Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Эълон


Elon600.jpg


ҲАФТАИ ТАҲСИЛИ БАЙНАЛХАЛҚӢ-2015


Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба диққати ҳамаи хоҳишмандон мерасонад, ки бо кӯмаки Департаменти давлатӣ ва Вазорати маорифи ИМА, инчунин дигар намояндагиҳои ташкилотҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ҳафтаи таҳсили байналхалқӣ-2015 дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Мо ҳамаи хоҳишмандонро барои иштирок дар намоишгоҳи таҳсилотӣ оид ба имкониятҳои таҳсил дар Тоҷикистон ва хориҷа даъват менамоем.

Таърих: Рӯзи 16 ноябр, аз соати 14:00 то 17:00
Суроғаи намоишгоҳ: Маркази Исмоилияи шахри Душанбе







Petro.jpg



ТАҲСИЛ ДАР ДОНИШГОҲИ ПЕТРОЗАВОДСКИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ


Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба диққати донишҷӯён мерасонад, ки барои таҳсил (1-2 семестр) дар Донишгоҳи Петрозаводски Федератсияи Россия ба ДМИТ бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо карда шудааст.

Таҳсил ройгон буда, донишҷӯён новобаста аз курс ва ихтисос метавонанд дар донишгоҳи мазкур таҳсил намоянд

Ёдрас менамоем, ки номнавис намудан барои семестри бањории соли хониши 2015-2016 то 1-уми декабри соли 2015 идома меёбад.   

Барои дар Барномаи мубодилаи донишҷӯён иштирок намудан онҳо бояд ҳуҷҷатҳои зеринро омода созанд:

1. Саволнома (анкета)

2. Нусхаи шиноснома

3. Нақшаи дарсҳо (руйхати фанҳои семестри оянда, ки довталаб мехоҳад онҳоро дар Донишгоoи ПетрГУ омӯзад)

4. Мактуб (аз донишкада)

Барои маълумоти бештар ва номнавис намудан, довталабонро зарур аст, ки ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоянд.







Elon.jpg

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба иттилои Шумо мерасонад, ки дар доираи Барномаи мубодилаи донишҷӯён, донишкада тасмим гирифтаст, ки донишҷӯни зинаи бакалавр ва магистратураро барои таҳсил дар семестри дуюм ба Донишгоҳи давлатии Нарини Ҷумҳурии Қирғизистон, Донишгоҳи нави иқтисодии Қазоқистон ва Донишгоҳи менеҷменти Алмаатои Қазоқистон  ирсол намояд.
Муҳлати таҳсил як семестр буда, ройгон мебошад. Донистани забони русӣ ҳатмист.
Хоҳишмандон метавонанд, барои номнавис намудан ва маълумоти бештар дастрас намудан ба шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ муроҷиат намоянд.





Kyi838.jpg

Ғолиби 100,000 доллари ИМА барои ҷоизаи ҷахонии муҳити зист гард!


Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба диққати устодон ва донишҷӯёни донишкада  мерасонад, ки Донишгоҳи Сант-Андрюс дар Шотландия Озмуни ҷоизаи ҷаҳонӣ оид ба муҳити зистро эълон кардааст.

Хоҳишмандон бояд дархостҳои худро дар шакли онлайн пешниҳод намоянд.

Барои ғолиби ҷои аввал 100,000 доллари ИМА ва барои ду нафар ғолибони ниҳоӣ ба ҳар кадом 25,000 доллар мукофотпулӣ дода мешавад.

Муҳлати охирин барои пешниҳоди лоиҳаҳо 31-уми октябри соли 2015 мебошад.

Барои маълумоти бештар ба сомонаи зерин  http://www.thestandrewsprize.com/news-articles/global-environmental-prize-opens-for-entries ё ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоед.







Baktria.jpg


Шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада ба диққати устодон ва донишҷӯёни ДМИТ мерасонад, ки бо ташаббуси шуъба ва дастгирии Маркази фарҳангии «Бохтар» аз 01.06.2015 курси ройгони омӯзиши забони англисӣ дар бинои маркази зикршуда оғоз мегардад.

Хоҳишмандон метавонанд барои бақайдгирӣ ба шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ё Маркази фарҳангии «Бохтар» муроҷиат намоянд.

Мӯҳлати бақайдгирӣ то 31.05.2015 муқаррар шудааст.







