Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Шурои олимон

    Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №227 аз 11 майи соли 2012  бо роҳи муттаҳидсозии муассисаҳои таълимии давлатии Донишкадаи молияи Тоҷикистон ва  Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Аз рӯзҳои аввали таъисисёбии донишкада Шӯрои олимон ба сифати мақомоти идоракунандаи муассисаи таълимӣ фаъолияти худро бо назардошти ба анҷом расидани соли таҳсил дар ҳайати аъзоёни Шӯрои олимон ва нақшаи кории ҳар ду донишкада вусъат бахшид. Дар соли таҳсили 2011-2012 Шӯрои олимони ДМИТ ду ҷаласа барпо намуд. Дар ин ҷаласаҳо масъалаҳое, ки баррасии онҳо бо нақшаҳои кории ҳар ду донишкада ба назар гирифта шуда буданд, муҳокима гардида, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Дар ҷаласаи нахустини Шӯрои олимони ДМИТ (№1, 30.05.2012) ҳуҷҷатҳои  марбут ба таъсисёбии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд, аз ҷумла, Оинномаи донишкада, сохтори донишкада, Қоидаҳои қабул ба ДМИТ дар соли таҳсили 2012-2013, Нақшаи қабул ба ДМИТ дар соли таҳсили 2012-2013, Нархномаи таҳсил дар соли таҳсили 2012-2013, Нархномаи қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ва супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ, намунаи шартномаи пардохти маблағи таҳсили соли 2012-2013.

    Дар соли таҳсили 2012-2013 Шӯрои олимони ДМИТ фаъолияти худро дар ҳайат нав, ки он дар ҷаласаи №1, 31.08.2012 барои се сол тасдиқ гардид, оғоз намуд. Ба ҳайати Шӯрои олимон 25 нафар шомил гардиданд, ки аз ин ҳисоб 5 нафар доктори илм, 17 нафар номзади илм ва 3 нафар бе унвони илмӣ мебошанд.

    Дар ҳамин ҷаласа нақшаи кории  Шӯрои олимон барои соли таҳсили 2012-2013 тасдиқ карда шуд, ки имрӯз муқаррароти он мавриди иҷроиш қарор гирифтаанд.
Тибқи нақшаи корӣ  ва қарори  Шӯрои олимон (№1, 31.08.2012) ҷаласаҳои Шӯро моҳе як маротиба –душанбеи чоруми ҳар моҳ доир мегарданд. Тибқи нақша дар соли таҳсили 2012-2013 баргузории  11 ҷаласа ва баррасии 75 масъалаи асосӣ ва масаъалаҳои ҷорӣ ба назар гирифта шудааст. Дар моҳҳои август-декабри соли 2012 ба ҳисоби умумӣ 5 ҷаласа доир гардид, ки дар онҳо мухимтарин масъалахои марбут ба  раванди таълиму тарбия  ва хочагидорӣ  баррасӣ гардида, дар иртибот ба онхо карорхои дахлдор кабул карда шуданд.  Дар ин ҷаласаҳо 18 масъалаи асосӣ ва 62 масъалаи ҷорӣ баррасӣ карда шуд. Дар ин муддат 37 ҳуҷҷати ҳуқуқӣ-меъёрии марбут ба фаъолияти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.

