Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Баррасии масъалаҳо вобаста ба рушди сайёҳӣ

Баррасии масъалаҳо вобаста ба рушди сайёҳӣ

Дар факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ рӯзи 7 феврали соли равон вобаста ба ташреҳи самтҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ассистенти кафедраи менеҷменти молиявӣ Саъдиев Ҳумайнӣ, ки куратори курси сеюми ихтисоси 1-25010410 мебошад, дарси кушоди тарбиявӣ гузаронид. 
Сараввал декани факултет Давлатов Х.М. оид ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, рушди энергетика ва масъалаҳои об, ки дар Паём оварда шудааст, ибрози андеша намуда, қайд кард, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 аз қатори заминаҳо ва воситаи расидан ба иқтисодиёти иҷтимоии устувор мебошад. Зеро дар ҷаҳон баъди нафт ва маводи доруворӣ даромад аз сайёҳии байналмилалӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд ва он 30% содироти хизматрасониро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди сайёҳӣ заминаҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ташаккул ёфта, тадбирҳои гуногун барои рушди он андешида шудаанд. 
Баъдан Саъдиев Ҳумайнӣ дар бораи имтиёзу шароитҳои барои рушди сайёҳӣ мусоидаткунанда, аз қабили ҷорӣ кардани низоми содакардашудаи раводид, аз пардохтҳои андозу гумрукӣ озод гардидани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ ва дигарҳо истода гузашт. 
Дар охир Қодирова Б.А., муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ баромад карда, омӯзиши ҳар як банди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳар як донишҷӯ муҳим дониста, ҷавононро ба забономӯзӣ, аз бар намудани илму дониш ва ватандӯстию худшиносии миллӣ даъват кард. 


Зарагул Алиева, эдвайзери оид ба тарбияи факултет