Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Бахши ахбор ва омор

Ris400.jpg


Бахши ахбор ва омор бо дастгирии собиқ ректори Донишкада муҳтарам Солеҳзода А.А., шуруъ аз 01.09.2014 сол таҳсис дода шуда то ин муддат фаъолияти худро хуб ба роҳ монда бо бахшҳои дигари МТИТИ, маркази тестӣ ва садорати факултетҳои донишкада ҳамкории зичро ба роҳ монда, ба коркарди электронии натиҷаҳои раванди таълим бо истифода аз барномаи «Раванди таълим» машғул мебошад, ки ин барнома барои нигоҳдорӣ, коркард ва ахборотдиҳии маълумотҳо оиди контингенти донишҷӯён, холҳои ба дастовардаи онҳо дар санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳони ҷамъбастӣ, ҳисоботдиҳӣ оиди онҳо ва ғ. равона шудааст. 






Дар ин бахш дар корҳои зерин анҷом дода мешаванд: 


1. Холҳои варақаҳои имтиҳоии давраи асосӣ ва давраи иловагии (трисеместр) сессияи зимистона ва тобистона ҳам дар шӯъбаи рӯзона, ва ҳам дар шӯъбаи ғоибона, инчунин шуъбаи магистратура ба базаи электронӣ ворид карда шуда, ҳисобот оид ба натиҷаи он ба раёсати донишкада пешниҳод карда мешавад; 
2. Нақшаи таълимии ҳамаи ихтисосҳои шӯъбаи рӯзона (курсҳои 1-3), ғоибона (курсҳои 1-4) ва маълумоти дуюм (курсҳои 1-2) барои омодагӣ гирифтан ба семестри зимистона ва баҳори дар барнома гузошта мешавад; 
3. Варақаҳои санҷишӣ фосилавии якум ва дуюми ҳамаи ихтисосҳо дар гурӯҳҳои НТК ва варақаҳои санҷишию имтиҳонӣ дар низоми таҳсили анъанавӣ, таҳия карда мешавад. 
4. Ҳисобот оид ба натиҷаи санҷиши фосилавии якум ва дуюми ихтисосҳои шӯъбаи рӯзона ба раёсати таълим пешниҳод карда мешавад; 
5. Фармоиши хатмкунандагони ҳамаи ихтисосҳои шӯъбаи рӯзона, ғоибона ва маълумоти дуюми дар бахши ахбор ва омор аз ҷиҳати қарздор будан ё набудани онҳо дар солҳои пеш тафтиш карда мешавад; 
6. Натиҷаи имтиҳонҳои давлатии хатмкунӣ ва кори хатм ба барнома ворид карда мешавад; 
7. Фармоиши хатми соли 2016 -и ҳамаи гурӯҳҳои хамткунандаи ихтисосҳо аз тарафи бахши ахбор ва омор санҷида мешавад. 
8. Дар давраҳои сесия шурӯъ намуда ҳамарӯза варақаҳои имтиҳонии сессияҳои зимистона ва тобистона дар шӯъбаи рӯзона ва ғоибона ба бахши ахбор ва омор аз тарафи факултетҳо ва шӯъбаи магистратура оварда мешавад, ки холҳои он ба барнома ворид карда шуда, ҳисоботи пурраи он баъд аз ба итмом расидани сессияи мазкур ба сохторҳои марбута, пешниҳод карда мешавад; 


Дар давоми соли таҳсил фармоишҳои ректори донишкада оиди хориҷшавӣ, интиқол, барқароршавӣ (контингенти донишҷӯён) ба бахши мазкур ворид мешаванд, ки сари вақт иҷро карда мешавад.