Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

МТИТИ

Наҷмиддинов.jpg
                                                                                                                             Суроға:  
734067, ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14

сардори “Маркази технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва иттилоотӣ”:

Наҷмиддинов Асадулло Мирзоевич

                                                                                                                                                                         Телефон:

                                                                                                                                                                          (+99237) 884-24-65


                                                                                                                                                                                                                      E-mail:

mtiti@feit.tj







Маълумот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ихтисос: муҳандис - барномасоз. 

Муаллифи дастури таълимии: “системаи MATLAB”

Мавзӯи кори илмӣ: “Приближенное решение задачи для нелинейное стационарное уравнения теплопроводности” 


Руихати мақолаҳои чопшуда:

1. Разработка системы тестирования как компонента информационно-образовательной  среды ВУЗа – Пед.  Университет - 2009;

2. Распространение тепла в твердом теле при независимости источников от температуры, содержащих параметр (статья) - Вестник Таджикского национального университета. ТНУ, 2011, 12(76), -с.22-24;

3. Асимптотическое разложение тепла в твердом теле при независимости источников от температуры, содержащих параметр - Вестник Таджикского национального университет. Серия естественных наук,  2014, №1/1(126), -с.68-71;

4. Разностные схемы  для обыкновенных дифференциальных уравнений второго порядка с сингулярными точками -Московский государственный институт индустрии туризма им. Ю.А. Сенкеви, научно-аналитичуский журналь “Иновации и инвестици” 2014, №5 –с.81-83;

5. Математическое моделирование задач - единство теории и эксперимента. – Материалы республиканской конференции по ядерно-физическим методам анализа состава биологических,… объектов,  ТНУ– 2014;

6. Разностная схема подгонки для обыкновенных дифференциальных уравнений второго порядка с сингулярными точками - Материалы республиканской конференции по современной проблеме прикладной математики и информатики, ТНУ– 2014;


Н И З О М Н О М А И

“Маркази технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва иттилоотӣ”


1. МУҚАРАРРОТИ УМУМӢ


Низомномаи мазкур дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф, аз ҷумла «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оинномаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон» ва дигар санадҳои марбута таҳия шудааст.

Маркази технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва иттилоотӣ, ки дар оянда «Марказ» номгузорӣ мешавад, сохтори таркибии донишкада буда, дар фаъолият бевосита ба ректори донишкада тобеъ аст. Он дар асоси қарори Шӯрои олимони донишкада аз “30” июни соли 2014, суратмаҷлиси №12/18  қабул карда шудааст.

Фаъолияти Марказ дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои олимон, фармоишҳои ректор, қарорҳои Шӯрои илмию методӣ ва инчунин  ҳамин Низомнома ба роҳ монда мешавад.

2. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ МАРКАЗ


Ба вазифаҳои асосии Марказ дохил мешаванд:

- таъмини  эътимодияти истифода ва кори техникаи компютерии донишкада;

- назорати мақсадноки истифодабарии техникаи компютерӣ ва лингафонии донишкада;

- ташхис, таъмир ва тармим намудани техникаи компютерӣ ва лингафонии донишкада;

- таъмини техникии синфхонаҳои компютерии донишкада  барои пайвасти устувор ба шабаки интернет;

- назорати истифодаи мақсадноки шабакаҳои шабаки интернет дар синфхонаҳо ва дигар сохторҳо;

- дар мувофиқа бо шӯъбаи таъминотии донишгоҳ харидорӣ намудани қисмҳои эҳтиётии техникаи компютерӣ;

- сохтани лоиҳа ва татбиқи воситаҳои барномавӣ,  нақшаҳои технологӣ ва равандҳои коркарди иттилоот дар асоси гузариш ба идораи электронӣ системаҳои худкоркарди пешқадам ва технологияҳои иттилоотии донишкада;

- такмили гардиши ҳуҷҷатҳо дар донишкада, лоиҳакашӣ ва ҷорикунии васоити барномавии технологӣ ва ҷараёни коркарди иттилоот дар асоси системаҳои автоматоникардашудаи донишкада ва технологияҳои иттилоотӣ;

- баамалбарории ҳамроҳии барномаҳои татбиқшуда ва воситаҳои барномавӣ;

- коркарди иттилоотии сессияи санҷишию имтиҳонии донишҷӯён;

- коркарди фармонҳои ректор доир ба ҳаракати донишҷӯён;

- тайёр намудани маълумотномаҳо доир ба ҳайат,  давомот ва азбаркунии дониши донишҷӯён дар сессияҳои зимистона ва тобистона;

- таҳлили омории сессияи санҷишию имтиҳонии донишҷуён;

- тайёр намудани ҳисобот.


