Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Шуъбаи табъу нашр

Шуъбаи табъу нашри Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани фармону супоришҳои Президенти мамлакат оид ба забони давлатӣ, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр» аз 27.12.1993 №898 ва дар мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 4.4-и «Оинномаи муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон», фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади табъу нашр ва таҳрири китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, илмӣ, дастурҳои илмӣ-методӣ ва дигар маводи таълимӣ таъсис дода шудааст. 
Шуъба дар назди Раёсати Донишкада ташкил шуда, бо фармони ректори Донишкада ва роҳбарии бевоситаи муовини ректор оид ба илм фаъолият менамояд. Дар ҳамин асос Шуъбаи табъу нашри Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2012 фаъолияташро дар доираи талаботҳои Низомнома, ки қоидаву тартиби корро муайян менамояд, ба роҳ мондааст. 
Ба шуъба мутахассис ва муҳаррирони касбии соҳаҳои гуногуни илм бо малакаи хуби забондонӣ, асосан забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷалб карда шудаанд. 
Дар шуъба мутахассисони зерин фаъолият мекунанд: 


1. Носиров С. Ш. – сардори шуъба, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент; 
2. Абдуллоева М. Н.– сармуҳаррири рӯзномаи «Молия ва иқтисод»; 
3. Маҷидова Е. Р. – муҳаррири бахши русӣ; 
4. Ҳакимова Р.Н. – муҳаррири бахши тоҷикӣ;
5. Шарифов К. Х. – мухбири суратгир.
6. Насрулло Тӯйчизода – муҳаррир.


Шуъбаи табъу нашр аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи рӯзномаи «Молия ва иқтисод»-ро таҳти №0330/рз аз 22 октябри соли 2012 ва шаҳодатномаи маҷаллаи «Паёми Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон»-ро таҳти №0126/мҷ аз 22 октябри соли 2012 гирифт ва барои оғози фаъолияти нашрияҳои мазкур заминаи боэътимод гузошт. 
То ба имрӯз 44 шумораи рӯзномаи «Молия ва иқтисод» аз чоп баромада, дастраси хонандагон гардид, ки инъикоси тамоми самтҳои фаъолияти ҳамарӯзаи донишкадаро фаро мегирад. Ҳадафи асосии рӯзномаи «Молия ва иқтисод» инъикоси фаъолияти ҳаматарафаи таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ, методӣ ва умуман фаъолияти педагогии рӯзмарраи устодону кормандон ва ҳаёти донишҷӯён аст. Ба қавле ҳар амалу кори пурсамари дар донишкада баргузоршаванда мисли оина дар саҳифаҳои он нашр мегардад.
Ҳамчунин ба хотири гуногунандешӣ ва риояи шартҳои принсипи озодии сухан нашрия новобаста аз номувофиқии афкори муаллифон маводи мухталифро ба табъ мерасонад. Танҳо дар доираи салоҳият ва ҳадди ваколатҳои ҳайати эҷодии он.   
Кормандони рӯзнома тамоми чорабиниҳои доиршудаи донишкадаро дар сайти ДМИТ сари вақт ҷой медиҳанд. Ҳамзамон бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар» ва агентии «Tojnews», маҷаллаи «Молия ва ҳисобдорӣ», рӯзномаҳои «Садои мардум», «Боҷу хироҷ» ва дигар нашрияҳои даврӣ низ ҳамкорӣ карда, дар бораи чорабиниҳои муҳими аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалидошта иттилоот медиҳанд. Гуфтан мумкин аст, ки шуъбаи табъу нашр барои муаррифӣ ва рекламаи донишкада ягона манбаи иттилоот аст. 
Дар тӯли фаъолият ба шуъбаи табъу нашр маводҳои зиёде, аз қабили китобҳои дарсӣ, дастурамалҳои таълимию методӣ, низомномаҳо, дастурамалҳои вазифавӣ, авторефератҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, мақолаҳои илмӣ, тақризҳо ва дигар маводҳои таълимӣ бо мақсади таҳрир ворид гаштаанд. Маводҳои зикршуда аз таҳрири муҳаррирони шуъба гузашта, ба ҷаласаи Шӯрои илмӣ-методии донишкада ва ба дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор пешниҳод гардиданд. 
Вобаста ба татбиқи забони давлатӣ дар асоси нақшаи комиссияи донишкадавӣ шуъбаи табъу нашр дар сатҳи ваколатҳои худ нақшаи чорабиниҳоро оид ба риояи татбиқи забони давлатӣ таҳия намуда, ба тадриҷ иҷрои онро амалӣ месозад. Роҷеъ ба риояи нави талаботҳои имлои нави забони тоҷикӣ, хусусан истифодаи садонокҳои «ӣ» ва «ӯ» ва ҷой додани калимаҳои иқтибосӣ дар мақолаҳо бо аксари устодону донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад.  
Имрӯзҳо кормандони Шуъбаи табъу нашри Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар асоси нақшаи корӣ ва супоришу талаботи раёсати донишкада фаъолияти меҳнатиро дуруст ба роҳ монда, барои иҷрои самараноки нақша ва вазифаҳои ба зиммадоштаашон сайъу кӯшиш менамоянд.