Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Бурсҳо ва лоиҳаҳо

ЛОИҲАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ГРАНТҲОИ ТАТБИҚШАВАНДА ДАР ДОНИШКАДАИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН


Ҷиҳати дарёфти лоиҳаҳо, грантҳо ва татбиқи барномаҳои маблағгузорӣ донишкада бо дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ҳамкорӣ мекунад. 
Умуман дар донишкада дар давоми фаъолияти он лоиҳаҳои гуногуни давлатӣ ва байналмилалӣ амалӣ гаштааст ва айни замон дар донишкада 4-лоиҳаи грантӣ татбиқ гашта истодааст, аз ҷумла:


1. БАРНОМАИ “РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ”


Дар донишкада Барномаи “Рушди сармояи инсонӣ”, ки аз тарафи СММ маблағгузорӣ мегардад, амалӣ мегардад. Ҳамоҳангсози ин лоиҳа дар донишкада Иброҳимов И.Р., собиқ муовини ректор оид ба таълим буд. Ҳоло ҳамоҳангсози он муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Сафаров Б.Г. интихоб гардидааст Дар доираи ин лоиҳа якчанд семинар, тренинг ва конфронсҳо гузаронида шуданд. Дар заминаи ҳамин лоиҳа ду китоби дарсӣ оид ба мавзӯи “Шохиси рушди инсонӣ” таҳия гардида, чоп гардиданд. Инчунин, дар донишкада дар доираи мавзӯи лоиҳаи мазкур фанни таълимӣ ба Барномаи таълимии кафедраи назарияи иқтисодӣ дохил гардид, ки онро ба донишҷӯёни соли дуюм таълим медиҳанд. Дар оянда низ донишкада бо СММ ҳамкориро идома медиҳад ва ворид намудани компютерҳо барои ташкили синфхонаи компютерӣ дар донишкада дар назар аст.


2. ЛОИҲАИ “ДАСТГИРИИ КАФЕДРАИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ”


Лоиҳаи “Дастгирии кафедраи фаъолияти гумрукӣ”, асосан бо ташаббуси факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, устодон ва мудири кафедраи мазкур, ки бевосита ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур мебошад, бо дастгирии Раёсати донишкада амалӣ гашта истодааст. Лоиҳаи зерин аз тарафи Сафоратхонаи Амрико дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад ва дар асоси он бояд дар донишкада ду нуқтаи гумрукии омӯзишӣ кушода ва бо лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонида шавад. Ҳоло дар доираи ин лоиҳа ва давраи тайёрӣ барои иҷрои он устодони донишкада дар тренингҳо ва семинарҳое, ки аз тарафи лоиҳа гузаронида мешаванд, иштирок намуда истодаанд.


3. ЛОИҲАИ ИТТИҲОДИ АВРУПО «LOT:1 ДАСТГИРИИ САМТҲОИ АЛОҲИДАИ ИСЛОҲОТИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ EUROPE AID/134384/DH/SER/ TJ» ДАР ДОНИШКАДАИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН


Аз соли 2015 Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «LOT:1 Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатии EuropeAid/134384/DH/SER/TJ»  дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолияти худро оғоз намуд. Ҳамоҳангсози илмии лоиҳа Ҷабборова Мадина ва хамоҳангсози техникӣ Диловаров Манучеҳр мебошанд. Лоиҳаи мазкур дар давоми се сол амалӣ хоҳад гашт. Дар доираи татбиқи ин лоиҳа моҳи июли соли 2015 барои таъмини базаи моддию техникии донишкада таҳвили таҷҳизоти техникии таълимии замонавӣ сурат гирифт. Дар доираи лоиҳаи якчанд семинарҳо, тренингҳо ва вохӯриҳо гузаронида шудаанд. Инчунин, бо дастгирии лоиҳаи мазкур донишкада ду конференсияи байналмилалӣ гузаронид, ки дар онҳо аз якчанд кишварҳои хориҷӣ намояндагон иштирок намуданд. Мақсади асосии лоиҳаи мазкур ба идораи молияи давлатӣ равона карда шудааст. Дар доираи ин лоиҳа 17 нафар устодони донишкада барои омӯзиши амиқи соҳаи идораи молияи давлатӣ бо истифода аз моделсозии математикӣ дар тренингҳо сафарбар гардидаанд. Дар натиҶаи фаъолияти ин лоиҳа дар донишкада базаи илмии донишкада қавӣ гардида, Маркази “Think Tank”  ташкил гардид. Инчунин дар доираи ин лоиҳа 9 нафар устодони донишкада ба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ба сафари омӯзишӣ фиристода шуданд.  

