Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Низомнома

   «Тасдиқ мекунам»
                                                                                           Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 
                                                                                                                       ___________________  Р. Мирбобоев
                                                                                                                       «___» ________________соли 2012   


НИЗОМНОМАИ
Шӯрои олимони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон

I. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои олимон бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва молиявию хоҷагидории Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (минбаъд Донишкада) дар назди ректор таъсис дода шуда, мақомоти идоракунандаи  Донишкада  ҳисобида  мешавад. 
2. Вазифаи асосии Шӯрои олимони Донишкада дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии  Ҷумҳурии Тоҷикистон», фармону амрҳои Президенти Ҷум¬ҳурии Тоҷикистон, қарорҳо, фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии оид ба соҳаи   маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.    

II.  Ҳайат  ва  фаъолияти Шӯрои олимони Донишкада 

3. Шӯрои олимони Донишкада (минбаъд Шӯро) дар ҳайати ректор (раиси Шӯро), муовинони ректор (муовини ректор оид ба таълим-муовини раиси Шӯро), деканҳои факултетҳо ва директорони воҳидҳои таркибӣ, мудирони воҳидҳои асосӣ ва кормандони намоёни илмию омӯзгорӣ ташкил карда мешавад.
4. Ҳайати Шӯро бо фармони ректори Донишкада  ба мӯҳлати 3 (се) сол  тасдиқ карда мешавад.
5. Ректори Донишкада дар мавридҳои лозимӣ вобаста ба зарурати истеҳсолӣ метавонад ҳайат ва миқдори аъзои Шӯроро тағйир диҳад.
6. Дар ҳолати пеш аз мeҳлат аз ҳайати Шeро  баромадан (даъват шудан)-и аъзои Шeро, такмил ва тағйироти теъдоди Шeро, дар аввали соли таҳсил  сурат мегирад.
7.Бо назардошти зарурати ба миён омада тағйироти ҷузъӣ даровардан ба ҳайати  Шӯро дар давоми соли таҳсил сурат мегирад.
8. Ректор  котиби илмии Шӯроро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
9. Шакли асосии фаъолияти Шӯро  ҷаласаи  он дониста мешавад.
10. Нақшаи солонаи кори Шӯроро  баъд аз баррасии он дар ҷаласаи Шӯро  ректор  дар аввали соли таҳсил тасдиқ мекунад.
11. Ҷаласаи Шӯро  моҳе як маротиба доир  мешавад.
12. Дар ҳолатҳои зарурӣ бо ташаббуси  ректор (раиси Шӯро)  xаласаи ғайринавбатӣ гузаронида мешавад. 
13. Ҷаласаҳои Шӯро ҳамон вақт фаъолият мекунанд, ки агар аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯро ҳузур дошта бошанд. 
14. Қарори ҷаласаи Шӯро ҳамон вақт ҳуқуқи амалӣ шуданро пайдо мекунад, ки агар аз нисфи зиёди аъзои Шӯро дар ҷаласа ҳузур дошта, овоз диҳанд.
15. Дар сурати бо қарори Шӯро розӣ набудани ректор (аз ҷумлаи  масъалаҳои баҳcнок) масъалагузорӣ такроран барои баррасӣ  гузошта мешавад ва дар муҳокимаи он бояд аз се ду ҳиссаи ҳайати Шӯро иштирок намоянд.
16. Санади Шӯро дар шакли фармон, қарори алоҳида ва ё  нусха аз суратҷаласа мураттаб мегардад.
17. Иҷрои қарори Шӯро барои тамоми субъектҳои таркибии сохтори Донишкада ва тамоми кормандон,  омӯзгорон, аспирантон, унвонҷуён ва донишҷӯён  ҳатмӣ мебошад. 

