Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Таҳлили Паём дар “Фарҳангдӯст”

Таҳлили Паём дар “Фарҳангдӯст”

Санаи 3 январи соли ҷорӣ маҳфили илмӣ-назариявии «Фарҳангдӯст»-и кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Методикаи омӯзиш ва таълими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. 
Дар маҳфил масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дохилӣ, иҷро ва татбиқи Паём аз ҷониби шаҳрвандон баррасӣ карда шуданд. 
Мирзоев Ғуломҷон, профессори кафедра маърӯзачии маҳфил қайд намуд, ки сиёсат аз ду бахши байни ҳамдигар робитаи мутақобиладошта иборат аст, ки яке ба танзим ва идораи умури дохилии ҷомеа ва дигаре ба танзим ва идораи умури хориҷии давлат нигаронида мешавад. 
Номбурда афзуд, ки аз байни унсурҳои зикршуда дар ҳаёти ҷомеа сиёсати дохилӣ нақши муҳим мебозад, зеро вай дар замони муосир ба олати муҳимтарини танзим ва идораи тамоми соҳаҳо табдил ёфтааст. 
Мусаллам аст, ки ҳар як кишвар, қабл аз ҳама, авлавияти муносибат ва ҳамкориҳои хешро бо давлатҳои ҳамҷавор ва созмонҳои минтақавӣ алоқаманд мекунад, зеро ҳам муносибат ва ҳам ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои ҳамҷавор рушди минтақа, амнияти он, ташаккули фазои нарми ҳамзистии осоиштаи онҳоро таъмин менамояд. Дар ҳамин замина Тоҷикистон роҳандозии муносибатҳои дарозмуддату босуботро бо шарикони анъанавии худ, яъне бо давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва ҳам Иттиҳодияи давлатҳои Аврупо ва Осиё сиёсати дарҳои кушодаро пеш гирифтааст. Сиёсати хориҷии минбаъдаи Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни муносибатҳои дуҷониба, бисёрҷониба ва умуман, байналмилалӣ рушд ва идомаи мантиқии ҳамин арзишҳои сиёсӣ ба шумор меравад. Дар ҳамин раванд кишварамон бо беш аз 100 кишвар робитаҳои мутақобилан судманд дар соли сипаригашта доштааст,- гуфт Ғ. Мирзоев. 
Дар чорабинӣ қайд гардид, ки Президенти кишвар, Пешвои миллат дар Паёмашон оид ба вазъи ҷаҳони муосир ибрози андеша намуда, зикр карданд, ки бо вуҷуди паёмадҳои мудҳиш дар соли гузашта тавонистем амният ва сулҳи пойдорро ҳифз намоем. 
Дар интиҳо, иштирокчиёни маҳфил доир ба дигар ҷанбаҳои Паём фикру ақидаҳои худро иброз намуда, онро баррасӣ ва таҳлил карданд. 


Ҳасан Бойназаров, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