4. ЛОИҲАИ USAID ОИД БА ИСЛОҲОТИ ЗАМИН ВА ТАҶДИДИ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 


Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон аз тарафи Кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии донишкада гузаронида мешавад. 
Лоиҳа бо мақсади расонидани кумаку дастгирии рушди минбаъда дар соҳаи таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва эътирофи ҳуқуқи истифодаи замин ҳамчун элементи асосии рушди заминистифодабарӣ буда, бо роҳи ташкил ва гузаронидани курсҳо ва семинарҳои омӯзишӣ дар доираи фаннҳои «асосҳои ҳуқуқи замин», «ҳуқуқ ба моликияти замин» ва «ҳуқуқи замин» амалӣ гардонида мешавад. амалӣ карда мешавад.
Лоиҳаи мазкур дар давоми 12 моҳи тақвимӣ то моҳи майи соли 2018 дар ҷараёни иҷроиши корҳо ва гузаронидани тренингҳо, ки аз созишномаи тарафҳо бармеоянд аз худ карда шаванд. 
Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи мазкур аз тарафи кафедра дар соли таҳсили 2015-2016 хеле хуб фаъолият намуд ва амалӣ гашт. Саҳми лоиҳаи мазкур буд, ки дар қонуни истифодаи замин аз моҳи майи соли 2016 баъзе дигаргуниҳо дохил гардид. 
Дар доираи лоиҳаи мазкур ба кафедари донишкада 1 адад компютери рӯимизӣ, як принтери 3/1,  Барномаи электронии “Адлия”, ки дар он ҳамаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ дарҷ гардиданд, ба миқдори 9 000 сомонӣ супорида шуд. Инчунин, дар доираи ин лоиҳа дар донишкада курсҳои омӯзишӣ барои донишҷӯён гузаронида шуд (4 курси омӯзишӣ бо иштироки намояндагони лоиҳа ва Барномаи USAID). Зиёда аз ин, бо дастгирии лоиҳа ва ташаббуси устодони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ ду китоби дарсӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ дар мавзӯи ҳуқуқи замин ба ду забон – тоҷикӣ ва русӣ ба чоп омода гардид. 
Дар ҷараёни амалигардонии Лоиҳаи мазкур дар назар дошта шудааст, устодони кафедраи мазкур Ҳаитов С.П., Оралбаев Ҳ.Ҳ., Шарипов У.А., Қодиров З., Шарифзода Т. Ва Ёқубова Г. барои гузаронидани тренингҳо ҷалб карда шаванд.




ФАЪОЛИЯТИ ДМИТ ДАР БАРНОМАИ ERASMUS+


Донишкада дар лоиҳаҳои байналмилалии омӯзишӣ, аз ҷумла Erasmus+ (собиқ Темпус)-и Комиссияи Аврупо низ фаъолона иштирок менамояд. Аз соли 2010 инҷониб донишкада дар ин барнома ширкат варзида, якчанд лоиҳаҳоро пешниҳод намудааст. Аз соли 2011 то соли 2015 дар донишкада лоиҳаи “Институти идораи стратегии донишгоҳҳо”-и Барномаи Темпус амалӣ мегардид. Ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур Диловаров Манучеҳр буд. 
Ҳоло, дар доираи ин барнома дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи техникии ба номи М.Осимӣ як лоиҳа ва дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон як барномаи дигар коркард ва пешниҳод гардидааст, ки интизори натиҷаи Комиссияи Иттиҳоди Аврупо мебошем. 
Донишкада дар пайи талоши гирифтан ва амалӣ намудани дигар лоиҳаҳо низ мебошад. Инчунин бобати пешниҳод ва тайёр намудани лоиҳаҳо ва дастрас намудани грантҳо ва бурсияҳои байналмилалӣ аз тарафи шуъба фонди лоиҳаҳо, грантҳо ва бурсияҳо барои устодон ва донишҷӯён (FUNDRISING) таҳия гардидааст.   




Лоиҳаҳо

Грантҳо

Бурсияҳо

1

Бонки ҷаҳонӣ

Фулбрайт

Иқтидори илмӣ

2

Эрасмус+

Иқтидори илмӣ

Фонди Хилл

3

Иқтидори илмӣ

Фонди байналмилалии тадқиқоти таълимӣ

Мактаби муҳокимавии тобистона GAIDPARK

4

Шуъбаи гуманитарӣ ва илмҳои ҷамъиятӣ

Назария ва амалӣ

Барномаҳои иқисодӣ-иҷтимоӣ ва интеллектуалӣ

5

Фонди илмии Россия

Грантист

Барномаи таълимии фонди Кербера

6

Шӯрои Бритониё

Нури Олед

Фондҳои "Ҷамъияти Кушод" (SOROS)

7

Консорсиуми занона иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ

Фонди Макартуров

Фонди хайриявӣ ба номи В.Потатина

8

Фонди хайриявӣ ба номи В.Потатина

Фонди "Ҷамъияти Кушода" (SOROS)

9

Фонди миллии дастгирии соҳибҳуқуқ

Фонди хайриявӣ ба номи В.Потатина

10

Фонди ҷамъитии минтақавӣ информатика барои демократия

Фонди Горчакова

11

Фонди рӯшди ҷомеаи шаҳрвандӣ

Ҷаҳони Рус

12

Фонди рушди демократия

13

Маркази стратегии коркардҳои шимолу ғарб

14

Фонди  рисолати либералӣ

15

Фонди Михаил Прохоров

16

Фонди Нева Тимченко

18

Бунёди мадад ба ҳалли мушкилоти аутизма дар Русия