MVF.jpg



Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба иттилои Шумо мерасонад, ки санаи 21-ми майи соли 2015 соати 1000 дар донишкада лексияи омузишӣ дар мавзӯи «Дурнамои рушди иқтисодиёти минтақа ва Тоҷикистон дар соли 2015» баргузор мегардад.

Лексияи мазкурро бо презентатсия Намояндаи Фонди Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон Айдын Биболов барои донишҷӯёни курсҳои 3-4-уми донишкада мегузаронад.








Кирг350.jpg
 


Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба иттилои Шумо мерасонад, ки 18-19 июни соли  2015 дар Донишгоҳи давлатии Нарин ба номи С.Нааматов Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Самтҳои муҳими инкишофи Қирғизистон дар доираи интегратсияи Евразия» баргузор мегардад.


Самтҳои фаъолияти конфронс:
• Инкишофи Қирғизистон дар шароити дохилшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии Евразия;
• Ҳолати ҳозира ва мушкилиҳои низоми таълим;
• Масъалаҳои фалсафӣ, фарҳангшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва таърихи халқи қирғиз,
• Ташаккули тадқиқотҳои илмӣ-техникӣ;
• Шахсиятҳои шинохтаи ташаккули филологияи қирғиз: Калыгул Бай уулу, Сатыбалды Нааматов;
• Олимони шинохта, ки баҳри ташаккули педагогикаи муосири қирғиз саҳми арзанда гузоштаанд: бахшида ба 85-солагии профессор И. Бекбоев, 70-солагии профессор Э. Мамбетакунов , 80-солагии муаллими мардумӣ М.Базаркулов.

Забонҳои кории конфронс:
• қирғизӣ;
• русӣ;
• англисӣ.

Конфронс ба тариқи онлайн гузаронида мешавад, яъне иштирокчиён бо маърузаашон ба таври он-лайн баромад мекунанд.
Маводҳои конфронс то оғози он дар маҷмӯи мақолаҳо чоп мегарданд.
Барои иштирок дар конфронс бояд матни маърузаро то санаи 15 маи соли 2015 пешниҳод намоед.
Қарори дохил намудани маърӯза ба барномаи конференсия то 25 майи соли ҷорӣ муайян мешавад.

Шароитҳои молиявии иштирок дар конфронс:  Пардохти хароҷоти ташкилӣ, нашриётӣ ва полиграфии мақолаи ба маҷмӯи маводҳои конфронс пешниҳодгардида  1000 сомро (тахминан 100 сомонӣ) дар бар мегирад. Теъдоди мақолаҳо аз як муаллиф бемаҳдуд аст.
Барои маълумоти иловагӣ Шумо метавонед ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ё ба саҳифаи интернетии Донишгоҳи давлатии Нарин ба номи С. Нааматов www.nsu.to.kg  муроҷиат намоед.







Konk350.jpg 




Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Донишкадаи таълимии НИУ ВШЭ бо дастгирии Мактаби олии менеҷмент ва Агентии ташаббусҳои стратегӣ озмуни навгониҳоро дар таҳсилот эълон менамояд.

Ба озмун устодон, донишҷӯён ва ҳамаи хоҳишмандон даъват карда мешаванд. Кормандони Мактаби олии менеҷмент ташхиси таълимӣ, намояндагони Агентии ташаббусҳои стратегӣ бошад,  ташхиси асосии лоиҳаро мегузаронад ва барои пешбарии ақидаҳои нав кумак намуда, тимҳои беҳтаринро барои гуфтушунид бо шарикони эҳтимолӣ омода месозанд.

Рӯйдоди асосии озмун қисми ниҳоии он мегардад, ки дар он лоиҳаҳои беҳтарин ба сармоягузорон ва тамошобинон пешниҳод карда мешаванд. Ғолиби озмун барои нишон додани лоиҳаи худ дар дилхоҳ нуқтаи ҷаҳон Travel Grant (Бурсияи сайёҳӣ) мегирад. Спонсорҳои озмун мукофотҳоро дар номинатсияҳои махсус, аз ҷумла коромӯзӣ дар хориҷи кишвар ва дастгирии молиявӣ пешниҳод мекунанд.

Барои ширкат иштирокчиёни инфиродӣ ва тимҳои хурд иборат аз 2-6 нафар бе маҳдудияти синнусолӣ, мансубияти касбӣ, шаҳрвандӣ ва ақидаҳои сиёсӣ даъват карда мешаванд. Давраи ибтидоӣ дар назар аст ва Шумо бояд нишон диҳед, ки дорои чизи муҳиме ҳастед, на балки ақидаи тахаюлие доред. Хусусияти озмун дар он аст, ки вай инчунин афрузанда мебошад. Дар раванди Мактаби тобистона ҳар як тимро кумак мекунанд, ки лоиҳаи худро пурра намуда, ба сармоягузорон ва шарикони эҳтимолӣ пешниҳод намояд.

