Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Созандаи ояндаи пурсаодат

Созандаи ояндаи пурсаодат

Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда, аз дастовардҳо ва пешравиҳои кишварамон ёдовар мешаванд. Паём яке аз муҳимтарин рӯйдод ба ҳисоб рафта, барои рушди минбаъдаи самтҳои мухталифи хоҷагии халқ мусоидат мекунад. 
Факултети ҳисобдорӣ ва омор 9 феврал дар толори конфронси донишкада бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» таҳти унвони «Паём роҳнамо ва равшангари маънавии насли наврас» семинари илмию назариявӣ баргузор намуд, ки дар он паҳлӯҳои гуногуни Паём мавриди муҳокима қарор гирифт. 
Бунавша Қодирова, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ баромад карда, изҳор дошт, ки маҳз ояндаи дурахшони кишвари мо ва насли наврасу ҷавон аз Паём сарчашма гирифта, замони муосир аз ҷавонони тоҷик ҳушёрию зиракӣ ва масъулиятшиносиро талаб мекунад. Ӯ гуфт, ки ҳоло ҷавонони мо ба ду қисм тақсим шуда, аксари онҳо ҷавонони саодатманд ба ҳисоб мераванд. Мутаассифона, қисми дигар ҷавонони гумроҳе мебошанд, ки ба ҷои интихоби роҳи дурусти зиндагӣ ва андӯхтани илму дониш ба ҳизбу равияҳои хусусияти иртиҷоидошта пайваст мешаванд, ки пеши ин роҳро бояд гирифт. 
Сипас, Қутбия Ҳомидова, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Нақши Паём дар самти нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои характери террористидошта», Абдулло Давлатзода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон дар мавзӯи «Манфиатҳои миллӣ ва масъалаҳои баҳсбарангези замони муосир», Пайрав Бобомуродов, устоди кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои сиёсати молиявӣ ва иқтисодӣ дар Паём» баромад намуданд. 
Дар рафти семинар донишҷӯён низ фаъолона ширкат варзида, андешаҳои худро перомуни Паём ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамои оянда ва созандаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва садоқату вафодорӣ нисбат ба Ватани маҳбубамон баён доштанд. 


Насрулло Тӯйчизода