Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Фарҳанги ориёӣ ва нақши он дар ташаккули башарият

Фарҳанги ориёӣ ва нақши он дар ташаккули башарият

27-уми декабр дар донишкада маҳфили навбатии илмӣ-фарҳангии «Фарҳангдӯст», ки ба таври мунтазам аз ҷониби кафедраи фанҳои гуманитарӣ ташкил мешавад, доир гардид. 
Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба илм маҳфилро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «Фарҳангдӯст» яке аз маҳфилҳои фаъолтарин буда, дар он масъалаҳои мубрами илмию оммавӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд. 
Роҳбари маҳфил профессор Ғуломҷон Мирзоев ҳозиринро бо мавзӯъ ва муҳтавои маҳфил шинос намуд. Сипас маърӯзачӣ - профессор Абдуназар Ҳақназаров дар мавзӯи «Саҳми фарҳанги ориёӣ дар ташаккули фарҳанги умумибашарӣ» баромади пурмуҳтаво намуд. Иброз гашт, ки фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ барои бисёре аз кишварҳои олам намунаи омӯзиш буда, дар ташаккул ва рушди фарҳанг дар ҷаҳон хизмати босазо намудааст. Таъкид гардид, ки ин фарҳанги пурғановат ва қадима ҳамчун сарчашмаи пайдоиши анъана ва урфиятҳо дар байни миллатҳои дигар низ эътироф гаштааст. 
Пас аз анҷоми маърӯза устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Мирзоев Ғ., Маҳимов М., Шарифов А., Муллоҷонов А. вобаста ба ба мавзӯи зикршуда муҳокимаронӣ намуданд. 


Н. Тӯйчизода