Рӯзи охирини қабули дарсхостҳо 15 майи соли 2015 муқаррар шудааст. Дархостҳо дар реҷаи он-лайн дар саҳифаи интернетии http://kivo.hse.ru/ қабул  карда мешаванд. Оид ба ҳамаи масъалаҳои ба озмун дахлдошта ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоед.    







Kazah.jpg


Шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада ба диққати донишҷӯёни ДМИТ мерасонад, ки Донишгоҳи Қазоқистону Олмон бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ озмуни бизнес-лоиҳаҳоро дар байни донишҷӯён дар мавзуи «Иқдом дар соҳаи об» эълон менамояд. Мақсади озмун ҷалб намудани донишҷӯён барои ҳалли проблемаҳои ҳавзаи Баҳри Арал бо роҳи коркарди бизнес-лоиҳаҳои нисбатан перспективӣ (ояндадор)  мебошад. 

Хоҳишмандон метавонанд дархостҳои худро то 10-уми апрели соли 2015 пешниҳод намоянд. Барои дарёфти маълумоти зарурӣ ба суроғаи электронии роҳбари барномаи магистерии ИУВР janusz-pawletta@dku/kz ва ё шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоед.







Ist405.jpg


Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба иттилои Шумо мерасонад, ки Донишгоҳи Истамбули Туркиё барномаи «Бурсияҳои Туркия» - ро барои соли  хониши 2015-2016 ва таҳсил дар зинаи бакалаврро дар соли 2015 эълон менамояд. 

Хоҳишмандон метавонанд 80 Донишгоҳҳои дилхоҳро дар сомонаи http://yos.istanbul.edu.tr/en/ интихоб намуда, дар зинаи бакалавр таҳсил намоянд. 

Талабномаро барои иштирок дар барнома ва саволномаи пур карда шударо Шумо метавонед ба воситаи сомонаи www.turkiyeburslari.gov.tr  то 16 майи соли 2015 ирсол намоед. 

Барои гирифтани маълумоти бештар хоҳишмандем ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ бо телефони (378) 84-97-54 муроҷиат намоед. 





Lat600.jpg


Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Агентии Ҷумҳурии Латвия оид ба масъалаҳои рушди таҳсилоти давлатӣ дар асоси Созишномаи байнидавлатии байни ҳукумати Ҷумҳурии Латвия ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм хоҳишмандонро аз ҳисоби донишҷӯён ва устодон ҷиҳати таҳсил ва гузаронидани тадқиқот дар муассисаҳои таҳсилоти олии Латвия дар давоми соли таҳсили 2015-2016 ва инчунин дар мактабҳои тобистона дар соли 2015 даъват менамояд.

Хоҳишмандон метавонанд аризаҳои худро то 1-уми апрели соли 2015 пешниҳод намоянд. 

Барои дарёфти маълумоти зарурӣ бояд ба сомонаи Агентии Ҷумҳурии Латвия оид ба масъалаҳои рушди таҳсилоти давлатӣ www.viaa.gov.lv ё ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоед.






Iran300.jpg


Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба диққати ҳамаи хоҳишмандон мерасонад, ки мувофиқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 10/2-388 аз 12 марти соли 2015 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 15 то 19 августи соли 2015 XV-умин Олимпиадаи байналмилалӣ аз рӯи ихтисосҳои риёзӣ, химия ва омор байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор мегардад.

Хоҳишмандон метавонанд ҷиҳати иштирок дар олимпиада ҳуҷҷатҳои заруриро ба шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ пешниҳод намоянд.

Меҳмондории дохилӣ аз тарафи Ҷумҳурии Исломии Эрон амалӣ мегардад, аммо харҷи сафар ба зиммаи иштирокчӣ мебошад.

Барои дастрас намудани маълумоти бештар ба сомонаи http://olympiad.saniesh.org/en/index.asp ва ё шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоед. 




Акдениз130.jpg

ДОНИШГОҲИ АКДЕНИЗ 

18-умин Фестивали Байналмилалии Баҳримиёназаминии ҷавонон


Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Донишгоҳи Акдениз ҳамаи донишҷӯёни дорои истеъдод, барои иштирок дар чорабиниҳои маданӣ, ки дар худ мақсадҳои миллӣ ва минтақавии иштироккунандагонро доранд, ба 18-умин Фестивали Байналмилалии Баҳримиёназаминии ҷавонон, (яъне мусиқавӣ, рақсӣ ва ғ.)  даъват менамояд.