    05.10.2012 дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ эълони озмун дар бораи ишғоли вазифаҳо дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикстон  дарҷ гардид. Барои иштирок дар озмуни мазкур ба котиботи Шӯрои олимон ба ҳисоби умумӣ 72 ариза ворид гардид. Аз ин ҳисоб 26 нафар барои ишғоли вазифаи мудири кафедра, ду нафар барои ишғоли вазифаи профессори кафедра ва 44 нафар барои ишғоли вазифаи дотсенти кафедра номзадии худро пешбарӣ намуданд. Дар таърихи 03.12-2012 озмун барои ишғоли вазифаи мудири кафедра ва дотсенти кафедраҳои тахассусӣ доир гардид. Аз рӯи натиҷабандии овоздиҳии пинҳонӣ, ки дар ду давр доир гардид, 20 нафар ба вазифаи мудири кафедра, 1 нафар ба вазифаи профессори кафедра ва 23 нафар ба вазифаи дотсенти кафедраи тахассусӣ интихоб шуданд. Дар ҳамин ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки барои ишғоли вазифаи мудири кафедраи молия ва муомилоти пулӣ ва мудири кафедраи информатика озмуни такрорӣ эълон карда шавад. Барои ишғоли вазифаи дотсенти кафедраҳои умумидонишкадавӣ гузаронидани озмун дар таърихи 29.12.2012 ба назар гирифта шудааст.
 Яке аз самтҳои фаъолияти Шӯрои олимон назорат аз рӯи рафти иҷроиши амру супоришҳои ба масъалаҳои маориф вобастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатии самти таълиму тарбия,  қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои вазоратҳои дахлдор дар ДМИТ  маҳсуб мегардад. Дар давоми фаъолияти худ Шӯрои олимони ДМИТ рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон» дар ДМИТ (№2 аз 01.10.2012), рафти иҷроиши  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12.2003, №508 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2004-2014» (№3, 29.10.2012)–ро дар донишкада баррасӣ намуда, ҷиҳати такмили фаъолият дар самти татбиқи муқаррароти дар ин ҳуҷҷатҳо муайянгардида қарорҳои дахлдор қабул намуд. Бо мақсади иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирӣ намудани  ҳодисаҳои номатлуби коррупсионӣ ва ришваситонӣ дар ДМИТ  бо қарорҳои марбутаи Шӯрои олимон комиссияҳои корӣ таъсис дода шуданд. Имрӯзҳо ин комиссияҳо самти фаъолияти худро муайян намуда, дар доираи салоҳияти худ кор бурда истодаанд.

     Самти  дигари фаъолияти Шӯрои олимон ба роҳ мондани назорат аз рӯи сифати таълиму тарбия, таъмини раванди таълим бо барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва маводи методӣ, тартибу низоми санаднигорӣ дар кафедра ва сохторҳои дигар, омодагӣ ба санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳоноти ҷамъбастӣ мебошад. Ҷиҳати ба амал овардани назорати мазкур дар моҳҳои май-декабри соли 2012  масъалаҳои марбутаи назорати раванди таълиму тарбия ва сифати тадрис   дар 6 ҷаласаи Шӯрои олимон баррасӣ ва муҳокима карда шуда, дар иртибот ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар ин ҷаласаҳо аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба сифати корҳои таълимию методӣ, вазъ ва сифати таҳияи барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо, саволномаҳои тестӣ, сифати ташкили  қабули имтиҳоноту санҷишҳо, ба роҳ мондани раванди таҷрибаомӯзӣ,  сифати дарсҳо, омодагии устодон ба дарсҳо муҳокима карда шуданд.

     Шӯрои олимони ДМТ  ба таҳкими раванди фаъолияти илмӣ дар донишкада диққати зиёд зоҳир намуда, сифати иҷриши нақшаҳои илмиро  зери назорат қарор додааст. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2012 масъалаи тасдиқи мавзуъҳои нави илмӣ-фармоишӣ ва пешниҳоди онҳо барои маблағгузорӣ ба Шӯрои ҳамоҳангсозии АИ ҶТ баррасӣ гардида, гузориши сардори шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ шунида шуд. Тибқи нақшаи корӣ инчунин баррасии ҳисоботи корҳои илмӣ-тадқиқотии ҳайати кормандони илмӣ, докторантону аспирантон ва донишҷӯёни ДМИТ, баррасии сифати фаъолияти маҳфилҳои илмӣ ва дигарҳо ба назар гирифта шудаанд.

     Фаъолияти сохторҳо ва созмонҳои ҷамъиятии донишкада низ зери назорати доимии Шӯрои олимон қарор гирифтааст. Дар давоми моҳҳои сентябр-декабри соли 2012 фаъолияти комиссияи қабули донишкада, тартиби додани дипломи хатмкунӣ (№2, 01.10.2012), вазъи корҳои таълимию тарбиявӣ миёни донишҷӯёни тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилкунанда, фаъолияти шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон (№3, 29.10.2012), вазъи ҷойгиркунии донишҷӯён дар хобгоҳ ва дараҷаи таъминоти онҳо бо шароити зарурии маишӣ (№3, 29.10.2012) баррасӣ гардида, бо қарорҳои марбута ба шахсони мутасаддӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
     Алҳол Шӯрои олимони ДМИТ фаъолияти худро дар асоси нақшаи кории тасдиқгардида ба роҳ монда, сифати иҷроиши қарорҳои он зери назорати доимии раёсати донишкада қарор гирифтааст.