Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Маросимҳо

ФАРХУНДАЗОДРӮЗ МУБОРАК!

ФАРХУНДАЗОДРӮЗ МУБОРАК!

Беҳтарин дӯсти меҳрубон, ҳамкору ҳаммаслаку ҳампешаи азизамон, Машҳура Абдуллоева!

Шумо худ бар ин назар ҳастед, ки барои инсонҳо ҳазор дӯст кам аст, аммо баъзан як нафаре ҳам дар зиндагӣ пайдо мегардад, ки метавонад бо амалу маслиҳатҳои муфидаш ҷойи даҳҳо дӯстонро бигирад. Алҳақ, бо боварӣ гуфта метавонем, ки Шумо аз ҳамин қабил дӯстоне ҳастед, ки бо гуфтору кирдори шоистаатон азизи қалби ҳамагон гаштаед. Ва мо, ҳамкоронатон, аз он ки Шумо бо мо ҳастеду ҳар лаҳзае барои беҳбудию пешравии кору пайкори мо маслиҳате медиҳед, ниҳоят шодем.

Бинобар ин дар ин рӯзҳои хуршедии фасли баҳори фархундапай, ки Шумо ҷашни мелоди умр доред, ин рӯзи неки зиндагиро бароятон таҳният мегӯем!

Баҳри Шумо, Машҳураи қадрдон, тансиҳатӣ, хонаободӣ, хушбахтӣ, умри дарози пурбаракату бенуқсон, амалигардии тамоми орзуву ниятҳои неки диниву дунявӣ ва осмони софу дар зиндагӣ роҳи сафедро аз даргоҳи Худованди бузург талаб дорем!

Илоҳо, ҳамеша ба бахти фарзандону пайвандонатон сиҳату саломат бошед ва номбардори эшон гардед! Зодрӯз муборак, ҳамкори азизу арҷманд!

Рӯзгорат бар мурод, рӯзҳоят шод бод,

Осмонат беғубор, саҳми чашмонат баҳор,

Қалбат аз ҳар ғӯсса дур, базми ишқат пурсурур,

Бахту тақдират қашанг, умри ширинат баланд,

Сарнавиштат тобнок, ҷисму рӯҳат пок - пок.

Дидагонат аз ҳамеша шодтар,

Шаҳри қалбат зиндаву ободтар.

Ғӯссаҳоят дам ба дам, эй меҳрубон,

Дар гузаргоҳи замон барбодтар.


Бо як ҷаҳон эҳтирому самимият ҳамкоронатон аз шуъбаи табъу нашри ДМИТ