Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Паёми табрикотии ректори ДМИТ Қудрат Давлатзода бахшида ба фарорасии Соли нави 2018

Паёми табрикотии ректори ДМИТ Қудрат Давлатзода бахшида ба фарорасии Соли нави 2018

Ҳамкасбон, устодон ва шогирдони азиз!
Бо самимияти том фарорасии Соли нави 2018-ро бароятон табрику таҳният гуфта, орзуманди сарафрозию саломатӣ, рӯҳи саршор аз меҳру муҳаббат ва ободии хонадони ҳар яки Шумо ҳастам. 
Соле, ки сипарӣ гардид, барои мардуми мо соли таърихию сарнавиштсоз буд. Бо роҳбарӣ ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои хоҷагидорӣ пешравиҳо ба даст омаданд. Дар ин сол як қатор чорабиниҳои арзишманди сиёсию миллӣ, аз ҷумла ҷашни 20-солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ бо шукӯҳу шаҳомат қайд гардид, ки онҳо барои таҳкими ҳисси ватандориву худшиносӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои неки ободкориву созандагии халқамон мусоидат менамоянд. Ҳамчунин соли сипаригардида барои ҷавонон соли махсус буд, зеро барои нишон додани ташаббускорӣ ва қобилияти ин қишри ҷомеа, ки ояндасози миллатанд, имконият даст дод. 
Барои ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёни ДМИТ низ соли 2017 соли бобарор буд. Зеро дар ин сол Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар соли 2017 бо гирифтани 193 хол сазовори ҷойи чорум гашт, ки ин барои донишкада мақоми баланд аст. Боиси ифтихор аст, ки дар ҷамъбасти ин сол як қатор донишҷӯёни фаъоли мо ғолиби озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ гардида, бо дониш ва лоиҳаҳои худ номи донишкадаро баланд бардоштанд. Ҷамъбасти хубу сазовор бовариро ба ояндаи нек афзун намуда, барои фаъолияти пурсамари минбаъда қувваи тоза мебахшад. Маҳз неруи созандаву фаъолияти эҷодкорона ва муносибати дилсӯзона, шавқу завқ ва рӯҳияи баланди устодон ва насли ҷавон дар самти таълиму тарбия ва пешравии донишкада омили асосист. 
Умед дорем, ки соли 2018 низ барои мо соли фатҳу кушоиш ва соли ташаббусу муваффақиятҳои навин мешавад. 
Устодону кормандон ва донишҷӯёни азиз! Ба Шумо дар роҳи иҷрои вазифаҳои азиму масъулиятнок ва аз бар намудани илму дониш музаффариятҳои навин хоҳонам. Бигзор, Соли нав соли накутарин бошад ва ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат ва суботу хотирҷамъӣ оварад. 


Соли нави 2018 муборак бод!