаласаи комиссияи аттестатсионии давлатӣ (КАД) дифоъ карда мешавад.
10.4. Шахсоне, ки магистратураро бо баҳои аъло хатм мекунанд, дар асоси қарори комиссияи давлатии аттестатсионӣ ба аспирантура ва  барои ба даст овардани дараҷаи илмии доктори илм (PHd) ба муассисаҳои таълимии ватаниву хориҷӣ тавсия карда мешаванд.