Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ

Робитаҳои байналмилалӣ

Дар шароити амалӣ  гардонидани ислоҳот дар соҳаи маориф ва ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти олӣ таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак нақши хеле назаррас доранд. 
Дар сохтори ташкилии идоракунии Донишкадаи молия ва иқтисоди  Тоҷикистон муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ таъсис дода шуд, ки мақсади он густариши робитаҳои байналмилалӣ, ҳамкорӣ бо  мактабҳои олӣ, марказҳои илмӣ-таълимии мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилоту хазинаҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамкории донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакатҳои хориҷӣ асосан дар самтҳои зерин амалӣ карда шуда истодаанд: 

таҳия ва ба тасвиб расонидани шартномаҳо бо муассисаҳои  таълимии кишварҳои хориҷӣ ва иҷрои амалии онҳо; 
мубодилаи устодон, донишҷӯён ва адабиёти таълимию методӣ бо донишгоҳҳои кишвар ва хориҷи он; 
таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ ва ташкилу гузаронидани конфронсу семинарҳои муштарак; 
ташкили вохӯриҳо бо намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ ва ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ; 
ташкили курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ; 
таъмини раводиди устодон ва донишҷӯёни хориҷӣ;
кор бо донишҷӯёни хориҷӣ ва ғ.

Дар моҳи августи соли ҷорӣ нақшаи кории шуъба, низомнома ва дастурамали вазифавии кормандони шӯъба аз тарафи ректори донишкада ва Шӯрои олимон таҳия ва тасдиқ карда шуд. 

Мувофиқи нақшаи кории шӯъба оиди барқарор намудани шартномаҳои донишкада  бо  муассисҳои таълимии дохил ва хориҷи кишвар бо якчанд донишгоҳхо шартнома оиди ҳамкориҳои байни донишкадавӣ,  доду гирифти донишҷӯён, иштирок дар тренингҳои байни донишкадавӣ, тайёр намудани аспирантон ва докторон ва кор кардан дар соҳаҳое, ки ба  самти донишкада наздик аст, яъне тадқиқот оиди гирифтани грантҳо ва ғайраҳо. Гарчанде аз фаъолияти  шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  як сол ҳам пурра нашудааст, аммо  дар зарфи муҳлати кӯтоҳи фаъолияти худ шуъба тавонист ба бисёр дастовардҳо  ноил шавад. Дар ин муддат  бо зиёда аз -15 донишкадаву  донишгоҳҳои хориҷӣ созишномаҳо баста шуданд. 

    Умуман ба зиёда аз 22 донишкада ва донишгоҳҳои ҷаҳон аз номи донишкада шартномаи ҳамкории дуҷониба оиди масъалаҳои дар боло гуфташуда равона карда шуд. Аз миқдори умумии донишгоҳҳои номбаршуда бо 11 мактаби таҳсилоти олӣ ва 3 ташкилот шартномаи дуҷониба  бо розигии дутарафа ба имзо расид. Айни ҳол бо ин донишкадаҳо ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст. 
Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада оид ба якчанд барномаҳо эълон ва мактубҳо ба деканатҳои донишкада ирсол менамояд

Бо кӯшишу ғайрати  кормандони  шуъба, махсусан проректор оид бо робитаҳои байналмилалӣ - Сафаров Б, сармутахассиси шуъба  Диловаров М. ва мутахассисони  шуъба  Раҳимова Ш. ва Раҳимов Ш. донишкадаро ҳоло дар ҳама  гӯшаву канор мешиносанд. Дар шуъба ҳоло 2 барномаи Иттиҳоди Аврупо (Евро-Комиссия ва Темпус) ва дигар барномаҳои бурсии хурд фаъолият дорад.  Ба воситаи ин барномаҳо зиёда аз 40-50 нафар  устодон ва кормандони донишкада ба давлатҳои хориҷӣ баҳри  коромӯзӣ ва  бозомӯзӣ  сафар карданд.

Дар самти шомил шудан ба Барномаи аврупоии Эразмус-Мундус, ки асосан барои мубодилаи устодон ва донишҷӯёни давлатҳои шомили Иттиҳоди Аврупо ва дигар давлатҳои ҷаҳон равона карда шудааст, шуъба бисёр корҳоро ба сомон расонд. Аввал он, ки дар ин самт бо координатори яке аз лоиҳаҳои барномаи мазкур дар Тоҷикистон Қодирова З. чанд маротиба вохуриҳо гузаронида шуд. Инчунин дар моҳи апрели соли 2013 бо ду нафар аъзоён-иштирокчиёни барномаи мазкур дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон вохӯрӣ гузаронида шуд. Баъди ин вохӯрӣ супоридани ҳуҷҷатҳоро ба давраи дуюми ин барнома дар моҳи ноябри соли 2013 ба нақша гирифта шуд.
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ҳамеша тайёр аст.