Фестивали байналмилалии баҳримиёназаминии ҷавонон аз 13 то 15-уми майи соли 2015 баргузор мегардад ва донишҷӯёне, ки хоҳиши дар ин фестивал иштирок карданро доранд, бояд саволномаро пур карда ба почтаи электронии youthfestival@akdeniz.edu.tr то 1-уми апрели соли ҷорӣ равона кунанд.

Барои дар сафи қабулшудагон будан, иштироккунандагон бояд дар замимаи худ дар бораи моҳияти воқеа ё ин ки намоише, ки мехоҳанд нишон диҳанд, инчунин маълумот оид ба шахсоне, ки иштирок меварзанд, бисёртар ахборот пешниҳод намоянд. Шахсони интихобшуда санаи 14 апрели соли 2015 хабардор карда мешаванд. 

Барои гирифтани маълумоти бештар Шумо метавонед ба шуъбаи Робитаҳои байналмилалии ДМИТ ё ин ки ба сайти http://uio.akdeniz.edu.tr/18th-international-mediterranean-youth-festival-13-15-may-20  муроҷиат намоед.    

Барои шахсони интихобшуда ду шабонарӯз ҷои хоб,  хӯрока ва нӯшока ва роҳкиро дар дохили шаҳри Анталия аз ҳисоби донишгоҳи Акдениз пардохт карда мешавад. 







БАРНОМАИ ҶАҲОНИИ ТАБОДУЛИ ДОНИШҶӮЁН

Бурсияи пурраи нимсола дар ИМА

Барои донишҷӯёни мактабҳои таҳсилоти олӣ



Barnoma750x160.jpg



Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба иттилои Шумо мерасонад, ки Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон оғози озмуни кушодро барои иштирок дар Барномаи ҷаҳонии табодули донишҷӯён (“Global UGRAD”) барои соли хониши 2015-2016 эълон менамояд. Донишҷӯёни интихобшуда аз донишкада дар доираи Барномаи мазкур бо идрорпулӣ давоми як нимсолаи таҳсил дар донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъмин мешаванд. Идрорпулӣ харҷи сафари байналмилалӣ, пардохти таҳсил, хароҷоти зист, суғуртаи ҳодисоти тасодуфӣ / ҳолатҳои беморӣ, идрорпулии хурди моҳона ва пардохти китобҳои дарсиро таъмин менамояд. 

Барномаи “Global UGRAD” аз ҷониби Идора доир ба масоили таҳсил ва фарҳанги назди Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ мешавад. Барномаи таҳсили байналмилалию фарҳангии табодули мазкур ба пешвоёни оянда имконияти шинос шудан бо тартиби таҳсил, фарҳангу арзишҳои ИМА ва такмили дониши худ фароҳам меоварад. Инчунин донишҷӯёни донишкада тавассути ин Барнома мардуми ИМА-ро бо маданияту урфияти худ шинос карда метавонанд. Барномаи “Global UGRAD” аз ҷониби созмони “World Learning” идора мешавад.

Барои донишҷӯён аз Тоҷикистон ва аз ҷумла донишҷӯёни донишкада,  мӯҳлати охирини пешниҳоди ариза рӯзи душанбе, 16 феврали соли 2015 мебошад.

Номзадҳо метавонанд аризаи худро тавассути сомонаи www.worldlearning.org/UGRAD пешниҳод намоянд. 


Барои дарёфти маълумоти муфассал, лутфан ба шахсони мазкур муроҷиат намоед: 


1. Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ 

Шоира Раҳимова 

E-mail: sh.rahimova@feit.tj Тел: (+99237) 8849754


2.Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон      

Шафоат Қобилова 

E-mail: GlobalUgradTajikistan@state.gov Tел: (+992) 2292314 








Erasmus+.jpg


ОЗМУНИ БАРНОМАИ “ЭРАЗМУС+” 

БАРОИ  ДАСТГИРИИ МОЛИЯВИИ ГРАНТҲО ВА СТИПЕНДИЯҲО БАРОИ ТАҲСИЛИ ДОНИШҶӮЁНИ МАКТАБҲОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАМЛАКАТҲОИ ИТТИҲОДИ АВРУПО 


Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба иттилои Шумо мерасонад, ки озмуни Барномаи “ЭРАЗМУС+” барои  дастгирии молиявии грантҳо ва стипендияҳо барои таҳсили донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо озмун эълон гардидааст.

