Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Магистратура Кафедраҳо Суратҷода Мо дар ВАО Ҷадвали дарсӣ МТИТИ Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор

Хабарҳо

Заминаҳои пайдоиши терроризм дар ҷаҳон

Заминаҳои пайдоиши терроризм дар ҷаҳон

«Экстремизми исломӣ: назария ва амалия» бо чунин унвон рӯзи 29 ноябри соли равон маҳфили донишкадавии «Фарҳангдӯст» баргузор гардид. 
Дар оғози маҳфил профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ғуломҷон Мирзоев зикр кард, ки ҳамарӯза аз расонаҳо огоҳӣ меёбем, ки дар давлатҳои Шарқи Наздик ва Ховари Миёна, Африқо гурӯҳҳои террористӣ амали мудҳишу разилонаи худро пиёда месозанд ва дар натиҷа садҳо одамони бегуноҳ ҷони худро аз даст медиҳанд. Аз ин сабаб проблемаи терроризм яке аз мушкилоти ҷаҳони муосир буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки бар зидди гурӯҳҳои экстремистию террористӣ дастаҷамъона муборизаи беамон баранд. 
Сипас маърӯзачии маҳфил Машраб Манғитов, номзади илмҳои фалсафа баромад намуда, афзуд, ки солҳои 50 – 60 уми асри гузашта намояндагони экстремизми исломиро аз рӯйи ақидаашон ба ду гурӯҳи калон тақсим кардаанд, яъне, фундаменталистони эътидолӣ ва ифротӣ (экстремистӣ). Пайдоиши экстремизми исломиро ба номи Сайид Қутб алоқаманд медонанд. Ӯ баъзе ақидаҳои Абул Ало Маудидиро бо идеяҳои Ҳасан ал- Банно омезиш дода, назарияи нави худро ба вуҷуд овард, ки асоси онро ба бехудоӣ гунаҳкор кардани онҳое, ки худро мусалмон меҳисобанд ва баҳо додан ба тамоми ҷомеаҳои муосир ҳамчун ҷомеаи ғайриисломӣ асос ёфтааст. 
Экстремизми исломӣ дар асоси ақидаҳои гуногуни мутафаккирони ислом, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ зиндагӣ кардаанд, ба вуҷуд омадааст. Решаҳои экстремизми исломӣ ба асри I аҳди ислом рост меояд, ки бесабаб гузаштагони онро «хориҷиҳо» номгузорӣ накардаанд. Хориҷиҳо соли 657 аз таркиби қӯшунҳои Халифаи IV Алӣ ибни Абӯтолиб ҷудо шуда, натанҳо ба муқобили Халифаҳои Уммавӣ мубориза бурдаанд, балки ба муқобили Алӣ низ муборизаро давом доданд, гуфт номбурда. 
Дар идомаи суханрониаш М. Манғитов афзуд, ки яке аз сарчашмаҳои идеявии идеологияи экстремизми муосири исломӣ ин ақидаҳои Тақи ад- Дин ибн Таймия – илоҳиётшиноси ибтидои асри XIV мебошад. Сарчашмаи дигари идеявие, ки боиси ташаккули идеологияи экстремизми исломии муосир гашт, ин ваҳҳобизм аст. Асосгузори таълимоти ваҳҳобизм дар асри XVIII, дар нимҷазираи Арабистон Муҳаммад ибн Абдулваҳҳоб аст. Ӯ асосан иҷроиши сахти принсипҳои тавҳидиро (яккахудоӣ) нишон дода, ба муқобили ҳама гуна навовариҳо дар ислом баромад мекунад. Албатта, дар пайдоиш ва ташаккули идеологияи экстремизми муосири исломӣ нақши асосӣ, муҳим ва ҳалкунандаро ақидаҳои Ҳасан ал-Банно - асосгузори ҳаракати «Ихвон-ул- муслимин» ва идеологи машҳури он Сайид Қутб бозидааст. 
Дар охир, М. Манғитов қайд намуд, ки назария ва амалияи экстремизми муосири исломӣ ин як шакли утопияи (хаёли) иҷтимоӣ буда, хусусияти агрессивӣ дорад. Он бо амали зӯроварӣ асос ёфта, аксаран характери террористӣ дорад. Амалияи экстремизми муосири исломӣ ба сӯйи вайронкорӣ нигаронида шудааст, на созандагӣ. Ба ин восита онҳо мехоҳанд, ки дар заминаи нав ҷомеаи идеалии худ, яъне ҷомеаи исломиро созанд, ки дар асоси бунёди давлати исломӣ сурат мегиранд. 
Доир ба ин масъала дар интиҳо миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт. 


Ҳасан Бойназаров, устоди кафедра