Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Кормандон


Диловаров300х250.jpg

Диловаров Манучеҳр Мазамович
Сардори шӯъбаи робитаҳои байналмиллалӣ

Диловаров М.М. соли 1976 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Солҳои 1983-1993 мактаби миёнаро хатм намуда, маълумоти пурраи миёна гирифтааст. Соли 1993 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев, ба факултети забонҳои хориҷӣ, шуъбаи филологияи забони англисӣ-франсавӣ дохил шуда, онро соли 1998 бомуваффақият хатм намудааст. Соли 2003 ба Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, ба шуъбаи ғоибона, маълумоти дуюм, ихтисоси Менеҷмент дохил шуда, соли 2006 онро низ хатм менамояд.
Диловаров иштирокчии якчанд конфронсу семинарҳо, тренингҳои омӯзишии дохиливу байналмилалӣ мебошад. Ӯ инчунин соҳиби зиёда аз 10-15 сертификат мебошад.
Мавсуф якчанд маротиба ба хориҷи кишвар сафар намудааст. (Ҳиндустон, Россия, Украина, Қазоқистон, Туркия,Испания ва Шветсия).
Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1997 оғоз намудааст:
Солҳои 1997-1999 мактаб-литсеи «Лаёқат»-и шаҳри Душанбе (мактаби миёнаи №55),  ба ҳайси муаллими забони англисӣ.
Солҳои 1999-2001 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, кафедраи забони англисӣ, ба ҳайси муаллими калони кафедраи забони англисӣ.
Солҳои 2001-то 2012 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, кафедраи забонҳо, кафедраи забонҳои хориҷӣ (англисӣ), муаллими калони кафедра.
Солҳои 2012-то ҳоло дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, дар шӯъбаи робитаҳои байналмиллалӣ кор ва фаъолият бурда истодааст:
аз соли 2012 то сентябри соли 2014 ба ҳайси сармутахассис оид ба таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ
аз сентябри соли 2014 то ҳозир дар вазифаи сардори ҳамин шӯъба. Мавсуф инчунин координатори яке аз лоиҳаҳои TEMPUS мебошад.
Муаллифи ду китоби дарсӣ (English for You) (ба забони русӣ – 2005 ва ба забони тоҷикӣ - 2010), маводҳои дарсӣ мебошад. Инчунин дар тарҷумаи китобҳо (Рубоиёти У.Хайём-2005, Наврузнома-2010) иштирок намудааст. Мақолаҳояш дар маҷаллаву газетаҳо чоп шудааст. Инчунин бо Сарредаксияи Энсиклопедияҳои Тоҷик ҳамкорӣ дорад ва мақолаҳояш дар Энсиклопедияҳои Тоҷикистон, Адабиёт ва санъат ва ғайра чоп мегарданд. Аз соли 2007 аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Соҳиби унвони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” аз соли 20014 мебошад.
Кори илмияш дар самти филология мебошад, ҳоло унвонҷуи АИҶТ, Институти забон ва адабиёт ва мероси хаттӣ, шуъбаи забон мебошад ва дар мавзўи «Истилоҳоти хешутаборӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» кори илмӣ карда истодааст.

Tell: (+992) 918618793 (mobile)







Nargis288x191.jpg

Чаркулова Наргиза Музаффаровна
Сармутахассис оид ба таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ
ва дарёфти грантҳо

Соли 1975 дар шаҳри Конибодом, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Солҳои 1982-1992 мактаби миёнаро хонда маълумоти пурраи миёна гирифтааст. Соли 1992 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев, ба факултети забонҳои хориҷӣ, шуъбаи филологияи забони немисӣ-англисӣ дохил шуда онро соли 1997 бо мувафаққият хатм намудааст. 
Иштирокчии як чанд конфронсу семинарҳо, тренингҳои омӯзишии дохиливу байналмилаллӣ мебошад. Соҳиби зиёда аз 10-15 сертификат мебошад. 
Якчанд маротиба ба хориҷа сафар намудааст. (Россия, Қазоқистон, Киргизстан, Туркия ва Хитой). 
Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1996 оғоз намудааст. 
Солҳои 1996-1999 мактаби №35 шаҳри Душанбе,  ба ҳайси муаллими забони немисӣ.
Солҳои 1999 то 2007 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, нозири шуъбаи таълим.
Солҳои 2008-2009 мактаби миёнаи №21 шањри Душанбе, муаллими забони англисӣ ва немисӣ.
Солҳои 2009 то 2013 мушовири махаллии Гранти каталитикии Бонки ҷаҳонӣ.
Соли 2014 то ҳоло дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ, ба ҳайси сармутахассис оид ба таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ кор ва фаъолият бурда истодааст. 


