Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Ифтихори донишкада: Қадршиносӣ дар ҷамъбасти «Соли ҷавонон»

Ифтихори донишкада: Қадршиносӣ дар ҷамъбасти «Соли ҷавонон»

Санаи 26 декабри соли 2017 дар Кохи Наврӯз бо иштироки намояндагони вазорату кумитаҳо, донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои касбӣ ва олӣ, расонаҳои иттилоотӣ, ташкилотҳои кор бо ҷавонон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ сурат гирифт, ки дар ин маросим чанд нафар аз донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки ифтихори донишкадаанд, бо Диплом ва туҳфаҳои хотирмони Кумитаи тадорукот сарфароз карда шуданд. 
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои «Соли ҷавонон» озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ» миёни ҷавонони кишвар роҳандозӣ гардида буд. Боиси сарфарозист, ки Ҷовидон Халифаев, донишҷӯи курси 4-уми факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандии ДМИТ бо пешниҳоди лоиҳаи инноватсионии худ зери унвони «Имкониятҳои энергетикии Тоҷикистон ва роҳҳои истифодабарии самараноки он» ғолиби озмун гардид ва дар ин маросим бо Диплом ва туҳфаҳои хотирмони Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуд. 
Loiha4001.jpgҲамзамон, бахшида ба ҷамъбасти «Соли ҷавонон» Ҳомия Солиҳова, донишҷӯи курси 4-уми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявии ДМИТ бо пешниҳоди лоиҳаи инноватсионӣ дар мавзӯи «Корхонаи хурди лӯхтакпарварӣ бо номи «Олами кӯдакон - василаи рушди иқтисодии Тоҷикистон» ва иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ҳамчун ҷавони фаъоли кишвар ба Ҷоизаи шаҳрванди ҷавони Ватан, ки аз ҷониби Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе тақдим карда шудааст, сарфароз гардонида шуд. 
Инчунин, Алишер Воҳидов, магистри соли аввали донишкада дар озмуни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, барномасозӣ ва меъморӣ бо пешниҳоди лоиҳаи инноватсионӣ зери унвони «Маҷмӯаи электронии «100 китоб барои ҷавонон»» ширкат варзида, ғолиб омад. Дар доираи лоиҳаи пешниҳоднамудаи Алишер Воҳидов 100 китоби беҳтарин, ки мутолиаи онҳо барои ҷавонони Тоҷикистон манфиатоваранд, дар шакли электронӣ оварда шудааст. Ин лоиҳа метавонад дар расонаҳои интернетӣ ҷойгузир карда шуда, доираи васеи хонандагони китобҳои электрониро ба худ ҷалб созад. 
Ёдовар мешавем, ки Алишер Воҳидов соли 2017 дар «Фестивали донишҷӯёни навовар ва ихтироъкори муассисаҳои таҳсилоти касбиву олии Тоҷикистон», ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, сазовори Дипломи дараҷаи 1 гардида буд. 
Мо ғолибон ва ҷоизадоронро табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон музаффариятҳои навинро таманно дорем. 


Фаридун Саидов