Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Ба таваҷҷуҳи устодон


Avrupo400.jpg



Ҳафтаи Аврупоӣ 2015

Шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази фарҳангии Бохтар ба диққати ҳама устодон ва донишҷӯён мерасонад, ки аз 12-ум то 18-уми  октябри соли 2015 дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода Ҳафтаи Аврупо баргузор мегардад, ки дар ин муддат чорабиниҳои гуногун  сурат хоҳанд гирифт. Хоҳишмандон метавонанд дар ҳама чорабиниҳо ройгон иштирок намоянд.

Барои маълумоти бештар хоҳишмандон метавонанд ба сомонаи http://www.facebook/euroweek2015 ё ба шӯъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоянд.








Arab-Business400.jpg


ҶОИЗАИ САРМОЯГУЗОРОН ВА ИННОВАТСИЯИ АРАБ


Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба диққати ҳама устодони донишкада мерасонад, ки Вазорати Иқтисоди  Имороти Муттаҳидаи Араб дар санаи 16-17-уми ноябри соли 2015 дар  шаҳри Абу-Даби Озмуни ҷоизаи сармоягузорон ва инноватсияи арабро эълон менамояд. Барои иштирок дар озмуни мазкур бояд аз тарафи иштирокчиён лоиҳаҳо пешниҳод гардад.

Барои маълумоти бештар ба сомонаи www.abi-conference.com  ё ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоед






Озмуни «Лоиҳаи беҳтарин»


Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо дастгирии Раёсати донишкада озмуни «Лоиҳаи беҳтарин»-ро дар байни устодон ва донишҷӯён эълон менамояд. Озмуни мазкур дар мавзӯи маориф ва тиҷорат бахшида шудааст.

Озмун аз 15-уми сентябр оғоз  ёфта, 15-уми октябр ба охир мерасад. Барои лоиҳаи устодон се ҷой: ҷои 1-ум, ҷои 2-юм ва ҷои 3-юм дода мешавад. Барои донишҷӯён низ се ҷой: ҷои 1-ум, ҷои 2-юм ва ҷои 3-юм дода мешавад.

Гран-Прии озмун аз байни ҳама лоиҳаҳо интихоб мегардад.

Иштирокчиён бояд ҳатман як гурӯҳи корӣ ташкил кунанд ва лоиҳаҳои беҳтарин дар назди ҳакамон аз тарафи гурӯҳҳои кории ҳар як лоиҳаҳо пешниҳод мегарданд.

Мӯҳлати охирини қабули лоиҳаҳо 15-уми октябри соли 2015.

Ғолибони озмун бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои донишкада қадрдонӣ мегарданд ва лоиҳаҳои беҳтарин барои иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалӣ пешниҳод мегарданд.









Канада.jpg



Шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада ба диққати устодони ДМИТ мерасонад, ки Сафорати Канада озмуни ҳамасолаи дархостҳоро барои ширкат дар Барномаи Фонди Канадагии Ташаббусҳои Маҳаллӣ (CFLI) эълон менамояд.

Барномаи Фонди Канадагии Ташаббусҳои Маҳаллӣ (CFLI) лоиҳаҳои хурд, вале намоёну аҳамиятнокро, ки барои ба даст овардани натиҷаи мушаххас нигаронида шудаанд, маблағгузорӣ менамояд.

Лоиҳаҳо аслан бояд ба ҳавасмандгардонии рушди устувори иқтисодӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ, фароҳамоварии имкониятҳо барои бачагону ҷавонон, пешравии демократия ва таъминоти бехатариву субот нигаронида шаванд.

Лоиҳаҳои аз тарафи фонд дастгиришаванда бояд баробарии гендерӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбати экологияро ташвиқот намоянд. Афзалият ба лоиҳаҳое дода мешавад, ки ба таъмини бехатарӣ ва суббот, аз ҷумла лоиҳаҳое, ки барои эътироф намудани ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, тақвияти таъсири мақоми зан ба хусусияти идоракунӣ, инчунин мустаҳкамкунии суботи иҷтимоӣ бахшида шудаанд, дода мешавад.