Tell: (+992) 934093537 (mobile)






Salomiyon288.jpg


Хушвактов Муродхуҷа Қурбонкулович
Мутахассис оид ба таҳия ва тадбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо


Мутахассис оид ба таҳия ва тадбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо
Хушвахтов М.Қ. соли 1993 дар ш Панҷакенти вилояти Суғд дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Солҳои 1999 – 2010 мактаби таҳсилоти умумии № 61- ро хатм намудааст. Дар ҳамин сол ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо, ба шуъбаи филологияи араб дохил шуда, соли 2015 донишгоҳи мазкурро бо баҳои хубу аъло хатм намуд. Айни њол номбурда аспиранти факултети муносибатҳои байналхалқии донишгоҳи мазкур мебошад. 
Аз 20-уми апрели соли 2016 то инҷониб дар шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси мутахассис оид ба таҳия ва тадбиқи  барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо кор ва фаъолият бурда истодааст.


Тел: (+992) 908440555 (тел. мобилӣ)






Рахимова300х200.jpg

Раҳимова Шоира Абдуҷалиловна
Мутахассиси кор бо шаҳрвандони хориҷӣ

14 марти соли 1983 дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфтааст. Аз соли 1991 то соли 2000 дар мактабҳои миёнаи №52 ва №53 – и шаҳри Душанбе таҳсил намудааст. Солҳои 2000-2001 дар колеҷи техникии ба номи Осимӣ таҳсил намуда, маълумоти миёнаи пурра гирифтааст.

Аз  соли  2001  то  соли  2006  дар шуъбаи забонҳои хориҷӣ (забони англисӣ)-и Донишкадаи давлатии забонҳо хонда, ихтисоси лингвист-тарҷумон гирифтааст. Баъд Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро солхои 2006 то 2009 бо ихтисоси ҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит  хатм  намуда касби  иқтисодчӣ гирифтааст.

Аз моҳи  майи  соли 2007 то моҳи июни соли 2010 дар ҶСПК «Васлат» дар  вазифаи  котиб-ҳуҷҷатнигори  роҳбар  ва  моҳи ноябри ҳамон сол дар вазифаи иқтисодчии  шуъбаи  қарздиҳӣ кор ва фаъолият бурдааст. Аз моҳи марти соли 2008 то моҳи июни соли 2010 дар вазифаи муҳосиби гурӯҳи корӣ бо асъори хориҷӣ  дар ҶСПК «Васлат» кор ва фаъолият бурдааст.  Моҳи июни соли 2010 то моҳи октябри соли 2011 дар Маркази тадқиқотии сотсиологии «Зеркало» дар шуъбаи Мониторинги реклама ба сифати мутахассис кор кардааст.  Аз моҳи ноябри соли 2011 то моҳи сентябри соли  2012 дар Маркази савдои «Техно Сила» ба ҳайси ҳисобчӣ кор кардааст. Моҳи октябри соли 2012 то моҳи апрели соли 2013 дар Маркази тадқиқотии сотсиологии «Зеркало» дар вазифаи оператори тадқиқотии телефонӣ  кор карда ҳамин сол ба вазифаи Супервайзер ба шуъбаи CATI (Computer Assisted Telephone Interview) гузаштааст. Аз моҳи сентябри соли 2013 то инҷониб дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ ба ҳайси мутахассиси кор бо шаҳрвандони хориҷӣ кор ва фаъолият бурда истодааст. Аспиранти курси 2-юми ихтисоси 080001-Назарияи иқитисодӣ, дар мавзуъи «Махсусият ва тамоили инкишофи имконоти содироти саноатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон» кор бурда истодааст. Аз моҳи июни соли 2014 то моҳи августи соли 2014 барои бозомӯзӣ дар курси Инкишофи имкониятҳои инсонӣ (HR Development) ба давлати Ҳиндустон, штати Ню Делӣ сафар кардааст.



Tell: (+992) 918 706064 (mobile)





Salomiyon288.jpg

Саломиён Шаҳроми Маҳмаддовуд
Мутахассис оид ба таҳия ва тадбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо

Саломиён Ш.М. соли 1993 дар  ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонии вилояти Хатлон  дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Солҳои 1999-2010 мактаби таҳсилоти умумии № 77- ро хатм намудааст. Дар ҳамин сол ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо ба шуъбаи филологияи араб дохил шуда,  соли 2015 донишгоҳи мазкурро бо баҳои хубу аъло  хатм намудааст.
Аз 1-уми сентябри соли 2015 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба њайси мутахассис оид ба таҳия ва тадбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо кор ва фаъолият бурда истодааст.
Забонҳои англисӣ, арабӣ, русӣ ва форсиро медонад. Соли 2008 ба Ҷумҳурии исломии Эрон барои такмили ихтисос ва забономӯзӣ сафар намудааст.

E-mail: sh.salomiyon@feit.tj
Телефон: (+992) 918908022