«Эрасмус+» барнома оид ба мубодила ва ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ мебошад, ки барои баланд бардоштани сифати таҳсили олии аврупоӣ ва кумаки мусоҳиба ва якдигарфаҳмӣ байни одамон ва фарҳанг ба воситаи ҳамкории якҷоя бо мамлакатҳои сеюм мебошад. Ба ғайр аз ин, барнома барои рушди сарчашмаҳои инсонӣ ва имконоти ҳамкории байналмилалӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар мамлакатҳои сеюм, ба воситаи фаъол гардонидани барномаҳои мубодила байни Иттиҳоди Аврупо ва мамлакатҳои зикргардида  мусоидат менамояд. 

Баъзе Барномаҳои Иттиҳоди Аврупо, агар ин гуна барномаҳо умуман вучуд дошта бошанд, ҳамин гуна миқёси умумии аврупоӣ доранд. Дар барномаи «Эрасмус+» қариб 90% донишгоҳҳои аврупоӣ иштирок мекунанд. Аз соли ташкилшавии барнома, соли 1987 қариб 1,9 млн. донишҷуён иштирок доштанд. Зиёда аз 3100 мактабҳои таҳсилоти олӣ аз 31 давлат иштирокчии ин барнома мебошанд ва дигар мактабҳои таҳсилоти олӣ низ мехоҳанд ҳамроҳ гарданд.


Равияҳои асосӣ барои дастгирии молиявии грантҳо ва стипендияҳо барои таҳсили донишҷӯён дар мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо:


Илмҳои гуманитарӣ

• Бизнес ва идора

• Ҳуқуқ

• Ҳисоббаробарӣ (информатика)

• Муҳандис ва кори муҳандисӣ

• Хоҷагии қишлоқ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ.


Барои маълумоти иловагӣ Шумо метавонед ба шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон муроҷиат намоед.








MMST390x90.jpg

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба иттилои Шумо мерасонад, ки дар доираи Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи инкишоф Ҷумҳурии Чехия (Вазорати маориф, ҷавонон ва варзиш) стипендияҳои омӯзиширо дар соҳаҳои зерин пешниҳод менамояд:

иқтисод;

• хоҷагии қишлоқ;

• информатика;

• экология.

Стипендияҳои зерин барои омӯзиш пешниҳод мегарданд: 

- ба  забони чехӣ: 

• аз рӯи барномаи таълимии бакалавр (сесола, чорсола)

• аз рӯи барномаи таълимии магистратура (пурра: чорсола, шашсола)

• аз рӯи барномаи таълимии докторантура (сесола, чорсола).

Курсҳои тайёрии забондонӣ ва коромӯзӣ дар Донишкадаи тайёрии забондонӣ ва коромӯзии Донишгоҳи Карл гузаронида мешаванд (дар давоми як сол, танҳо барои онҳое, ки дар барномаи омӯзишӣ ба забони чехӣ ҳуҷҷат супоридаанд);

- ба  забони англисӣ:

• аз рӯи барномаи таълимии алоҳидаи магистратура (яксола, сесола)

• аз рӯи барномаи таълимии алоҳидаи докторантура (сесола, чорсола)

Маълумоти муфассалро оид ба ин стипендияҳо Шумо метавонед аз сомонаҳои зерин гиред:

www.msmt.cz

www.mzv.cz

www.dzs.cz

Ё ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоед.





Дувоздаҳумин ярмаркаи байналмилалии таълимӣ дар Тоҷикистон


Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ва Маркази фарҳангии “Бохтар” ба иттилои Шумо мерасонад, ки дар доираи Ҳафтаи байналмилалии таълимии соли 2014  17 - уми ноябр аз соати 13:00 то 16:00 дар Маркази Исмоилияи шањри Душанбе Ярмаркаи байналмилалии таълимӣ гузаронида мешавад.

Ярмарка барои вусъат додани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф, тарғиби афзалияти саводнокӣ ва кордонӣ дар замони муосир, ахборотдиҳии ҷавонон дар бораи мавҷуд будани равияҳо ва намудҳои гуногуни омӯзиш дар ҷумҳурӣ ва дар хориҷи кишвар мусоидат менамояд.

