Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Имтиҳонҳои сессияи зимистона оғоз гардид

Имтиҳонҳои сессияи зимистона оғоз гардид

Тибқи фармоиши ректори донишкада аз 08.12.2017 таҳти №119/и оид ба тартиби ташкил ва гузаронидани сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2017-2018 шурӯъ аз 28 декабр имтиҳонсупории донишҷӯён оғоз гардида, он то 18 январ идома меёбад. 
Бо мақсади шаффоф ва дар сатҳи баланд гузаронидани сессияи имтиҳонҳои ҷорӣ аз ҳисоби муовинони ректор, кормандони раёсати таълим бо фармоиши ректори донишкада аз 16.12.2017с №127\И ситоди донишкадавӣ таъсис дода шуд. 
Дар рӯзи аввали қабули имтиҳонҳо аз чор факултет, молия ва қарз, технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт, ҳисобдорӣ ва омор ва менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ 2042 нафар донишҷӯ бомуваффақият имтиҳон супориданд. 
Ректори донишкада Давлатзода Қудрат аз рафти имтиҳонҳо дар марказҳои тестӣ дидан намуда, ба роҳбарони ситодҳо, деканони факултет ва раёсати таълим ҷиҳати шаффоф ва дар сатҳи баланд гузаронидани имтиҳонҳо дастуру супоришҳо дод. 
Ҳамарӯза соати 1800 дар толори Шӯрои олимон кори ситод ташкил карда мешавад, ки дар он натиҷаи имтиҳонҳо, муваффақият ва камбудиҳои ҷойдошта мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода мешавад. 
Дар рӯзи 28 декабр имтиҳонҳо натиҷагирӣ карда шуданд, ки дар он дар умум 414 нафар баҳои аъло, 843 нафар баҳои хуб, 785 нафар баҳои қаноатбахш гирифта, азхудкунӣ 90,9 фоизро ташкил дод. 
Ҳамин тавр, имтиҳонҳо шаффоф гузашта, омодагии маркази тестӣ барои қабули имтиҳони ҷамъбастӣ дар сатҳи хуб қарор дорад. 


Асомиддин Қаландаров, сардори раёсати таълими донишкада