3. ҲУҚУҚҲОИ  МАРКАЗ


- муайян намудани стратегияи компютеркунонии донишкада бо назардошти ҳамшабеҳӣ ва мутобиқаткунонии системаҳои компютерӣ;

- марказ ҳуқуқ  дорад, компютерҳои ба шабаки интернет пайвандбудаи ѓайримақсад истифодашавандаро аз шабакаҳои номбурда маҳрум созад;

- марказ ҳуқуқ дорад, дониш ва маҳорати касбии операторони компютерҳои донишкада ҳангоми ба кор қабул намудан санҷад;

- манзур намудани пешниҳодҳо оид ба танзим ва ба таври пурра истифодабарии техникаи компютерӣ дар раванди таълим ва корҳои илмию тадқиқотии кормандон;

- марказ вазифадор аст, ки тамоми компютерҳои навгирифташуда ва мавҷудбудаи донишкада ба қайд гирад;

- марказ ҳуқуқ дорад, блоки системавии компютерҳои аз таъмир ва ташхис гузаштаро мӯҳру мум кунад;

- марказ ҳуқуқ дорад, ки аз факултетҳо барои пешрафти раванди таълим ҳуҷҷатҳои лозимаро талаб намояд;

- марказ ҳама намуди корҳои номбурдаро дар асоси дархости хаттии фармоишгар иҷро менамояд;


4. САРДОРИ МАРКАЗ


4.1. Сардори Марказ бо фармоиши ректори донишкада таъин карда мешавад.

4.2 Сардори Марказ дар тобеъияти ректори донишкада буда, барои таъмини кори бардавоми воситаҳои техникии донишкада ҷавобгӯй мебошад.


5. ВАЗИФА ВА ҲУҚУҚҲОИ САРДОРИ МАРКАЗ:


- ташкили ҳама намуди корҳое, ки ба аъзоёни марказ, яъне секторҳои корӣ мансубанд;

- аз роҳбарони секторҳои корӣ талаб намудани ҳисоботҳои ҳармоҳа оид ба кори иҷрошуда;

- назорат аз болои риояи қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва хизматии дар донишкада амалкунанда;

- муҳофизати ашёҳо, ки барои истифодабарӣ ба марказ дода шудаанд ва дар  ҳисоби донишкада мебошанд;

- сарфа намудани қувваи барқ ва гармӣ;

- назорат аз болои муҳофизати меҳнат, риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ, чорабиниҳои зидди сӯхтор ва риояи интизоми дохилии меҳнатӣ;

- иҷрои фармоишҳо ва дастурҳои ректор, ки ба фаъолияти Марказ дахл доранд;

- пешниҳод намудани корманди Марказ  ба  ҳавасмандкунӣ ва муҷозоти интизомӣ дар асоси қоидаҳои тартиботи дохилии донишкада;

- пешниҳод намудани ҳисоботи корҳои ба сомон расонидашуда ба ректори донишкада.


6. ВАЗИФАИ БАХШҲО


6.1. Вазифаҳои бахшҳои назорати воситаҳои системавӣ ва ташхиси техникии онҳо:


- таъмини техникаи синфхонаҳои компютерии донишкада барои пайвасти устувор ба шабакаи интернет;

- мунтазам, ҳар ҳафта тафтишу назорати синфхонаҳои компютерии донишкада бо мақсади самаранок истифодабарии компютерҳои мавҷуда дар ҷараёни таълим;

- додани маслиҳатҳо ба операторони синфхонаҳои компютерӣ оид ба дуруст истифодабарии компютерҳо дар ҷараёни таълим;

- таъмин намудани синфхонаҳо бо барномаҳои компютерии таълимии лозима;

