Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Донишҷӯёни ДМИТ дар меҳмонии сардори академияи ВКД

Донишҷӯёни ДМИТ дар меҳмонии сардори академияи ВКД

Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша-чорабиниҳои Соли ҷавонон ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати зеҳниву хештаншиносии онҳо ва ба вуҷуд овардани ҳисси милливу баҳамоии ин қишри ҷомеа лоиҳаи ҷадид зери унвони «Дар меҳмонии ректор» таҳия ва роҳандозӣ гардида истодааст. 
Дар доираи лоиҳаи мазкур донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олии кишвар ба таври пешниҳодӣ ба ҳам оварда шуда, меҳмони ректорон мегарданд. 
Рӯзҳои 24-25 декабри соли 2017 бахшида ба истиқболи Соли нави мелодӣ Сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва донишҷӯёни муассисаҳои касбӣ ва олии кишварро ба меҳмонӣ қабул намуд. 
Ба ин муносибат субҳи рӯзи 24-ум ҳайати устодону курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни академия меҳмононро истиқбол гирифтанд. Ҷараёни баҳамоии иштирокчиёни лоиҳа бо гузашти низомӣ ва садо додани оҳанги Суруди миллӣ сурат гирифт. Сипас оркестри созҳои нафасии Академияи ВКД бо навохтани оҳангҳои ватанпарастона чорабиниро идома бахшид. 
Ҳангоми баргузории ҳамоиш Шарифзода Файзалӣ, генерал - майори милитсия, Сардори академияи ВКД сухан карда, роҳандозӣ гардидани ин лоиҳаро фоли нек барои ташаккули шахсияти ҷавонон арзёбӣ намуд. 
Баъд аз маросими пешвозгирӣ дар саҳни таълимгоҳ машқҳои низомӣ сурат гирифт. Дар ҷараёни машқҳои низомӣ бо иштирокчиёни ҳамоиш усулҳои кор бо яроқ омӯзонида шуд. 
Ҳамчунин мизи мудаввар бо иштироки Шарифзода Ф. ва доираи васеи донишҷӯён дар мавзӯи «Масъалаҳои мубориза бо терроризм дар ҷомеаи муосир» баргузор карда шуд. 
Нимаи дуюми рӯзи 24 декабри соли ҷорӣ боздиди иштирокчиён аз техникаҳои вазнини ҷангӣ сурат гирифт. 
Бегоҳи ҳамон рӯз дар саҳни академия бо иштироки ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Шуҳрат Сайнаков ва Муҳаммадрофеи Кароматулло чорабинии фарҳангии «Шоми ҷавонон» доир гардид. 
25 декабр бошад, дар толори Академияи ВКД ҶТ бо ширкати Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ, генерал - полковники милитсия, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода Аҳтам Рустам, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одиназода Бозоралӣ Неъмат, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеи донишҷӯёни муассисаҳои касбиву олии кишвар нишасти илмӣ сурат гирифт. 
Дар ҷараёни ин ҳамоиш Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро Давлатзода Абдулло Давлат, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон, Саидов Фаридун, мутахасиси шуъбаи тарбия, Давлатова Наргис, дониҷӯи курси 2-юми факултети ҳисобдорӣ ва омор, Тошбоев Манучеҳр, донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ намояндагӣ намуданд. 
Чорабинӣ нимаи дуюми рӯзи 25 декабри соли 2017 бо гирифтани расми хотиравии иштирокчиён ба кори худ анҷом пазируфт. 


Фаридун Саидов, мутахассиси шуъбаи тарбия