Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Огоҳии донишҷӯдухтарон аз масъалаҳои муҳим

Огоҳии донишҷӯдухтарон аз масъалаҳои муҳим

Санаи 9 феврал тибқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада дар байни донишҷӯдухтарони факултетҳо ҷаласаи васеъ гузаронида шуд. Дар он сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Абдулло Давлатзода, сармутахассиси шуъбаи тарбия Мавҷуда Давлатова, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон оид ба занон ва донишҷӯдухтарон Маҳбуба Ғаффорова ва ҳамшираи нуқтаи тиббии донишкада Меҳрона Ҳакимова иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Дар ҷаласа масъалаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ, огоҳӣ пайдо кардан бо бемориҳои сироятӣ байни занону бонувон, шароити маишӣ ва бехатарии техникӣ баррасӣ гардиданд. 
Нахуст М. Ғаффорова дар бораи баъзе паҳлуҳои Паёми имсолаи Роҳбари давлат маълумоти мушаххас дода, дар ин баробар доир ба масъалаҳои риояи тартиботи дохилӣ дар донишкада, сару либос ва одоби салом андешаронӣ карда, ҳифзи суннатҳои миллӣ ва эҳтирому ҳурмати калонсолонро арзишҳои муҳимми инсонӣ номид. 
Сипас сардори шуъбаи кор бо ҷавонон А. Давлатзода бобати ҷанбаҳои иқтисодӣ, имтиёзҳои андозӣ, ҳадафҳои стратегии мамлакат, тақвияти рушди содирот ва дигар масоили иқтисодию иҷтимоии кишвар, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардидаанд, маълумоти муфассал дод. 
Ҳамзамон ҳамшираи нуқтаи тиббӣ М. Ҳакимова вобаста ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории ВИЧ-СПИД, гепатит, зардча, обакон, бемориҳои сироятии пӯст, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва дигар бемориҳо баромад намуда, донишҷӯдухтаронро аз мушкилӣ ва роҳҳои пешгирии он огоҳ кард.

 
Маҳбуба Ғаффорова, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон оид ба занон ва духтарон