Лоиҳа дар доираи 15000 то 20000 доллари канадагӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ё ба сомонаи электронии http://tajikngo.centreict.net/ru/-mainmenu-51/item/3037-konkurs-zayavok-dlya-uchastiya-v-programme-kanadskogo-fonda-mestnyih-initsiativ-cfli.html муроҷиат намоед.










Университет.jpg



Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба иттилои Шумо мерасонад, ки Донишгоҳи Мазандарон дар Баболсар, шаҳри Эрон «Якумин Конфронси байналмилалии иқтисодии донишҷўён»-ро дар риштаҳои зерин эълон менамояд:
- инкишоф ва тараққиёти иқтисодӣ;
- иқтисодиёти байналмилалӣ;
- иқтисодиёти меҳнат;
- муҳити зист, сарчашма ва хусусиятҳои иқтисодӣ;
- иқтисоди молиявӣ
- сохторҳои иқтисодии давлатӣ
- иқтисоди пулӣ
- иқтисоди исломӣ.
Мақсади конфронс аз фароҳам овардани имконият ба олимон, таҷрибаомўзон, мушовирон, тадқиқотчиён, сиёсатмадорон ва аспирантон барои муаррифии кори илмии худ ва мубодилаи таҷриба, ақидаҳои нав ва натиҷаҳои тадқиқот, инчунин муҳокима кардани масъалаҳои таҷрибавӣ ва/ё ин, ки ҳалли мувафаққиятҳо, ки дар натиҷаи тадқиқот комёб гаштаанд,  иборат аст.
Конфронси байналмилалии донишҷўён дар донишгоҳи Мозандарон, дар шимоли шаҳри Баболсар, Эрон аз 10 то 11 октябри соли 2015 баргузор мегардад.
Қайд кардан зарур аст, ки маърўзаҳо ва тезисҳо дар маҷмўи маърўзаҳои конфронс тариқи онлайн чоп мегарданд. Корҳои беҳтарин барои чоп ба маҷаллаи Шарҳи иқтисодии Эрон пешниҳод мегарданд. 
Ба ҳамаи иштироккунандагон сертификат оид ба иштирок дода мешавад. Ба се кори беҳтарин дар охири конфронс мукофот супорида мешавад. Конфронси мазкур бо ду забон мегузарад: англисӣ ва форсӣ.
Мўҳлати охири супоридани ҳуҷҷатҳо 20 майи соли 2015.
Маълумоти бештарро Шумо метавонед аз шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ё аз сомонаи www.isce.conf.umz.ac.ir/en/main дастрас  намоед.









Kazah.jpg


Шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада ба диққати устодони ДМИТ мерасонад, ки Донишгоҳи Қазоқистону Олмон тренингро барои омӯзгорон аз рӯи Инструментарияи (асбобу анҷоми) идоракунии якҷояи захираҳои обии (ИУВР-ИИЗО) Шарикии глобалии обӣ  эълон менамояд. Донистани забони русӣ шарт буда, забони англисӣ ба мақсад мувофиқ аст.

Семинар 22-23 апрели соли 2015 дар Донишгоҳи Қазоқистону Олмон, шаҳри Алма-ато баргузор мегардад.

Хоҳишмандон метавонанд дархостҳои худро то 5-уми апрели соли 2015 тибқи талаботи ташкилкунандагон ба суроғаи электронии iwrm@dku.kz пешниҳод намоянд. Барои дарёфти маълумоти зарурӣ ба суроғаи координатори Барномаи МА ИУВР Барбара Януш-Павлетта  janusz-pawletta@dku.kz ва ё шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоед.












ddd160.jpgddd550.jpg



Маҳфили иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе 2015 

«Инкишофи силсилаи арзиши изофа дар хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон»


Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба иттилои Шумо мерасонад, ки  Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар ҳамкорӣ бо шарикони тоҷикистонии худ мақсади ҷорӣ намудани анъанаи гузаронидани мулоқотҳои иқтисодии байналмилалии ҳарсоларо дорад ва 10 апрели соли 2015 дар бинои Китобхонаи миллӣ гузаронидани Маҳфили иқтисодиро дар мавзӯи «Инкишофи силсилаи арзиши изофа дар хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба нақша гирифтааст.  
Номгӯи мавзуъҳо масъалаҳои зеринро дар бар мегиранд ва бо ин масъалаҳо маҳдуд карда намешаванд:
* Хоҷагии қишлоқ ва силсилаи арзиши изофа ҳамчун муҳаррики пешравии иқтисодӣ ва бо кор таъмин будан дар Тоҷикистон;
* Силсилаи арзиши изофаи хоҷагии қишлоқ дар мазмуни глобалӣ: ТБО ва Аҳдномаи иқтисодии авру-осиёӣ;
* Маблағдиҳии силсилаи арзиши изофа ҳамчун иқтидори зиёдшавии инкишофи хоҷагии қишлоқ; ҷалб намудани маблағгузории хориҷӣ;
* Ҳамкории фермерҳо бо бозор, инчунин хоҷагиҳои хурди фермерӣ;
* Бизнес кейсҳои силсилаи арзиши изофаи хоҷагии қишлоқ  дар Тоҷикистон.
Корҳои интихобшуда дар маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир»-и Маркази тадқиқотҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  чоп хоҳанд шуд.
Бизнес кейсҳои интихобшуда барои тафтиш ба Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бизнесғҷамъиятҳо пешниҳод мегарданд. 
Се кори беҳтарини Маҳфили иқтисодӣ бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Рӯзҳои муҳим
Таърихи фиристодани дархост: то 28 феврали соли 2015. 
Огоҳинома оид ба қабули кор на дертар аз 16 марти соли 2015 фиристода мешавад. 
Таърихи фиристодани мақолаҳо ва презентатсияҳо: то 30 марти соли 2015.
Аз Шумо хоҳиш карда мешавад, ки дархостҳо ва мақолаҳои таҳриршударо  ба почтаи электронии мазкур фиристонед: takhmina.saidahmadzoda@giz.de
Инчунин барои гирифтани маълумоти бештар Шумо метавонед ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоед.





Mariy130.jpg

МДТОФ  ТОК "Донишгоҳи давлатии Марий-Эл"
Конфронси IV - байналмилалии илмӣ-амалии ғоибона


Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ФЭИТ ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Донишгоҳи давлати Марий-Эл рӯзҳои 19 то 20 марти соли ҷорӣ конфронси IV - байналмилалии илмӣ-амалии ғоибонаро дар мавзӯи «Масъалаҳои актуалии филологияи роману германӣ ва таълими забонҳои аврупоӣ дар мактабҳо ва МТОКҳо» дар ш. Йошкар-Ола, Ҷумҳурии  Марий-Эл мегузаронад. 
Дар Конфронси мазкур корҳои шуъбаҳо аз рӯи чунин равияҳо ба нақша гирифта шудаанд:
1. Масъалаҳои умумии романистика ва германистика;
2. Забон ва робитаи фарҳангӣ;
3. Таҳлили контрастивии забонҳои гуногунсохт;
4. Системаи забонӣ ва мазмуни ҷамъиятӣ-фарҳангӣ;
5. Масъалаҳои омузиши адабиёти бадеии ҷаҳонӣ;
6. Тарҷума ва тарҷумашиносӣ;
7. Технологияҳои муосири таълимии забонҳои хориҷӣ.
Талаботҳо барои иштирокчиён: 
* Забони кории конфронс: русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, марӣ, тоторӣ. 
* Андозаи мақола бояд: аз 3 то 8 саҳифаро фаро гирад. Маводҳо дар намуди чопӣ ва электронӣ қабул карда мешаванд.
Дархостҳо барои иштирок дар конфронс ва маводҳо барои нашр бояд ба суроғаи мазкур 424002, ш. Йошкар-Ола, кӯч. Кремлевская – 44, донишгоҳи давлатии Марий-Эл ё ин ки ба сомонаи электронии khflora@yandex.ru, Хабибулина Флёра Яхиятовна ва iraida44@yandex.ru, Иванова Ираида Геннадьевна ирсол карда шаванд. Мӯҳлати охири қабули ҳуҷҷатҳо то 10 марти соли 2015. 
Инчунин барои гирифтани маълумоти бештар Шумо метавонед ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоед. Нашри маводҳо барои устодони донишкада ройгон аст.





