Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

ИДИ ЗАФАР МУБОРАК!

ИДИ ЗАФАР МУБОРАК!

Устодону кормандон ва донишҷӯёни азиз! 
Имсол аз пирӯзии инсоният бар фашизм 72 сол пур мешавад. Яъне, 72 сол қабл аз ин яке аз саҳифаҳои пурдаҳшати ҷанги ҷаҳонӣ дар сарнавишти инсоният варақгардон шуд. Дар таърихи тамаддуни башар ғалабаи мардуми шӯравӣ бар зидди фашизм чун таконбахши тақдири инсоният маҳсуб мегардад. Гузашти даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо наметавонад муҳиммияти ин ғалаби бузургро аз хотираи мо зудуда намояд. Зеро ин пирӯзӣ бар ивази ҷонфидоии родмардони далеру шуҷои шӯравӣ рӯи даст омадааст.
Тавре аз таърих медонем, халқи тоҷик вобаста ба рисолати таърихии худ, ки он замон дар ҳайати ягонаи халқҳои шӯравӣ буд, дар таъмини ғалаба ва торумор кардани фашизм саҳмгузор аст. Давраи ҷанг як марҳалаи таърихии ҳаёти халқи тоҷик буда, бо гузашти замон мақом ва аҳамияти таърихию тарбиявиашро барои ҷавонони имрӯза гум нахоҳад кард.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам корномаву диловарии фарзандони баору номуси миллати тоҷикро, ки бо ғалаба баргаштанд ва ё дар майдони ҷанг қурбон шудаанд, намунаи ибрат хонда, қаҳрамониҳои онҳоро ифтихори миллати тоҷик медонанд. 
Воқеан ҳам шуҷоату диловарии мардуми Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи олии ватандӯстию ҷавонмардӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад. 
Мо барои ин Ғалабаи бузург назди собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ сари таъзим фуруд оварда, якояки онҳо ва дар шахсияти эшон ҳамкорону шогирдонро бо 72-умин солгарди иди Зафар табрик менамоем ва баҳрашон тансиҳативу хонаободӣ, саодати рӯзгор ва сулҳи пойдорро таманно дорем.


Ҷашни Ғалаба муборак!


Ректори донишкада Давлатзода Қ.Қ.