Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Сафи номзадони илм меафзояд

Сафи номзадони илм меафзояд

Рӯзи 2-юми феврали соли равон Солиева Нигора Шодибоевна, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-002 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Афзалиятҳои сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери роҳбарии Сотиволдиев Рустам Шарофович, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор бомуваффақият рисолаи номзадии хешро ҳимоя кард. 
Аҳли коллективи донишкада Солиева Нигора Шодибоевнаро бо ин дастоварди илмӣ муборакбод намуда, барояш дар фаъолияти минбаъда парвозҳои нави эҷодӣ, бурдборӣ ва пирӯзиҳои нав ба навро таманно менамоянд. 

Зи илму касби або тӯза андӯз, 

Дигар илму забони аср омӯз. (Асирӣ)