III. Ваколатҳои Шӯро

18. Доир ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи Донишкада таклифҳо пешниҳод менамояд.
19. Масъалаҳои асосиро доир ба амалӣ намудани ташкили фаъолияти таълимӣ, илмию методӣ,  таълимию тарбиявӣ, илмию тадқиқотӣ дар самти  тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ муайян менамояд. 
20. Номгӯи  ихтисосҳо, тахассусҳо, курсҳои омӯхташаванда ва шумораи онҳо, шаклҳои назорати дониши донишҷӯён, вақти оғоз ва анҷоми давраҳои таҳсили семестрҳои таълимиро муайян мекунад.
21. Масъалаҳои такмили идора ва сохтори Донишкада, аз ҷумла, ташкил (барҳамдиҳи)-и марказҳо, пажӯҳишгоҳҳо, донишкада ва академияҳои таълимӣ, факултетҳо, кафедраҳо, шӯъбаҳо, лабораторияҳо ва дигар ҷузъҳои таълимӣ, илмӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро баррасӣ менамояд.
22. Масъалаҳои асосии дурнамои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Донишкадаро баррасӣ менамояд.
23.Мувофиқи тартиботи муқарраршуда магистратура, аспирантура ва докторантура таъсис медиҳад.
24. Мувофиқи тартиботи  муқарраршуда, шӯъбаҳо,  намояндагиҳо, ихтисосҳо ва тахассусҳои нав боз менамояд.
25. Нақшаи дурнамо ва мавзӯи пажӯҳишҳои илмиро баррасӣ карда, тасдиқ менамояд.
26. Номгeи ихтисосҳоро, ки аз рeйи он таҳсилот дар Донишкада сурат мегирад,  тасдиқ мекунад.
27. Дар бораи таъсис, таxдид (аз нав ташкилдиҳӣ) ё барҳамдиҳии факултетҳо, кафедраҳо, дигар воҳидҳои таркибӣ (сохторӣ)-и Донишкада қарор қабул намуда, самтҳои асосии фаъолияти онҳоро муайян менамояд.
28. Муқаррароти воҳидҳои таркибӣ (сохторӣ)-и Донишкада, инчунин дигар асноди танзимкунандаи фаъолият ва воҳидҳои таркибӣ (сохторӣ)-и марбути онро баррасӣ менамояд. 
29.Харҷномаи даромад ва хароҷоти маблағҳои махсуси Донишкадаро муҳокима ва тасдиқ намуда, ҳисоботи солонаи иҷрои харҷномаи мазкурро баррасӣ ва хулосагирӣ менамояд.
30. Масъалаи ҷамъоварӣ, тақсим ва истифодаи маблағҳои махсуси Донишкадаро  баррасӣ менамояд.
31. Ҳайат ва хулосаи қарори комиссияҳо ва шӯроҳои доимию муваққатан амалкунандаро тасдиқ мекунад.
32. Комиссияи тафтишотиро интихоб,  низомнома ва ҳисоботи онро тасдиқ мекунад.
33. Имтиёзҳои мавҷударо барои ишғол намудани вазифаҳои дотсент, профессор ва дигар кормандони илмию таълимӣ муқаррар ва татбиқ мекунад.
34. Бо пешниҳоди ректор масъалаи пеш аз мӯҳлат аз вазифа озод намудани мудири кафедраро баррасӣ менамояд.
35. Мутобиқи тартиби муқарраршуда озмуни интихобшавӣ  ба вазифаҳои мудири кафедра, профессор, дотсент, ходими хурд ва калони илмӣ   мегузаронад.
36. Интихоби довталабонро ба тариқи озмун барои ишғоли вазифаҳои вакантии ҳайати профессорону омӯзгорон амалӣ мекунад.
37. Қарори Шӯро дар ҳалли масъалаҳои ишғоли вазифа он гоҳ қабул карда мешавад, ки агар ба тарафдории он аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯро, ки дар ҷаласа ҳузур доранд, овоз диҳанд.
38. Ҳангоми баробар шудани овозҳо ё нагирифтани миқдори зарурии овозҳои аъзои  Шӯро  пас аз фосилаи як моҳ дар ҷаласаи навбатӣ масъалаи мазкур аз нав муҳокима гардида, мавриди овоздиҳӣ қарор дода мешавад.
39. Мутобиқи тартиботи муқарраршуда барои дарёфти унвонҳои илмии профессор ва дотсент номзадонро пешбарӣ менамояд.
40. Қарори Шӯро дар ҳалли масъалаҳои барои дарёфти унвонҳои илмии профессор ва дотсент  он гоҳ қабул карда мешавад, ки агар ба тарафдории он аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯро, ки дар ҷаласа ҳузур доранд, овоз диҳанд.
41. Мутобиқи тартиботи муқарраршуда номзадҳоро барои интихоб ба ҳайати Академияи илмҳои Xумҳурии Тоxикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоxикистон ва Академияи  илмҳои педагогии Тоҷикистон  пешбарӣ менамояд.
42. Унвони доктори ифтихории Донишкада ба арбобони давлатӣ, ходимони ҷамъиятӣ, олимони мамлакатҳои  хориxӣ медиҳад.
43. Барои гирифтани стипендияи номӣ номзадҳоро аз ҷумлаи донишҷӯёни аълохону фаъол  ва аспирантон  тавсия ва тасдиқ  менамояд.
44.Масъалаҳои тайёр намудан, такмили ихтисос ва ҳавасмандкунии кадрҳоро баррасӣ намуда, барои дохил шудан ба аспирантура, докторантура ва гузаронидани омӯзгорон ба вазифаи ходими илмӣ ва анҷоми рисолаҳои докторӣ тавсияҳо медиҳад.
45. Дар хусуси ба омӯзгорон додани рухсатии эxодӣ, фиристодан ба докторантура ва курсҳои такмили ихтисос розигӣ медиҳад.
46. Мавзӯи рисолаҳои  номзадӣ  ва докториро бо пешниҳоди Шӯрои  олимони факултетҳо ва шӯроҳои ташхисӣ   тасдиқ менамояд. 
47.Масъалаҳои муҳими таълим, корҳои илмӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди  Донишкадаро баррасӣ менамояд.
48. Нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотиро тасдиқ менамояд.
49.Масъалаҳои мубраме, ки мутобиқи  Оинномаи Донишкада ба салоҳияти Шӯро вогузор гардидааст, ҳал менамояд. 
50. Раиси Шeрои олимон иxрои мунтазами қарорҳои Шeроро зери назорат гирифта, роxеъ ба он ҳар се моҳ як маротиба дар ҷаласаи Шӯро ахбор  медиҳад.
51.Оид  ба иҷрои нақшаи кори Шӯро котиби илмӣ ҳисобот медиҳад.
52.Xаласаҳои Шeро дар суратxаласа қайд карда шуда, ба суратxаласа  раиси Шeро ва котиби илмии он имзо мегузоранд.

IV. Ректори  Донишкада   дар ҳолатҳои  зерин метавонад қарори Шӯроро бекор намояд:

- дар ҳолати  қарори қабулшуда хилофи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармону қарорҳои мақомоти болоӣ бошад;
- агар қарори қабулшуда берун аз салоҳияти Шӯро бошад;
- агар қарори қабулшуда аз  ҷониби суд беэътибор дониста шавад.

                                       Бо қарори Шӯрои олимони 
                                     Донишкадаи  молия ва иқтисоди Тоҷикистон
                                       аз « 01» октябри  соли 2012
                      суратҷаласаи № 2
                      қабул карда шуд.