Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Корҳои тарғиботӣ ҷоннок карда мешаванд

Корҳои тарғиботӣ ҷоннок карда мешаванд

Санаи 25 декабри соли ҷорӣ бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон дар доираи нақшаи муштарак бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ дар донишкада мизи мудаввар зери унвони «Пешгирии зуҳуроти номатлуб омили ҳифзи осоиштагии ҷомеа» баргузор гардид. 
Дар чорабинӣ Маҳкамбой Гулов, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Б.Ризоев, подполковники милитсия, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Сангов Х. ва Ятимов Ғ., нозирони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. 
Зимни баргузории чорабинӣ Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба илми донишкада иброз дошт, ки бо густариши раванди ҷаҳонишавӣ, васеъшавии фазои иттилоот ва торафт сард гардидани муносибатҳои сиёсӣ миёни кишварҳо зуҳуроти номатлубу хатарафзо рӯ ба густариш овадааст. Ин мушкилот метавонад омили аз байн рафтани амнияти кишварҳои рӯ ба рушд бошад. Бинобар ин моро низ мебояд ҷиҳати ҳифзи амнияти кишвари худ мавқеи ҷиддӣ дошта бошем. 
Сипас Маҳкамбой Ҷумаев дар мавзӯи «Муаммо ва мушкилоти маърифати истифодабарии шабакаҳои интернетӣ дар миёни ҷавонон» изҳори ақида намуда, қайд карданд, ки омили асосии ба хатоҳо роҳ додани баъзе аз ҷавонони мо надоштани фарҳанги дурусти истифодабарии шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошад. Ин гурӯҳи ҷавонон бо сабаби надоштани донишҳои хуби сиёсӣ замони истифодабарии сомонаҳои интернетӣ ба фиреби афроди хурофотиву ифротӣ афтида, даст ба кирдорҳои нанговару ташвишовар мезананд. 
Подполковники милитсия Б.Ризоев вобаста ба ҳолати ҷинояткорӣ миёни ҷавонон ва ноболиғон сухан ронда, афзуд, ки бо вуҷуди чораҳои зиёди андешидашуда ҳанӯз ҳам мо натавонистаем мушкилоти ҷинояткориро миёни ин қишри ҷомеа коҳиш диҳем. Барои расидан ба ин мақсад бояд ҷомеаи шаҳрвандӣ маърифати хуби ҳуқуқиву сиёсиро доро бошад, то ки тавонем дар якҷоягӣ мушкилоти ҷинояткориро ҳал намоем. 
Дар интиҳо гуфта шуд, ки ҳадаф аз роҳандозӣ гардидани ин чорабинӣ пешгирии кирдорҳои номатлубу хатарафзо миёни ҷомеа, махсусан ҷавонон мебошад. 


Фаридун Саидов