- назорати мақсаднок истифодабарии шабаки интернет дар синфхонаҳо ва дигар сохторҳо;

- таъмин намудани эътимодияти истифода ва кори техникаи компютерӣ ва иртиботии донишкада;

- ташхис ва таъмиру тармим намудани техникаи компютерии донишкада;

- тамоми компютерҳои нав ва мавҷудаи донишкадаро ба қайд гирифта,  мӯҳр монад;

- мӯҳру мум кардани блоки системавии компютерҳои аз таъмир ва ташхис гузашта;

- дар мувофиқа бо шӯъбаи таъминотии донишкада харидорӣ намудани қисмҳои эҳтиётии техникаи компютерӣ;

- тайёр намудани ҳисоботҳо оид ба кори синфхонаҳо, ҳолати техникии системаҳои компютерии донишкада ва пешниҳоди он ба сардори Марказ дар охири моҳ. 


6.2. Вазифаҳои бахши омор


- коркарди иттилоотии сессияҳои санҷишию имтиҳонии зимистона ва тобистонаи донишҷӯён;

- дохил намудани ҷадвали санҷишҳо ва  имтиҳонҳо;

- ҳамоҳанг сохтани нақшаи таълим мувофиқи ҷадвали сессияи санҷишҳо, имтиҳонҳо ва фармоишҳо;

- тайёр намудани варақаҳои санҷишӣ ва имтиҳонӣ;

- дохил намудани натиҷаи варақаҳои санҷишӣ ва имтиҳонии сессияи асосӣ;

- тайёр намудани гузоришҳои компютерӣ барои роҳбарияти ДМИТ ва факултетҳо аз натиҷаи сессияи имтиҳонии фаъол;

- тайёр намудани варақаҳои имтиҳонии иловагӣ ва роҳхатҳо пас аз коркарди ҳар як имтиҳони асосӣ ва иловагӣ;

- дохил намудани натиҷаи варақаҳои имтиҳонии иловагӣ ва роҳхатҳо;

- тайёр намудани гузоришҳои компютерӣ аз натиҷаи пурраи сессияи санҷишию имтиҳонии зимистона ва тобистона;

- таҳлил ва муқоисаи омории натиҷаи сессияи санҷишию имтиҳонӣ  нисбат ба сессияҳои гузашта ва ҷамъбасти он ба намуди гузориш;

- тайёр намудани варақаҳои ҷамъбастии сессияи санҷишию имтиҳонӣ барои факултетҳо;

- додани маълумот оид ба теъдоди донишҷӯён аз рӯи ному насаб;

- тайёр намудани ҳисобот;

- гузориши хаттӣ ба раёсати донишкада.


7. МАСЪУЛИЯТИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ КОМПЮТЕРҲО ВА СИСТЕМАҲОИ КОМПЮТЕРӢ


Дар асоси принсипи роҳбарияти ягонаи умумӣ  ҷавобгарии нигоҳдории компютерҳо ва системаҳои компютерӣ ба шахсони зерини вазифадори  сохторҳо вогузор шавад:

- барои компютерҳое, ки дар шабакаҳои локалии синфхонаҳои компютерии факултетҳо ва садоратҳои факултетҳо мавҷуданд – ба деканҳои факултетҳо;

- барои компютерҳое, ки дар шабакаҳои локалии синфхонаҳои компютерии кафедраҳо ва компютерҳои дар кафедра истифодашаванда – ба мудирони кафедраҳо;

- барои компютерҳое, ки дар шабакаҳои локалии дигар сохторҳо ва компютерҳои шӯъба ва идораҳо истифодашаванда -  ба роҳбарони сохторҳои дахлдор.


Бо мақсади самаранок истифодабарии компютерҳо ва шабакаҳои локалии компютерии донишкада роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифадоранд, ки ҷадвали истифодабарии компютерҳо,  ҷадвал – нақшаи пешгирӣ ва таъмирро тартиб дода,  аз ҳисоби мутахассисони баландихтисос шахсони масъули истифодаи компютерҳо ва шабакаҳои локалии компютериро баъд аз мувофиқа бо Маркази донишкада таъин намоянд.