IIASA.jpg


ОЗМУН БАРОИ ИШТИРОК ДАР БАРНОМАИ ТОБИСТОНА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОН ДАР АВСТРИЯ

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба иттилои шумо мерасонад, ки Донишкадаи байналмилалии таҳлили тартибии амалӣ (IIASA, Австрия) аз 1 июн то 31 август барои гузаронидани тадқиқот ба  50 муҳаққиқони болаёқат аз тамоми ҷаҳон, ки мавзуи тадқиқоти онҳо ба мавзӯи тадқиқоти   IIASA мувофиқ мебошанд, имконият фароҳам меоварад, IIASA дар мавзуи дигаргуниҳои ҷаҳонии муҳити зист, иқтисод ва ҷамъиятӣ тадқиқот мебарад. Аз моҳи июн то моҳи август ғолибони озмун дар кори Барномаҳои илмӣ-тадқиқотии  Донишкада бо роҳбарии ҳайати илмии IIASA иштирок мекунанд. 
Аз рӯзи аввали фаъолияти барномаи YSSP дар он зиёда аз 1772 нафар аз 85 давлати ҷаҳон иштирок намудааст.

Аз соли 1977 инҷониб ҳар тобистон Барномаи тобистона барои муҳаққиқони ҷавон (YSSP) чунин имкониятҳоро пешниҳод менамояд:
• Гузаронидани тадқиқот дар зери роҳбарии бевоситаи олими ботаҷрибаи IIASA;
• Васеъ намудани шавқу рағбат нисбати гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба воситаи фаъолият бурдан дар доираи муҳити байналмилалӣ ва илмии IIASA;
• Барқарор намудани робита бо шабакаи умумии IIASA ва давом додани ҳамкорӣ бо донишкада дар оянда.
Мавзуҳои тадқиқот:
• Таҳлили тартибии васеъ
• Энергия
• Эволюция ва экология
• Кам кардани ифлосшавии ҳаво ва партовҳои газҳои гармхонаҳо
• Аҳолии Замин
• Хатар ва сустии сиёсӣ 
• Гузариш ба технологияҳои нав
• Об              
 
Маблағгузорӣ аз тарафи IIASA карда мешавад.
 
Талаботҳо ба довталабон:
• Аспирантура (таҳсил на камтар аз 2 сол то гирифтани PhD);
• Мувофиқат намудани мавзӯи кори тадқиқотӣ ба тадқиқотҳои ҷории IIASA;
• Хоҳиши омӯхтани натиҷаҳои сиёсии кори худ.
Дархосткунандагон аз тамоми ҷаҳон, хусусан шаҳрвандон ё ин ки намояндагони давлатҳое, ки ба руйхати NMO дохил ҳастанд, метавонанд иштирок намоянд.
 
Мӯҳлати супоридани дархост: 
Қабули дархост барои тобистони соли 2015 аз 1 октябри соли 2014 то 12 январи соли 2015 кушода аст. 
Номазадҳо оид ба қабули дархостҳояшон то 10 марти соли 2015 хабардор карда мешаванд. 
Мӯҳлати супоридани дархост – то 31 январи соли 2015 

Барои гирифтани маълумоти муфассалтар шумо метавонед ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ё ба сомонаи http://www.iiasa.ac.at/web/home/education/yssp/about.html муроҷиат намоед. 







Erasmus+.jpg


ОЗМУНИ БАРНОМАИ “ЭРАЗМУС+” БАРОИ  ДАСТГИРИИ МОЛИЯВИИ ГРАНТҲО 

ВА СТИПЕНДИЯҲО БАРОИ МУАЛЛИМОН 


Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба иттилои Шумо мерасонад, ки озмуни Барномаи “ЭРАЗМУС+” барои  дастгирии молиявии грантҳо ва стипендияҳо барои муаллимон эълон гардидааст.  

