Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Кормандон



НОСИРОВ250x250.jpg

Носиров Саъдулло Шукруллоевич моҳи марти соли 1965 ба дунё омадааст. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 94-и ноҳияи Ҳисорро соли 1981 тамом карда, ба Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон дохил мешавад ва соли 1986 онро бомуваффақият хатм менамояд. 
Аз моҳи августи соли 1986 фаъолияти педагогиашро аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 96-и ноҳияи  Ҳисор оғоз намуда, ҳамзамон вазифаи котиби комсомолии мактабро ба уҳда дошт. Пайваста мақолаҳояш дар рӯзномаи ноҳиявии «Ҳисори Шодмон» ва дар маҷаллаю рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ перомуни мавзӯъҳои илму маориф, педагогика, мактаб, панду ахлоқ ва дигар мавзӯъҳои актуалӣ чоп мешуданд. Муддате чанд дар рӯзномаи «Ҳисори Шодмон» ба ҳайси мухбир фаъолият намудааст. 
Соли 1993 ҷонишини директор ва баъд дар вазифаи директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №96-и ноҳияи Ҳисор таъин шудааст.
Моҳи феврали соли 2001 ба Корхонаи фаръии Корпоратсияи “SADR Inc.” (ИМА) дар ҶТ дар шаҳри Душанбе ба кор даъват шуда,  ба ҳайси мудири шуъбаи маркетинг ва баъд аз он директори Маркази таълимии «САДР»-и ҳамин корхона фаъолият мекунад.
Соли 2003 Директори генералии Корхонаи фаръии Корпоратсияи “SADR Inc.” (ИМА) дар ҶТ ва моҳи марти соли 2004 дар вазифаҳои Сарноиби Президент оид ба рушди Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон (муассисаш Корхонаи “SADR Inc.” дар ИМА) ва дар як вақт директори кулли Маркази таълимии САДР кор кардааст.     
22-юми апрели соли 2005 ба вазифаи Котиби Шӯрои директорони Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон ва августи соли 2006 боз ба вазифаи директори генералии Корхонаи фаръии Корпоратсияи “SADR Inc.” (ИМА) дар ҶТ таъин мешавад.
Моҳи апрели соли 2007 аввал дар вазифаи муовин ва баъд дар вазифаи декани факултети муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Ҳамзамон дар кафедраи ҷомеашиносӣ дар вазифаи дотсент фаъолият менамояд. 
Аз соли 2004 унвонҷӯи шӯъбаи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносии Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон соли 2006 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Тарбияи шаҳрвандии хонандагони синфҳои болоӣ дар дарсҳои ҳуқуқи инсон» дифоъ кардааст. 
Бо фармони № 179/О аз 24.08.2010 дар вазифаи проректори аввал оид ба корҳои таълими Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон фаъолият доштааст.
Соли 2011 ба Донишкадаи молияи Тоҷикистон даъват шуда, дар вазифаи мудири шуъбаи тарбия ва пасон дар вазифаи мудири шуъбаи илм ва равобити байналмилалӣ кор кардааст. 
Айни замон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар вазифаи сардори шуъбаи табъу нашр фаъолият дошта, дар як вақт дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ мебошад.
Соҳиби монография ва китобу васоити таълимии зерин мебошад: 
1. «Тарбияи шаҳрвандии хонандагон дар ҷараёни таълими фанни ҳуқуқи инсон», Душанбе, 2007;
2. «Роҳу воситаҳои ташаккули донишҳои зеҳнии хонандагон дар раванди таълим», Душанбе, 2010;
3. «Педагогика», Душанбе, 2014   
Докторанти Пажӯҳишгоҳи рушди таҳсилоти Академияи таҳсилоти Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо Ифтихорнома ва Грамотаи Вазорати маорифи Тоҷикистон,  дараҷаи тахассусии олӣ ва Аълочии маорифи Тоҷикистон, Узви Иттифоқи журналистони  Тоҷикистон мебошад.
Оиладор ва соҳиби чор фарзанд.




Машхура250x250.jpg

Абдуллоева Машҳура Неъматовна 22 апрели соли 1971 дар деҳаи Испечаки ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадааст. Соли 1988 мактаби миёнаи № 64-и ҳамин ноҳияро бо медали нуқра хатм намуда, ҳамон сол ба шуъбаи журналистикаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1993 донишгоҳро бо дипломи аълои ихтисоси журналист ба итмом расонидааст.
Фаъолияти меҳнатиро соли 1994 ҳамчун ходими хурди илмӣ ва пасон ходими илмии бахши сиёсатшиносии Институти иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии АИ ҶТ оғоз намудааст. Солҳои 1997-2001 корманди Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон ва ҳамзамон муовини сардабири маҷаллаи «Шоҳроҳи Ваҳдат» фаъолият дошт. Солҳои 2002-2005 чун хабарнигори рӯзномаи «Чашмандоз» ва солҳои 2005-2010 ба ҳайси мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи «Паёми Душанбе» кор кардааст. Аз соли 2010 то 2012 дар ширкати «Знание» ба ҳайси тарҷумони забони русӣ ба тоҷикӣ фаъолият дошт.
Аз моҳи октябри соли 2012 дар шуъбаи табъу нашри Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба сифати муҳаррири тоҷикӣ фаъолият намуда, аз моҳи майи соли 2013 то инҷониб вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи донишкадавии «Молия ва иқтисод»-ро ба дӯш дорад.
Мавсуф муаллифи мақолаҳои зиёди илмӣ ва оммавию маърифатӣ мебошад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.









Tuychizoda250x250.jpg

Насрулло Тӯйчизода 17-уми феврали соли 1988 дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Хатмкардаи мактаб-гимназияи № 21-и шаҳри Хуҷанд буда, соли 2005 факултаи фарҳангшиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро бо дипломи аъло хатм намудаст. Ҳамзамон дар аспирантураи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Мулалифи ду китоби шеърҳои кӯдакона буда, китоби сеюмаш таҳти унвони «Дунёи соҳибдилон» дар арафаи чоп мебошад. Дипломанти фестивал-озмуни  байналмилалии ҷавонони эҷодкор «Щабыт-2007» дар шаҳри Остона, дорандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши рӯзноманигорӣ дар соли 2011, ғолиби озмуни байналмилалии «Журналистикаи илмӣ» дар шаҳри Берлини Олмон (World Health Summit-2012)  ва як қатор озмунҳои дигар мебошад. Пас аз ғолибият дар барномаи «Open World», ки аз ҷониби Конгресси ИМА маблағгузорӣ мешавад, соли 2011 ба иёлати Калифорния рафта, таҷрибаомӯзӣ намудааст. Узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Аълочии матбуоти тоҷик мебошад. 
Мақолаҳоряш пайваста дар нашрияҳои дохилӣ ва хориҷӣ чоп мегардад.









Хакимова250x250.jpg


Ҳакимова Раъно Назриевна 1-уми декабри соли 1971 дар ноҳияи Ваҳдат дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Аз соли 1979 то соли 1887 дар мактаби миёнаи №43 шаҳри Ваҳдат таҳсил намудааст. Соли 1991 дар мактаби асосии №100 ба ҳайси сарвари пешоҳангон фаъолияти кории худро оғоз бахшид. Маълумоташ олӣ. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ. Дар баробари таҳсил аз соли 1993 то соли 2009 фаъолияти омӯзгориашро дар мактабҳои миёна давом дода, аз соли 2009 то соли 2011 дар Коллеҷи кӯҳии ба номи Сороҷон Юсупова воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ҳайси сардори шуъбаи таълим фаъолият намудааст. Солҳои 2011-2013 дар вазифаи ҷонишини директор оид ба тарбияи мактаби миёнаи умумии №100. Айни ҳол муҳаррири шуъбаи табъу нашри ДМИТ.
Оиладор, соҳиби ду фарзанд.









Мачидова250x250.jpg


Ҷобиров Наврӯз Мирзомуродович 14 марти соли 1989 дар шаҳри Ваҳдат дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 2007 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо хатм намуда, сипас ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудааст. Тӯли 5 соли таҳсил бо нашрияҳои даврӣ ҳамкориро ба роҳ монда, пайваста дар мавзӯъҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ва сиёсиву иқтисодӣ матлабҳо ба нашр мерасонид. Пас аз хатми ДМТ соҳиби ихтисоси журналисти байналмилалӣ гашта, дар ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа»-и ВКД аввалан ба ҳайси хабарнигор, сипас то инҷониб дар вазифаи муҳаррири шуъба адои вазифа менамояд. Номбурда аз моҳи сентябри соли 2016 дар нашрияи «Молия ва иқтисод»-и ДМИТ чун муҳаррири бахши тоҷикӣ ба фаъолият пардохтааст.
Аз соли 2012 аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 2016 Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 
Наврӯз Ҷобиров тӯли солҳои фаъолият дар чандин озмунҳо ширкат варзида, дорои Сипосномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби ду фарзанд аст.












Камолиддин250.jpg



Муҳиддинов Хисрав Ғиёсиддинович 2 июли соли 1988 дар шаҳри Ҳисор дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадааст. Хатмкардаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №128-и ба номи Асоев Абдуҳамиди шаҳри Ҳисор мебошад.
Соли 2006 пас аз хатми мактаби миёна ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2011 онро бо ихтисоси журналист-тарҷумон (забони англисӣ) хатм намудааст.
Дар давоми таҳсил ҳамчунин коромӯз бо ВАО, аз ҷумла бо АМИТ «Ховар», радиои «Имрӯз», рӯзномаи ноҳиявии «Ҳисори Шодмон» ҳамкорӣ кардааст.
Фаъолияти меҳнатиро моҳи сентябри соли 2012 дар муассисаи давлатии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №39-и шаҳри Ҳисор ба ҳайси омӯзгори фанни забони хориҷӣ (англисӣ) оғоз карда то августи соли 2014 дар ин таълимгоҳ кор кардааст.
Аз моҳи ноябри соли 2015 дар шуъбаи табъу нашри ДМИТ ба ҳайси суратгир-мухбир ба фаъолият шурӯъ намуда, то инҷониб фаъолият дорад. Моҳи сентябри соли 2017 дар арафи 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ба муносибати Соли ҷавонон бо Сипосномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Оиладор, соҳиби се фарзанд.