Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

«Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат»

«Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат»

Зери ин унвон 29 декабри соли 2017 бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии Рустами Эмомалӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. 
Дар кори конференсия Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, роҳбарони вазорату кумитаҳои давлатӣ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олию касбӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, олимону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯёни фаъоли кишвар ширкат вазиданд. 
Конференсияро Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ифтитоҳ намуда, ҳадафи баргузории онро шарҳу тавзеҳ дод. Аз ҷумла, дарҷ намуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ин баланд бардоштани маърифати илмии онҳо ва бо ин васила дарёфти ғояҳои муассиру самарабахш мебошад. Ҳукумати мамлакат ба раванди илмикунонии ин қишри фаъоли ҷомеа таваҷҷуҳи ногусастанӣ намуда, ташаккули маърифати инноватсиониро дар миёни онҳо густариш медиҳад. 
Сипас олимону муҳаққиқони ҷавон дар мавзӯъҳои вобаста ба ҳаёти ҷавонон, дурнамои рушди маърифати илмӣ, неруи инсонӣ, татбиқи ғояҳои технологӣ, ташаккули маърифати технологии ҷавонон дар замони муосир маърӯзаҳо намуданд. 
Дар кори конференсия аз Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Қудбиддин Муқимов, сардори раёсати илм ва инноватсия ва Абдулло Давлатзода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва донишҷӯёни фаъол ширкат варзиданд. 


Фаридун Саидов, мутахассиси шуъбаи тарбия