Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Хобгоҳи №1-и ДМИТ- ғолиби озмуни «Хобгоҳи беҳтарин»

Хобгоҳи №1-и ДМИТ- ғолиби озмуни «Хобгоҳи беҳтарин»

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Соли ҷавонон дар байни хобгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди пойтахт озмуни «Хобгоҳи беҳтарини пойтахт» баргузор гардид. 
Озмуни мазкур бо мақсади ташаккули маърифати сиёсиву фарҳангии насли ҷавон, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва ташаккули тарзи ҳаёти солим, муносибати одилонаю оқилона ба моликияти ҷамъиятӣ ва амалӣ намудани «Маромномаи сокини пойтахт» доир гашт. 
Тибқи низомномаи он, ҳайати ҳакамони озмун аз хобгоҳҳо дидан намуда, 5 хобгоҳи беҳтаринро барои иштирок дар сатҳи шаҳрӣ интихоб намуданд. Тибқи шартҳои муқарраргардида, таваҷҷуҳи асосӣ ба тозагӣ, сабзу хуррам нигоҳ доштани атрофи хобгоҳ, ниҳолшинонӣ, ташкили ҳашарҳо, ҳуҷҷатнигорӣ, ороиши он бо лавҳаҳои деворӣ, гӯшаҳои гуногун, қоидаҳои зист ва риояи тартибу низом, таъмин будан бо шароити зист, мусоидат ба корҳои ташкилию тарбиявӣ дода шуд. 
Боиси хурсандист, ки хобгоҳи № 1-и ДМИТ низ яке аз беҳтарин хобгоҳҳо эътироф гардида, барои ишғоли ҷойи 3 бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сазовор гашт. 
Мавриди зикр аст, ки дар ин хобгоҳ 640 нафар донишҷӯ истиқомат мекунад ва аз рӯи шарту шароит ба тамоми талабот ҷавобгӯст. 
Вобаста ба ин ректори донишкада Қудрат Давлатзода дар ҷаласаи раёсат коменданти ин хобгоҳ Зуҳур Мухторовро барои ғолибият муборакбод намуда, дастур дод, ки минбаъд низ барои беҳтар кардани нишондодҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд. 


Насрулло Тӯйчизода