Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Саволнома МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Нозанини Сорбон - барандаи озмуни «Донишҷӯи сол – 2017»

Нозанини Сорбон - барандаи озмуни «Донишҷӯи сол – 2017»

Санаи 25 декабри соли 2017 дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол - 2017» доир гардид. Дар даври аввали озмун беш аз 250 нафар донишҷӯёни фаъолу лаёқатманди муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ширкат варзида, 39 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд. Дар даври ниҳоии озмун Нозанини Сорбон, донишҷӯи курси 3-юми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ғолиби ҷои сеюм гардид. 
Санаи 26 декабри соли ҷорӣ дар Кохи Наврӯз бо иштироки Абдуллозода Аҳтам Рустам - раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ, намояндагони фаъоли ҷавонони кишвар, васоити ахбори омма ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни «Донишҷӯи сол - 2017» сурат гирифт. Ҳамин тариқ, Нозанини Сорбон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд. 
Ёдовар мешавем, ки Нозанини Сорбон аз шумури донишҷӯёни фаъоли кишвар буда, то кунун мақолаҳои илмии ӯ дар маҷмӯаи мақолаҳои конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, нашриётҳои даврии кишвар рӯи нашр омадаанд. 
Инчунин ӯ дар озмуни ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои касбӣ ва олии кишвар аз фанни забони англисӣ дар соли 2017 сазовори ҷои сеюм шуд. Мо Нозанини Сорбонро бо дастовардҳои нав ба нав муборакбод намуда, барояш дар соли нав фатҳи қуллаҳои баландтарро таманно дорем.


Фаридун Саидов