«Эрасмус+» барнома оид ба мубодила ва ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ мебошад, ки барои баланд бардоштани сифати таҳсили олии аврупоӣ ва кумаки мусоҳиба ва якдигарфаҳмӣ байни одамон ва фарҳанг ба воситаи ҳамкории якҷоя бо мамлакатҳои сеюм мебошад. Ба ғайр аз ин, барнома барои рушди сарчашмаҳои инсонӣ ва имконоти ҳамкории байналмилалӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар мамлакатҳои сеюм, ба воситаи фаъол гардонидани барномаҳои мубодила байни Иттиҳоди Аврупо ва мамлакатҳои зикргардида  мусоидат менамояд.  

Баъзе барномаҳои Иттиҳоди Аврупо, агар ин гуна барномаҳо умуман вучуд дошта бошанд, ҳамин гуна миқёси умумии аврупоӣ доранд. Дар барномаи «Эрасмус+» қариб 90% донишгоҳҳои аврупоӣ иштирок мекунанд. Аз соли ташкилшавии барнома, соли 1987 қариб 1,9млн. донишҷуён иштирок доштанд. Зиёда аз 3100 мактабҳои таҳсилоти олӣ аз 31 давлат иштирокчии ин барнома мебошанд ва дигар мактабҳои таҳсилоти олӣ низ мехоҳанд ҳамроҳ гарданд. 


Равияҳои асосӣ барои дастгирии молиявии грантҳо ва стипендияҳо: 


• Тайёркунии муаллимон ва маълумоти илмӣ;
• Такмили сифати таълим ва таҳсил: 


1. Дастгирии протсеси Болон (системаи силсилавӣ, гузаронидани кредитҳо, замимаи диплом ва дигар); 

2. Методҳои таълим ва тайёрӣ, методология ва методҳои таълимӣ, ҳамчунин натиҷаҳои таълим ва таҷрибаи компютерӣ (аз он ҷумла, муносибати фасеҳи таълим, курсҳои омехташуда, зудҳаракатии вертуалӣ ва ҳақиқӣ, таҷриба); 


• Такмили роҳбарикунӣ ва корҳои мактабҳои таҳсилоти олӣ: 


1. Идора, нақшагирии стратегӣ ва идораи мактабҳои таҳсилоти олӣ;
2. Интернатсионализатсиякунонии мактабҳои таҳсилоти олӣ;
3. Ҷараён  ва тартиби такмили сифати таълим; 


• Рушди қисматҳои таҳсилоти олӣ дар ҷамъият дар маҷмӯъ; 


1. Рушди ҳамкории донишгоҳҳо бо муассисаҳо;
2. Чаҳорчубаи муайянкунанда;
3. Рушди қисматҳои таъсилот дар минтақаҳои мамлакат. 


Барои маълумоти иловагӣ Шумо метавонед ба шӯъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоед.







Soros.png

Фонди Ҷамъиятии Сорос дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Барномаи стипендиявии «Мукофоти илмии Ҷамъиятии шаҳрвандӣ»-ро барои коркунони илмӣ ва академӣ барои дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ, барои такмил додани корҳои илмӣ, мусоидат намудан дар мубодилаи фикру ақида ва ташкил додани шабакаи байналмилалӣ, инчунин барои бо муваффақият такмил додани малакаи касбии дарсгӯии муаллимони мактабҳои олӣ эълон менамояд. Дар барномаи мазкур донишҷӯён-докторантҳо, муаллимони мактабҳои олӣ (дараљаи магистр дошта) метавонанд иштирок намоянд.

Мӯҳлати амаликунии лоиҳа бояд аз 2 то 10 моҳро дар бар гирад. Талаботи докторҳо бояд на зиёда  аз 10 000 доллари ИМА бошад. Барои муаллимон 15 000 доллари ИМА тавсия шудааст.

Барои иштирок дар барномаи мазкур Шумо метавонед аз сомонаи зерин истифода баред http://www.opensocietyfoundations.org/grants/civil-society-scholar-awards ва маълумоти лозимаро дастрас намоед, ё ин ки ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоед.