Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Иқтисод - дар меҳвари Паём

Иқтисод - дар меҳвари Паём

Рӯзи 10-уми феврал ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ дарси кушоди тарбиявӣ баргузор гардид. 
Дар он Бунавша Қодирова, муовини ректор оид ба тарбия ва мутахассисони шуъбаи тарбия, инчунин устодон ва донишҷӯёни ихтисосҳои ҳуқуқи иқтисодӣ ва ҳуқуқи андозу бонкӣ ширкат варзиданд. 
Нахуст Меҳтархон Содиқов, декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ доир ба сиёсати Ҳукумати мамлакат ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон изҳори андеша намуд. Мавсуф иброз дошт, ки қисми зиёди масъалаҳои дар Паём ироагардидаро мавзӯоти иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, барои донишҷӯёну муҳассилини Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон омӯзиши ҳамаҷонибаи Паёми навбатии Пешвои миллат амри зарур буда, бояд чун дастури рӯйимизӣ қарор гирад. 
Дар идома мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ, дотсент Ҷамрод Бобоев атрофи ҷанбаҳои ҳуқуқии Паём бо маърӯза баромад намуда, зикр кард, ки мувофиқи Конститутсияи мамлакат яке аз салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад ва амалишавии ин нукта ҳамасола дар Паёми Пешвои миллат баррасӣ мегардад. 
Тавре Роҳбари давлат дар Паёми навбатии хеш қайд намуданд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад». 
Воқеан ин ҳама пешравиҳо аҳли ҷомеаро водор месозад, ки минбаъд низ баҳри иҷроиши вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии аҳолӣ камари ҳиммат банданд, - хулоса намуд маърӯзачии маҳфил. 
Дар охир Қодирова Б. изҳор дошт, ки Пешвои миллат дар баробари дигар масъалаҳо ба мавзӯи тарбияи ахлоқии ҷавонон ва пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм таъкидҳо намуданд, ки баҳри тарзи ҳаёти солимро интихоб намудани насли ҷавон мусоидат менамояд. 


Наврӯз Ҷобиров