Дар ярмарка инҳо иштирок менамоянд: мактабҳои миёна, касбӣ ва олӣ, ташкилотҳо ва иттиҳодҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ, сафоратхонаҳо, мактабҳои хусусӣ, марказҳои омӯзиши забонҳо, хадамотҳои оид ба омӯзиш ва кор дар хориҷа, нашриётҳо, ВАО, истеҳсолкунандагон ва тақсимкунандагони маводи таълимӣ ва барномаҳои таълимӣ, ширкатҳои сайёҳӣ.





images111.jpg


БАРНОМАИ СТИПЕНДИЯВӢ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН ОИД БА ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРӢ 


Барномаи Стипендиявии Бакалавриат дар соҳаи Бизнес ва Соҳибкорӣ – барномаи стипендиявии академӣ мебошад, ки аз тарафи Шӯроҳои амрикоӣ оид ба Маорифи байналмиллалӣ гузаронида мешавад.  Барномаи мазкур ба он донишҷӯёни болаёқат стипендия пешниҳод менамояд, ки хоҳиши дар соҳаи Бизнес Идора ва Иқтисод таҳсил карданро доранд ва камбудии молиявии оилавӣ доранд. 

Барномаи Стипендиявӣ чунин имтиёзҳоро пешниҳод менамояд:


•         Стипендия барои таҳсил дар давоми 4 сол дар донишгоҳҳои Осиёи миёна, ба монанди Донишгоҳи амрикоии Осиёи миёна - Бишкек, Қирғизистон; Донишгоҳи Менеджмент, Иқтисод ва Банақшагирии Қазоқистон - Алмаато, Қазоқистон дар факультети Бизнес-Идора ва Иқтисод 

•         Стипендияи молиявӣ 100% ё 50%. (ба он роҳпулӣ, маблағи манзил ва маблағи таҳсил дохил мешаванд) 

Талабот ба номзадҳо :

•         Бояд шаҳрванди Тоҷикистон бошад

•         Донишҷӯи курси 1 бошад (дилхоҳ факултет)

•         Дониши хуби забони англисӣ

•         Хоҳиши таҳсил дар донишгоҳҳои Осиёи миёна дар соҳаи Бизнес-идора ва иқтисод 

•         Муваффақият дар хониш, шароити бади молиявӣ дар оила ва зоҳир намудани қобилияти идоравӣ 


Маводҳои заруриро метавонед аз ин ҷо гиред:

Шӯроҳои амрикоӣ оид ба Маорифи байналмиллалӣ, ш. Душанбе, кучаи Толстой 86, тел: 221-21-03;221-17-95, дар саҳифаи интернетии: 

www.us-caef.americancouncilsnetwork.org, uscaef@americancouncils-tj.org

www.americancouncils.tj

Мӯҳлати охирини супоридани ҳуҷҷатҳо: 15-уми феврал, 2015 





Perm750x160.jpg


Имтиҳон барои таҳсил дар Псков

Дар доираи созишномаи басташудаи байни ДМИТ ва Донишгоҳи давлатии Псков айни ҳол дар донишкада бо иштироки намояндаи донишгоҳи номбурда – Козик Алена Николаевна татбиқи яке аз бандҳои ин созишнома амалӣ мегардад. Банди мазкур мубодилаи донишҷӯён мебошад ва дар ин раванд ҳоло имтиҳонҳо барои шомил шудан ба риштаи магистратураи факултети аврупоии Донишгоҳи давлатии Псков баргузор  шуда истодааст. Баъди бомуваффақият супоридани имтиҳонҳо хатмкунандагони донишкадаи мо метавонанд магистри ин донишгоҳ гарданд.


Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти донишкада бо як қатор муассисаҳои олии таълимии хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба табодули донишҷӯён ба имзо расидаанд ва рузҳои наздик баргузории ин қабил имтиҳонҳо ҷиҳати дуруст интихоб карда гирифтани беҳтаринҳо аз байни донишҷӯёни мо барои таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии хориҷӣ дар назар аст. 





Дар натиҷаи ҳамкории байни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Пскови Россия ба донишкада 2 ҷой дар бахши магистратура, дар гуруҳи буҷавии  Донишгоҳи давлатии шаҳри Псков барои ба таҳсил фиристодани 2 донишҷӯ-магистрант, ки донандаи хуби забонҳои англисӣ ва русӣ бошанд, инчунин касби худро хуб аз худ карда бошанд, дастрас гардид.  Донишҷӯёни мазкур дар еврофакултети ҳамин донишгоҳ таҳсил хоҳанд кард. Таҳсил ба забони англисӣ аст. Бояд қайд намуд, ки 1 семестр донишҷӯён дар яке аз донишгоҳҳои Аврупо (Финляндия, Шветсия ё Норвегия) ба таҳсил фаро мегиранд. Маблағи хобгоҳ аз 8 то 12 доллари амрикоӣ мебошад.
Инчунин донишкада метавонад 2 нафар магистрантро ба дилхоҳ факултети ҳамин донишгоҳ, ки таҳсил ба забони русӣ гузаронида мешавад, ба тариқи шартнома фиристонад. Маблағи таҳсил 2.2 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад. 
Аз довталабон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки оид ба таҳсил дар донишгоҳи мазкур ба деканатҳои факултетҳояшон ё ба шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ муроҷиат намоянд. Муҳлати охирини муроҷиатҳо то 21 апрели соли 2014 аст. 




Курси омӯзиши забони англисӣ дар донишкада ташкил карда шуд.


Бо  ташаббуси раёсати донишкада дар якҷоягӣ бо  шуъбаи  робитаҳои байналмилалӣ дар Донишкада курси омӯзиши забони англисӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Дар курси омӯзишӣ 18 нафар устод ҷалб карда шудаанд, ки ба онҳо устоди Маркази фарҳангии “Бохтар” аз рӯи барномаи “Pre-Intermediate” дарс мегӯяд.

Мақсади ташкили курси омӯзишӣ ба устодон омӯзонидани забони англисӣ ҷиҳати тадриси гуруҳҳои академии бо забони англисӣ тадрисшаванда мебошад, ки  донишкада қабули  донишҷӯёнро ба ин гуруҳ дар соли хониши 2014-2015 ба нақша гирифтааст.




3596bcd0c3d089fb6b89cae5aa17f377.jpg
Дар таърихи 18 феврали соли 2014 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо Донишгоҳи Электроэенергетикии Хитойи Шимолӣ шартномаи ҳамкориро дар бахши илму таълим ва робитаҳои байналмилалӣ ба мӯҳлати 5 соли оянда ба имзо расонид. Ёдовар бояд шудки Донишкада имруз бо 26 муассисаҳои таълимии олии касбӣбо 4-давлати ҷаҳон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.








Amer130x170.jpg


Барномаи Магистрии Стипендияи Фулбрайт (FULBRIGHT FOREIGN STUDENT PROGRAM (2015–2016 ACADEMIC YEAR)) барои довталабони маълумоти олӣ дошта («мутахассис» ё «бакалавр») имконият медиҳад, то ки дар Донишгоҳҳои  Иолоти Муттаҳидаи Амрико таҳсил намуда, дараҷаи Магистриро соҳиб шаванд. Ба Барномаи Стипендиявии мазкур довталабони ҳамаи ихтисосҳо метавонанд иштирок намоянд. Мӯҳлати охири қабули ҳуҷҷатҳо 16 майи соли 2014 мебошад.  


Интихоби аввали довталабро Сафоратхонаи Иолоти Муттаҳидаи Амрико муқаррар мегардонад. Номзадҳоро комиссияи интихобшудаи мустақил дар Амрико дида баромада, рӯихати пурраи номзадҳоро Шурои кор бо грантҳои байналмилалии Уильям Фулбрайт тасдиқ менамояд.  


Маълумоти пурраро Шумо метавонед аз Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ё аз сомонаҳои 
www.americancouncils.tj  ва www.educationusa.info/dushanbe дастрас намоед.






Irex670.jpg

Барномаи глобалии мубодилаи донишҷӯён дар Евроосиё ва Осиёи марказӣ барои солҳои 2014 – 2015.


Шуъбаи робитаҳои байналмиллалии ДМИТ ба маълумоти ҳамаи донишҷӯён мерасонад, ки Барномаи умумиҷаҳонии мубодилаи донишҷӯён (Global UGRAD) дар Евроосиё ва Осиёи марказӣ дар солҳои 2014-2015 оғоз шудааст.
Барои таҳсил дар барномаи Global UGRAD донишҷӯёни курсҳои 1 то 3-юм бо чунин равияҳо метавонанд иштирок кунанд: баҳисобгирии бухгалтерӣ, хоҷагии қишлоқ, антропология, соҳибкорӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, иқтисодӣ, маориф, муҳандисӣ, идоракунии муҳити зист, идоракунии меҳмонхона, робитаҳои байналмиллалӣ, ҳуқуқ,  политология, ба нақша гирии шаҳрӣ ва ғайраҳо. Инчунин дигар равияҳоро дида мебароянд. 
Маълумотро Шумо метавонед аз шӯъбаи робитаҳои байналмиллалии ДМИТ ё аз сомонаи www.irex.tj метавонед дастрас намоед. 


Мӯҳлати охирини супоридани ҳуҷҷатҳо 28 феврали соли 2014.







IFA650x160.jpg

Донишкадаи робитаҳои байнламиллалии Олмон – IFA (Institut fur Auslandsbeziehungen)  барномаи (CCP), CrossCulture Internships programme – ро эълон менамояд. Дар барномаи мазкур шаҳрвандони Тоҷикистон низ иштирок карда метавонанд. Аз ин лиҳоз шуъбаи робитаҳои байналмиллалии ДМИТ  ба олимони ҷавон ва устодони донишкада барномаи зеринро пешниҳод менамояд.

Талаботҳои барнома:

- шаҳрванди Тоҷикистон будан;

- аз синни 20 то 45 будан;

- забони англисиро аъло донистан; 

- донистани забони олмонӣ хуш пазируфта мешавад.  

Барои гирифтани маълумот хоҳишмандон метавонанд ба Шӯъбаи робитаҳои байналмиллалии ДМИТ ё ин ки ба саҳифаи интернетии www.ifa.de/crossculture  муроҷиат намоянд. Рӯзи охирини қабули ҳуҷҷатҳо 28.01.2014 мебошад. 






EUrasm200x150.jpg

Ба маълумоти донишҷӯёни дараҷаҳои магистр, аспирантура ва устодон расонида мешавад, ки барномаи стипендиявии Erasmus Mundus оғоз шудааст. Барои шомил шудан ба ин барнома, барои фиристодани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва пур намудани саволнома хоҳишмандон метавонанд ба шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ, ё ин ки ба сайти http://www.ef.uni-lj.si/euroasiancea муроҷиат намоянд. Мӯҳлати охири қабули хуҷҷатҳо 25.01.2014 мебошад.






Барномаи стипендиавӣ барои донишҷӯёни Бакалавр ва Магистр  дар соли хониши 2014-2015 дар давлатҳои дар зер оварда шуда: 

Колумбияи Бритонӣ, Сингапур, 
Европаи Марказӣ, Австрия,
Амрико, Британияи Кабир,
Донишгоҳи Вена, Стипендияи Эйфеля, Фаронса.

Барои маълумоти пурра гирифтан ба Шӯъбаи робитаҳои байналмиллилӣ муроҷиат намоед: 
Нишона: Бинои 3-юм, ошёнаи 2-юм.

Барномаи стипендиавӣ ба дастгирии соҳибкорӣ барои донишҷуён.

Барномаи стипендиалӣ Бакалавр дар соҳаи Бизнес ва соҳибкорӣ – барномаи стипендиавии академӣ, аз тарафи Совети Америкоии маъорифи байналмиллалӣ  роҳбарӣ карда мешавад. Барномаи стипендиавии мазкур ба донишҷуёни бо таҷриба, хоҳишмандони дар соҳаи Бизнес ва Иќтисодӣ хондан мехоҳанд ва дар шароити камбизоат мебошанд, пешниҳод карда мешавад. 

Барои маълумоти пурра гирифтан ба Шӯъбаи робитаҳои байналмиллилӣ муроҷиат намоед: 
Нишона: Бинои 3-юм, ошёнаи 2-юм.
 
Стипендии Правительства Турции для обучения в турецких вузах.

В 2013 году объявлены семь стипендиальных программ: Turkey Africa, Bosphorus, Balkans, Harran, Black Sea, Turkish Speaking, Anatolian. 
Стипендии выделяются для обучения в бакалавриате (undergraduate program).
Участвовать в конкурсе стипендий могут студенты, родившиеся не ранее 1 января 1992 года. 

Для более подробной информацией обращайтесь в отдел Международных отношений: 
3 корпус, 2-этаж

Стипендиальная программа бакалаврам, магистрам  и докторам на 2014-2015 учебный год.

Стипендиальные программы предоставляются студентам в разной сфере обучения в разных городах и университетах:
Бакалавры: университета Британской Колумбии, Страна обучения: Канада,
Сингапур, Америка, Великобритании:
Магистры: в Центральной Европе, Великобритании, по программе МВА в Австрии, во Франции:
Доктора:  в Центральной Европе, Австрия, во Франции:

Для полной информации обращайтесь в Отдел международных отношений: 
3 корпус, 2-этаж.