Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Чопи натиҷаи фаъолияти илмию тадқиқотии олимони мо дар хориҷа

Чопи натиҷаи фаъолияти илмию тадқиқотии олимони мо дар хориҷа

Воситаи таълимии Аламшоев Анис, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои молиявию қарзии байналхалқии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо номи «Асосҳои менеҷмент» (бо забони русӣ, дар ҳаммуаллифӣ) дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия аз чоп баромад. Қобили зикр аст, ки китоби мазкур бо усули хос таълиф шуда, дар он асосҳои назариявии идоракунӣ ва менеҷмент дар шароити рушди инноватсионию инвеститсионии иқтисодиёт баррасӣ шудааст. 
Воситаи таълимии мазкур аз ду қисмат иборат буда, дар қисмати аввали он назарияи идоракунӣ, аз ҷумла дар низомҳои бузург, хусусиятҳои идоракунӣ дар шароити рушди интенсивӣ ва экстенсивӣ, қонуният ва принсипҳои идоракунӣ, таъминоти иттилоотии идоракунӣ, амалисозии қарорҳои идоракунӣ ва ғайра пешниҳоди хонанда гардонида шудааст. 
Дар қисмати дуюм менеҷменти маҳсулоти илмғунҷоишаш баланд ва инноватсияҳои илмию техникӣ баррасӣ шуда, истифодаи усулҳои ба мушкилот нигаронидашуда дар идоракунӣ ва модернизатсияи низомҳои ташкилии инноватсионӣ асоснок карда шудааст. 
Воситаи таълимӣ барои доираи васеи хонандагон, мутахассисон, донишҷӯён, аспирантон ва алоқамандони илми идоракунӣ ва менеҷмент тавсия шудааст. Чопи воситаи таълимии мазкур имконият медиҳад, ки донишҷӯён ва магистрон бо истифода аз он корҳои мустақилонаи илмӣ ва илмию тадқиқотии худро бо сифати баланд анҷом диҳанд. 
Воситаи таълимӣ дар ҳаммуаллифӣ бо Лебедев О.Т. - д.и.и., профессор, Корманди шоистаи низоми таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, академики Академияи илмҳои муҳандисӣ ва Макеева Т.В. - корманди Мактаби олии идоракунии давлатӣ ва молиявии Донишгоҳи политехникии Санкт-Петербург ба номи Петри Кабир омода ва ба табъ расонида шудааст. 
Раёсат ва коллективи донишкада тасмим доранд, ки минбаъд низ дар самти чопи корҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотии муштарак бо олимону мутахассисони хориҷи кишвар чораҳои муассир ва самарабахш андешанд. 


Қодиров Ф., муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДМИТ